Охирин рақиби ҳукумат саҳнаи сиёсиро тарк кард. Раҳматилло Зоиров кист?

Раҳматилло Зойиров, аз мақоми раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон истеъфо медиҳад.

Сиёсатмадоре, ки дар авҷи рушди карйерааш, ҷойгоҳи худро дар ҳузури наздикони президент тарк карду рақиби оштинопазири ӯ шуд, аз майдони сиёсӣ канор рафт.

Шахсиятҳои зиёӣ ва донишмандро дар ҳизбаш ҷалб карда буд

Ба гуфтаи коршиносон, ҳам он вақт ва ҳам ҳоло, ки Раҳматилло Зойиров, аз мақоми раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон истеъфо медиҳад, дар фарҳанги сиёсии кишвар амалкарди камназирест.

Бунёдгузор ва раҳбари ягона ҳизби мухолифи Тоҷикистон, ки расмиву машруъ аст, Раҳматилло Зойиров мақоми худро тарк кард. Рафтани ӯ ғайриинтизор набуд, чун ӯ қаблан дар ин бора изҳори назар карда буд. Бо вуҷуди ин, истеъфои яке аз охирин намояндаҳои мухолифи элитаи Тоҷикистон, наметавонад ба равандҳои сиёсии кишвар асаргузор набошад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Раҳматилло Зоиров истеъфо дод, муовини аввалаш эътироз дорад. ВИДЕО

Дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ин сиёсатмадори 64-сола далели истеъфояшро бо вазъи саломатии худ рабт дод. “Солҳои охир маро дарди пой азоб медод. 20-уми сентябри соли гузашта ман сахт захмӣ шудам. Дарди пойям боқӣ мондааст ва ман тасмим гирифтам, ки истеъфономаи худро ба Шӯрои сиёсии ҳизб манзур кунам. Бояд табобат кунам”, -- гуфт роҳбари ҲСДТ.

Алорағми монеагузориҳо

Вазъи саломатии ин сиёсатмадор дар пайи як ҳамла бар ӯ дар моҳи сентябри соли 2020 бад шуд. Баъдан раиси ҲСДТ гуфт, ки ин ҳодиса пас аз сафараш ба минтақаҳои Тоҷикистон рух дод, ки дар ин сафар ӯ тавонистааст далелҳои сохтакорӣ ва қаллобии раисони шаҳру ноҳияҳоро дар мулоқот бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ оварад.

Марат Мамадшоев

Дар маҷмӯъ, ба иқрори худи Зойиров, аз моҳи декабри соли 2013 ба ин сӯ чаҳор ҳамла ба дафтари ҳизби онҳо ва ҳафт сӯиқасд шахсан ба ӯ сурат гирифтааст. Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон фарзияҳои ҳамла ҷиддӣ гирифта нашудаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳама ҳамлаҳо барои он сурат гирифта буданд, ки ӯ ё бояд тарки Тоҷикистон кунад, ё фаъолияти сиёсиву ҳуқуқии худро қатъ кунад. Аммо, дар тӯли ин ҳама солҳо Зойиров ба корҳои худ идома медод, ёриҳои ҳуқуқӣ мерасонид ва манофеи ҳизбашро ҳимоя мекард. Шояд, акнун шароит сахтар аз иродаи сиёсӣ шудааст.

“Зойиров шояд зиёитарин сиёсатмадори солҳои охир дар Тоҷикистон бошад. Аз ин манзар, дар шароити муосири кишвар ӯ метавонсит як сиёсатмадори идеолӣ бошад, ки чизеро тағйир диҳад. Аммо бино бар вазъи номусоид, ӯ натавонист нақшеро иҷро кунад, ки метавонист онро дар шароити дигар бибозад",-- мегӯяд рӯзноманигор ва шореҳи сиёсӣ Марат Мамадшоев.

