Иттиҳоди Аврупо шоми душанбеи 24-уми май зидди Белорус таҳримҳо ҷорӣ кард. Бар пояи онҳо истифодаи ҳавопаймоҳои Белорус аз осмон ва фурудгоҳҳои 28 кишвари узви ин иттиҳод манъ шуд. Ин тасмим дар вокуниш ба фуруди изтирории ҳавопаймои ширкати Ryanair гирифта шуд. Ин ҳавопаймо аз Афина ба Вилнюс мепарид ва дар Минск маҷбур ба фуруди изтирорӣ шуд.
Шоми 23-юми май, ҳангоме, ки ҳавопаймо аз болои ҳарими ҳавоии Беларус парвоз мекард, халабонҳо аз шаҳри Минск хабаре дарёфт карданд, ки дар он гуфта шуд, ки гӯё дар дохили ҳавопаймо як маводи тарканда ҷой шудааст ва ҳавопаймо бояд дар шаҳри Минск фуруд ояд. Баъди поин шудани ҳавопаймо аз дохили он журналисти мухолифи ҳукумат, сардабири пешини телеграм-канали NEXTA Роман Протасевич боздошт шуд. Зидди ӯ дар Беларус парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Иттиҳоди Аврупо ин иқдоми ҳукумати Белорусро "ҳавопайморабоӣ" хонда, хостори озодии фаврии Протасевич шудааст.
Телевизиони давлатии Белорус шаби гузашта дар навори кутоҳе Роман Протасевичро нишон дод, ки пушти мизи нишаста ва мегӯяд, вазъи саломатиаш хуб аст ва бо ӯ дар боздошт "бисёр хуб ва тибқи қонун" рафтор кардаанд. Роман Протасевич эътирозҳои мардумиро дар канали NEXTA дар Телеграм пушиш медод. Ӯ дар идомаи ин видео мегӯяд, мустанадеро ба муфаттишон дар робита ба чигунагии ташкили эътирозҳо пешниҳод кардааст.
Иттиҳоди Аврупо дар Бруссел бо вокуниш ба ин ҳодиса аз ҳама ширкатҳои ҳавопаймоии ин иттиҳод хост, ки аз парвоз бар фарози Белорус худдорӣ кунанд. Онҳо ҳамчунин таҳримҳоеро алайҳи мақомоти Белорус, ки дар моҷарои фуруди маҷбурии ҳавопаймо нақш доштанд, вазъ карданд ва ба Созмони байналмилалии ҳавонавардии ғайринизомӣ таъкид карданд, ки таҳқиқоти худро дар робита ба ин ҳодиса оғоз кунад.
Раҳбарони Иттиҳоди Аврупо аз Шӯрои Аврупо хостанд, "чораҳои лозимро барои мамнуъ кардани парвозҳои ҳавопаймоҳои Белорус дар осмони иттиҳод рӯи даст гирад ва монеи истифодаи хатҳои ҳавои Белорус аз фурудгоҳҳои Иттиҳоди Аврупо шавад".
Озодии фаврии Софя Сапегаро, дустдухтари Роман Протасевич низ, ки ҳамроҳи ӯ аз ҳавопаймо берун карда ва боздошт шуд, аз дигар талабҳои раҳбарони Иттиҳоди Аврупост.
Ҳукумати Лукашенко ин рӯзноманигор ва канали телиграмии NEXTA-ро ба "ташвиқи мардум барои беназмии иҷтимоӣ, нофармонии маданӣ ва паҳн кардани нафрати иҷтимоӣ" муттаҳам кардааст.