Офати табиӣ дар Тоҷикистон зиндагии бештар аз 14500 нафарро ба ҳам задааст. ВИДЕО

Вайронгариҳои сел дар Кӯлоб

Арзёбии якҷояи мақомоти Тоҷикистон ва муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид маълум кардааст, ки фалокатҳои табиӣ дар нимаи аввали моҳи май зиндагии бештар аз 14500 нафарро ба ҳам задааст ва бисёре аз онҳо ба маводи беҳдоштӣ ва машваратҳои равонӣ эҳтиёҷ доранд.

Ба гуфтаи мутахассисон, барои бозгашти мардуми осебдида ба зиндагии оддӣ бояд дар барқарории хонаву моликият ва санадҳои гумкардаашон ёрӣ расонанд.

Арзёбиҳои охирин нишон додааст, ки дар вилояти Хатлон камаш 128 хона пурра вайрон шуда, 400 хонаи дигар ё нимавайрон шудаанд ва ё сахт осеб дидаанд.

Лағжиши хок дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба 167 хонавода зарар расондааст ва 32 оила дар се русто бесарпаноҳ мондаанд. Бист хонаводаро дар хаймаҳо ҷобаҷо кардаанд. Лағжиши хок ҳанӯз идома дорад, ҳарчанд суръаташ суст шудааст.

Тафсилоти ҳодисаро дар ин ҷо хонед:

"Фурӯравии замин дар ноҳияи Ҷомӣ идома дорад". Ба зарардидаҳо замин додаанд. ВИДЕО

Дар шаҳри Кӯлоб, ки бештар аз дигар ноҳияҳо осеб дидааст, мақомот ба таҳқиқи хонаҳои осебдида идома медиҳанд, вале то ҳол маълум кардаанд, ки 41 хона вайрон шудааст ва 800 хонавода осеб дида, ба кумакҳои фаврӣ эҳтиёҷ доранд.

Наворро дар ин ҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Тоҷикистон ва СММ зиён аз офатҳои табиии моҳи равонро ҳисоб кардаанд

Дар натиҷаи арзёбии якҷояи мақомоти расмӣ ва муассисаҳои Созмони Милал, ки охири ҳафтаи гузашта нашр шуд, омадааст, мардуми осебдида ноумеду афсурда шудаанд, чун метарсанд, ки кумак ба онҳо намерасад. Бештар аз ҳама онҳое осеб дидаанд, ки камбизоат ва осебпазир ҳастанд.

Сокинон мегӯянд, на ба ҳама кумак мерасад Осебдидагони сел дар Кӯлоб шикоят доранд, мақомот арзёбӣ мекунанд.ВИДЕО

Бо вуҷуди нимавайрон шудани баъзе аз хонаҳо кӯдакон дар онҷо бо волидонашон зиндагӣ мекунанд, ки барояшон хатарнок аст.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои осебпазир дар баробари фалокатҳои табиӣ аст ва солона селу обхезӣ ва тармаву дигар фалокатҳо ба хонаву иншооти зиёде осеб мерасонанд ва чандин нафар низ ба ҳалокат мерасад.