Ба гуфтаи ӯ, ин сиёсатмадор принсипҳои худро дошт ва сарфи назар аз мушкилот ба онҳо пойбанд буд. Натиҷаи ин ҳама он аст, ки наметавонем ҳизби таъсискардаашро ба беусулӣ ва бебандуборӣ (носозгорӣ) муттаҳам кунем.​

Аз ҳукумат ба мухолифат

Як ҷалассаи ҲСДТ

ҲСДТ, ки дар солҳои гуногун аз ҳузури 12 ҳазор узв дар сафҳояш суҳбат мекард, моҳи феврали соли 1999 сабти ном шуд, аммо пас аз чанде бо қарори додгоҳ фаъолияташ қатъ шуд. Ҳизб танҳо пас аз се сол, вақте ки Раҳматилло Зойиров аллакай дар вазифаи мушовири давлатии президенти Тоҷикистон дар бахши сиёсати ҳуқуқӣ буд, машруъият пайдо кард. Ба гуфтаи худи Зойиров, таъини ӯ ба мақоми мушовирати президент ӯро замоне маҷбур кард, ки аз раҳбарии ҳизб ба нафъи хидмати давлатӣ даст кашад, аммо баъдтар, дар баҳори соли 2003, ӯ кори ҷамъиятиро бар хидмати давлатӣ тарҷеҳ дод. Расонаҳо он замон истеъфои ӯро ба тағйироте, ки ҳукумат тарҳрезӣ карда буду бояд ба конститутсия меомад, рабт доданд.

Танқиди ҳарифон

“Ба далели ин ки шахсиятҳои хеле зиёӣ ва донишмандро дар ҳизбаш ҷалб карда буд, шинохт аз ҳизбаш дар сатҳи рӯшанфикрону қишри огоҳ хуб буд. Аммо чун бо тӯдаҳои мардум кор накард ё кор карда натавонист, дар миёни мардум ин ҳизб ва ҳамин тур шахсияти Зойиров шинохте каме дошт”,--мегӯяд рӯзноманигор Иршод Сулаймонӣ. Ба гуфтаи ӯ, номи Зойиров то соли 2013 бо мавзеъгириҳои ҷасуронае, ки дар шароити кишвар дошт дар фазои сиёии Тоҷикистон матраҳ буд.

Раҳматилло Зойиров бо он фарқ мекард, ки мавзеъгирии бисёр шадиде дар баробари ҳукумат дошт ва талош мекард дар мавриди ҳама гуна мушкилоти доғи кишвар суҳбат кунад. Ба эътирофи худаш, корзорҳои интихоботияшро аз ҳисоби фурӯши моликияташ сармоягузорӣ мекард. Дар соли 2013 ӯ расман ҳузури Эмомалӣ Раҳмонро дар қудрат зери шубҳа гузошт.

Мунтақидони Зойиров бо ишора ба амалкарди ҳукумат ба мухолифонаш, ҳамеша ин суолро матраҳ мекарданд, ки ӯ чӣ гуна тавонист машруъияти ҳизбашро нигоҳ дорад.

Илова бар ин, қабл аз ин ки равобити Душанбеву Тошканд хуб шавад, бо ишора ба зодгоҳи раҳбари он, ин ҳизбро тарҳи Узбекистон ном мебурданд. Пас аз гармии равобити ду кишвар, ин гуна иттиҳом ба Зойиров кам шуд. Вале фаъолмандӣ ва интиқодҳои худи Зойиров ҳам аз ҳукумат ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфт.

Талоши охирин

Дар соли 2013, дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ, вақте нерӯҳои оппозисиюн аз таъсиси як эътилофи муштарак, ки ба он ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнуъи НИТ ва ҲСДТ шомил буданд, хабар доданд, сару садое пайдо шуд, ки Раҳматилло Зойиров шояд ба унвони номзади ягонаи оппозитсия пешбарӣ шавад. Аммо вақте оппозитсия бо номзадии ҳомии ҳуқуқ Ойниҳол Бобоназарова мувофиқат карданд, ин сару садоҳо рад шуд.

