Сокинони зарардида дар Кӯлоб гуфтанд, ки масолеҳи сохтмонӣ мехоҳанд, на ғизо. ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Зарардидагон дар Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Селу боронгариҳои рӯзи 11-уми май ба шаҳри Кӯлоб харобии бештар овард. Тибқи ҳисобҳои муқаддамотӣ, садҳо хона зарар дидааст, аммо баъзе аз сокинони офатзада шикоят доранд, ки бо гузашти ду ҳафта ҳеч кумаки сохтмонӣ нагирифтанд, то манзилҳояшонро дубора бозсозӣ кунанд. Намояндагони мақомот ҳамвора мегӯянд, ки барои рафъи оқибатҳои сели харобиовар ба мардум ҳам кумаки ғизоӣ ва ҳам маҳсулоти сохтмонӣ мерасонанд.

"Макарон доданд, вале мо ба семент ниёз дорем"

Саидалӣ Абдуллоев, сокини маҳаллаи Даминзодаи Кӯлоб, мегӯяд, баъд аз нагирифтани кумак худ даст ба кор шуд. "Омада диданд ва гуфтанд, ки зиндагӣ кардан мешавад. Бо ҳамин баромада рафтанд. Ҳоло чаҳор хонаи ман зарар дидааст", -- нақл кард ин сокини Кӯлоб.

Сел ба чанд хона дар маҳаллаи Нонвойи Поён низ осеб расондааст. Сокинонаш мегӯянд, ба онҳо хӯрокворӣ доданд, аммо масолеҳи сохтмонӣ – не. Сафармо Бобоева, сокини маҳаллаи Нонвойи Поён, рӯзи 31-уми май гуфт, "ба ман каме ёрӣ доданд, аммо макаронаш пӯсидааст. Аз ин кумак розӣ нестам. Ба ман каме семент диҳанд, то хонаи бачаамро дуруст кунам."

Ҳоло баъзе аз сокиноне, ки аз офати табиӣ дар Кӯлоб зарар дидаанд, мегӯянд, тақсими кумак ва бозсозии манзилҳо мунсифона нест. Амиралӣ Сафаров, сокини маҳаллаи Нонвойи Поён, мегӯяд, худаш рафта, аъзои комиссияи арзёбии зарарҳоро ба хонааш овард, вале гуфтаанд, ба кумак эҳтиёҷ надорад.

"Сел қариб даҳ-понздаҳ сантиметр аз зер задааст, мегӯянд, ҳеч чиз намекунад. Ҳатто сангҳояш баромадааст. Гуфтанд, хона ҷойҳои кафидагӣ надорад ва ҳамчун манзили осебдида сабт накарданд", -- гила кард ӯ.

Осори сел аз хонаи Ҳабиба Тиллоева сокини маҳаллаи Тамошотеппаи Кӯлоб ҳанӯз нарафтааст. Ӯ ҳатто пас аз ду ҳафта ба манзилаш барнагаштааст: "Баъд аз омадани сел намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода омада диданд, то ҳол ягон натиҷа нест. Боз худам ба ситод рафта, мактуб навиштам, то ҳол натиҷаашро надидам."

Наворро дар ин ҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сокинони маҳаллаҳои офатзадаи Кӯлоб масолеҳи сохтмон мехоҳанд, на ғизо

"Ҳар рӯз 247 хона ёрӣ мекунанд"

Ин дар ҳолест, ки муовини раиси Кӯлоб, Орзу Ҳамидиён, дар суҳбат бо хабаргузории "Ховар" рӯзи 24-уми май гуфтааст, "ҳамарӯза ба 247 хона аз ҳисоби беш аз се ҳазор корманди муассисаю ташкилот гурӯҳҳои ёрирасони корӣ сафарбар карда шуда, барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ ба зарардидагон кумак мерасонанд." Вай ҳамзамон ишора кардааст, ки аз ҷониби мақомоту шахсони алоҳида корвони кумакҳо мерасад ва онҳо аз "маҳсулоти хӯрокӣ, сохтмонӣ ва дигар маводи зарурии рӯзгор ва маишӣ" иборатанд.

Аз селу боронгариҳои шадид дар Кӯлоб ду ҳафта сипарӣ шуд ва бино ба арзёбиҳои мақомот, ки ҳанӯз анҷом наёфтааст, тақрибан 600 хонавода бар асари сел осеб дида ва ба кумак муҳтоҷ шудаанд.

Мақомот мегӯянд, офати табиии рӯзи 11-уми май дар умум ба 15 шаҳру ноҳияи кишвар зарар расонда, дар чаҳор шаҳру ноҳия боис ба марги 9 нафар шуд. Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, фалокати табиӣ асосан ба минтақаҳои Хатлон ва ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ осеб расонд.

Тоҷикистон, яке аз кишварҳои осебпазир дар баробари фалокатҳои табиист. Аз аз соли 1992 то соли 2020, обхезиву селу заминларза ва лағжиши хок ба 7 миллион нафар осеб ва ба иқтисоди кишвар тақрибан 2 миллиард доллар зарар расондааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Осебдидагони сел дар Кӯлоб шикоят доранд, мақомот арзёбӣ мекунанд.ВИДЕОСокинони Кӯлоб аз даҳшати сел гуфтанд; нахуствазир аз хонасозӣ дар лаби сой танқид кард. ВИДЕОФалокати табиӣ дар чанд гӯшаи Тоҷикистон даҳҳо оиларо бехона гузошт. ВИДЕО, АКС