Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муҳлати боздошти Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русияро ду моҳи дигар дароз кард.
Иззат Амон, ки рӯзи 25-уми март дар Русия ғайб зад ва баъдан дар Тоҷикистон пайдо шуд, бо гумони "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Наздиконаш ин иттиҳомро беасос медонанд.
Додгоҳи Исмоили Сомонӣ рӯзи сешанбе, 25-уми май аризаи муфаттиши ӯро дар бораи тамдиди муҳлати тафтиши парвандаии ӯ барои ду моҳи дигар қонеъ кард. Ёздаҳ нафар ба мақомот шикоят кардаанд, ки Иззат Амон онҳоро дар Русия фиреб додааст.
Муҳаммадюсуф Холов, писари ӯ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ тамдиди муҳлати боздошти падарашро тасдиқ кард.
Ӯ гуфт, онҳое, ки аз падараш ба мақомот шикоят кардаанд, пештар ҳафт нафар буданд, вале ҳоло теъдодашон афзоиш ёфтааст.
Қаблан Муҳаммадюсуф Холов раванди тафтишотро танқида карда, гуфта буд, ки “муфаттиши парванда фаъол нест”.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Иззат Амон аз кори "суст"-и муфаттиш изҳори норозигӣ кардаастҶонибдорони Иззат Амон парвандаи ӯро сохта медонанд ва бар ин назаранд, ки “даъвогарон” зери фишор нисбат ба ӯ баёнот додаанд.
Гуруҳе аз муҳоҷирон тоҷик аз боздошти Иззат Амон ба хашм омада, дар назди сафорати Тоҷикистон дар Русия эътироз карданд. Тарафдорони ӯ бовар доранд, ки боздошти Иззат Амон ва иттиҳоми зидди ӯ дар асл дорои ангезаҳои сиёсӣ буда, ба интиқодҳояш аз ҳукумати Тоҷикистон рабт мегирад.
Иззат Амон, раҳбари “Маркази тоҷикон” дар Русия буд ва ба муҳоҷирон машварати ҳуқуқӣ медод. Ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол буд ва аз сиёсати ҳукумати Тоҷикистон танқид мекард.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Иззат Амон аз кори "суст"-и муфаттиш изҳори норозигӣ кардааст ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Хешовандони ҳамкорони Иззат Амонро дар Тоҷикистон бозпурсӣ кардаанд ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Қазияи Иззат Амонро ба Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар кашидаанд ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Наздиконаш гуфтанд, 7 даъвогар аз Иззат Амон баргардондани 1 миллион рублро хостаанд ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Даъвоҳои нав дар парвандаи Иззат Амон. Наздиконаш гуфтанд, ӯ бо қарори додгоҳ дар ҳабси пешакӣ аст. ВИДЕО ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Мақомот ваъдаи раҳоӣ доданд." Писараш бо Иззат Амон дар Душанбе мулоқот кардааст. ВИДЕО