Сайёра Муродова, дар маҳаллаи Даминзодаи шаҳри Кӯлоб зиндагӣ мекунад. Се утоқи хонааш дар обхезиҳои 11-уми май зарар диданд. Бо гузашти беш аз як ҳафта аз фалокат шикоят дорад, ки кумаки дурусте аз касе нагирифтааст: “Баъзе одамон хонаашонро об назадааст, то назди дарашон андаке об рафтааст, кумакҳоро кашида бурдаанд. Ту биё аввал ин хонаро бин. Чӣ кор кунам, додамро ба кӣ гӯям.”
Хонаводаи момаи Сайёра бо мурғпарварӣ зиндагияшро пеш мебурданд. Чанд рӯз пеш аз сел аз бонк 35 ҳазор сомонӣ қарз гирифта, 1000 сар ҷӯҷа харидаанд. Сел чӯҷаҳо ва захираи хӯроквориашонро бурдааст. Гулнора Носирова узви хонаводаи Сайёра: “Зиндагии ман аз ҳисоби мурғпарварӣ буд. Ҳамроҳи шавҳар ва писарам мурғ нигоҳ мекардем, аз рӯи ҳамон ёфта мехӯрдем, дигар халос шудем.”
Шикояти Шаъмигул Саидова, сокини дигари маҳаллаи Даминзода ҳам айни шикояти Сайёра Муродова аст: “Якум рӯз шаш нафар омада, диданд гуфтанд, ки сад фоиз зарар дидааст. Аз Данғара соҳибкор омад, хонаро чен карданд, гуфтанд, ки хонаро мегардонем, мекунем, баъди 10 дақиқа аз ситод одам омад, гуфт хона дуруст аст.”
Рӯзи сел об ба хонаи Ҷумъаалӣ Муродов ҳам ворид шуд. Мегӯяд, ки то ду метр боло рафт ва пас аз фалокат се бор хонаашро сабт кардаанд: “То зери манаҳи ман об омад. Ҳарчӣ ки ба дастамон афтод, як тараф мондем. Дигар намедонем, чӣ кор кунем.” Хонаи Ҷамила Эшматова, сокини дигари Кӯлоб низ аз сел эмин намондааст. Ӯ мегӯяд: “Меравем, барои кумак зора мекунем, мегӯянд, ки Шумо зарар надидед. Одамоне, ки зарар надиданд, мегиранду мераванд.”
Маҳбуба Рабиева мегӯяд, ки ду утоқаш дар сел осеб надиаанд ва мақомот ҳамонро дида, намехоҳанд, дар бозсозии хонаҳои вайроншуда ба онҳо кумак кунанд. Маҳбуба Рабиева: “Дар ҳамин хона се оила зиндагӣ мекард, ҳамон ду хонаро диданд, мегӯянд, зиндагӣ карда мешавад. Ман бо чаҳор кӯдакам ба куҷо равам. Кӣ ба доди мо мерасад, ҳич кас. Хонаҳое, ки сел кам зада аст, чаппа мекунанд, хонаҳои мо ҳамин хел истодаанд.”
Сокиноне, ки аз офати табиӣ зарар дидаанд, мегӯянд, ки дар тақсимоти кумак ва имдод барои бозсозии хонаҳояшон беадолатӣ дида мешавад. Мақомот дар Кӯлоб мегӯяд, ки то ҳол арзёбии хисорот ва хонаҳои осебдидаро идома медиҳанд. Сел ба Кӯлоб рӯзи 11-уми май омад. Мақомот гуфтанд, обхезӣ ба кӯчаҳои Завод, Даминзода, Содиқов, маҳаллаҳои 3,4,5, Файзободи боло, Якуми Май, Раҳимзода ва Пашадарра зарар расонд.