Созмони Байналмилалии Авиатсияи Шаҳрвандӣ (ICAO) рӯзи 27-уми май рафтори Беларусро барои тағйир додани масири як ҳавопаймои аврупоӣ баррасӣ хоҳад кард.
Дар ин ҳодиса рӯзи 23-юми май мақомоти Беларус фаъоли мухолифин Раман Пратасевич ва дӯстдухтари ӯро дастгир карданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Боздошти хабарнигоре, ки эътирозҳои зидди Лукашенкоро бозтоб медодҲавопаймои Ryanair аз Юнон ба Литва (ду кишвари узви Иттиҳоди Аврупо) мерафт, аммо маҷбурӣ дар фурудгоҳи Минск поин оварда шуд.
Иёлоти Муттаҳида ва аъзои Аврупои Ғарбии Шӯрои Амнияти СММ рӯзи 26-уми май аз ICAO даъват карданд, ки ҳодисаро фавран таҳқиқ кунад. Онҳо пас аз ҷаласаи пӯшидаи Шӯрои Амният дар як изҳорот ҳодисаро "бесобиқа ва ғайри қобили қабул" номиданд.
Онҳо ҳамзамон даъват карданд, ки Беларус зуд Пратасевич ва дӯстдухтари ӯ София Сапегаро раҳо кунанд.
Тағйир додани масири як ҳавопаймои аврупоӣ аз ҷониби Беларус бо мавҷи маҳкумиятҳои байналмилалӣ дучор шуд. Танзимгари бахши ҳавонавардии Аврупо аз ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоӣ хостааст, ба хотири амният аз фазои Беларус истифода накунанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Иттиҳоди Аврупо парвози ҳавопаймоҳои Белорусро дар фазои худ манъ кард