Худи Раҳматулло Зойиров он замон аз ин тасмим норизоятӣ кард. “Мушкили асосӣ ин буд, ки оппозитсия метарсид, ки агар маро ба унвони номзади ягонаи мухолифин пешбарӣ кунанд, пас метавонад дар кишвар дубора ҷанги шаҳрвандӣ сар занад. Аммо агар ман ширкат мекардам, то ба охир мерафтам. Ман ҳамеша як чизро такрори ба такрор мегӯям: ҳар касе, ки пешбарӣ шудааст, бояд то охири корзор ҳузур дошта бошад”, -- таъкид карда буд баъдтар Зойиров дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ.​

Барномаи ҳизб

Идеологияи ҳизб, ба гуфти раҳбари он, мубтанӣ бар демократияи иҷтимоӣ, демократия барои ҳамаи қишрҳои аҳолӣ, сиёсати иҷтимоие, ки ба беҳбуди ҳаёти тамоми ҷомеа нигаронида шудаанд, мебошад. Он чи ки дар Конститутсияи Тоҷикистон дарҷ шудаасту, аммо дар амал татбиқ намешавад.

Дар ҷараёни интихоботи ахири парлумонӣ, ҲСДТ 22 тарҳи қонунро дар мавриди гарави интихоботӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, вуруди Тоҷикистон ба ИИАО (ЕАЭС) ва Бонки Миллӣ омода кард. Аммо ҳеч гоҳе ин ҳизб муваффақ нашуд, ки ҳадафҳояшро амалӣ кунад.​

Ҷанҷолҳои пас аз истеъфо

Ҳоло, пас аз истеъфои Зойиров, дар дохили ҳизб баҳсҳо дар бораи он аст, ки чӣ касе ҷойгузини раиси ҳизб бояд шавад. Дар доираҳои коршиносон ин фикрҳо матраҳ мешавад, ки шояд ҳизб ба ду ҷиноҳ тақсим шавад, ё комилан аз ҳам бипошад.

Ба гуфтаи Иршод Сулаймонӣ, ҳанӯз то истеъфои Раҳматилло Зойиров, ин ҳизб таъсиргузорияшро аз даст дода буд.

“Бо рафтани Зоиров, ҲСДТ фикр мекунам аз миён меравад ё барои дуборасозии он корҳои зиёде бояд сурат бигирад, ки мутаасифона дар Тоҷикистон муҳит барои сохтани дубораи он тақрибан вуҷуд надорад”,--тахмин мезанад ҳамсуҳбати мо.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар бисёре аз интихоботи парлумонии кишвар ширкат кардааст, аммо ҳеҷ гоҳ натавонист расман садди 5-фоизаро убур кунад ё дар ҳавзаҳои якмандатӣ пирӯз шавад. Роҳбарии ҲСДТ мақомоти Тоҷикистонро ба фишор ва дасткорӣ дар шумориши оро ҳамеша муттаҳам мекард.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Раҳматилло Зоиров истеъфо дод, муовини аввалаш эътироз дорад. ВИДЕОЗойиров гуфт, баъди интихобот аъзои ҳизбашро таъқиб мекунанд. ВКД беасос донистВКД: "Раҳматилло Зойировро сагаш ба ҷӯй афтонд". Раиси ҲСДТ: "Ду нафари ношинос заданд." ВИДЕОҶузъиёти ҳамла ба Раҳматилло Зойиров аз забони худаш. ВИДЕОҲСДТ гуфт, ҷонибдоронаш мухолифи ширкат дар интихоботи президентӣ ҳастандРаҳматилло Зоиров мегӯяд, мақомот ҳамсафонашро "таъқиб мекунанд"Зоиров посухи Додгоҳи конститусиониро "тарс, нодонӣ, ё бесалоҳиятӣ" номидРаҳматилло Зоиров: "Ҳозир вақти ба истеъфо рафтан нест" ВИДЕО