Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СПАД (Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ, ОДКБ) дар нишасти Душанбе вазъият дар сарҳади Арманистону Озарбойҷонро ташвишовар хонданд. Баррасии масъала дар посух ба муроҷиати Арманистон ҷараён гирифт, ки ба фарқ аз Озарбойҷон узви созмон аст.
Дар нишаст даргирии ахир дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон низ баррасӣ шуд. Ба қавли Станислав Зас, дабири кулли СПАД, риояи созишҳои ду кишвар дар пасманзари дурнамои вазъи Афғонистон хеле муҳим аст.
Ӯ рӯзи 19-уми май дар Душанбе гуфт: "Мо аз созишҳои байни Тоҷикистону Қирғизистон ва ором шудани вазъ дар марзи ду кишвар истиқбол мекунем. Дар ин масъала тавофуқи байни ду раиси ҷумҳуриро ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ бояд махсус зикр кард."
Рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон задухӯрдҳои мусаллаҳона сурат гирифта, аз ду ҷониб даҳҳо кас кушта ва садҳо нафар захмӣ шуданд. Ду тараф якдигарро ба шурӯи ҷанг муттаҳам мекунанд ва барои таҳқиқи ҳодиса парвандаҳои ҷудогона боз кардаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
29 АПРЕЛ. "Хатми муноқиша ва баргардондани нерӯҳо". Музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба поён расидДаргириҳои марзии миёни кишварҳои узви СПАД дар пешорӯи берун рафтани нирӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон таҳдиде ба сарҳадҳои ҷанубии ин созмон унвон карда шуд.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 19-уми май гуфт, “дар умум, мо ба андешаи муштараке расидем, ки тақвияти марзҳои ҷанубии СПАД хеле муҳим аст. Дар ин росто чораҳои зарурӣ андешида истодаем."
Бо вуҷуди хушбинӣ ва эъломияҳо, коршиносон саҳми паймонро дар ҳалли низоъҳои байни аъзои он номуассир хонда, мегӯянд, ин созмон борҳо сустии худро дар чунин ҳолатҳо ба намоиш гузоштааст.
Эдвард Лемон, коршиноси масоили минтақаи Осиёи Марказӣ, гуфт, Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ нишон дод, ки вақте дар кишварҳои узв буҳрон пеш меояд, наметавонад расидагӣ кунад.
Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъиро кишварҳои пасошӯравӣ дар соли 1992 таъсис дода, ҳоло Қирғизистону Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон, Арманистон ва Беларус узви он ҳастанд.
СПАД бо ҳадафи "тақвияти сулҳ, амнияту устуворӣ дар минтақа ва ҷаҳон, ҳифзи дастҷамъии истиқлол, ягонагии марзӣ ва тамомияти арзии кишварҳои узв таъсис шудааст". Чанд вақт пеш ин ниҳод изҳор дошт, ки дар ҳалли низои миёни Озарбойҷону Арманистон саҳм гирифтааст.
Дар ин созмон нақши асосӣ ба Русия нисбат дода мешавад ва ба ақидаи баъзе аз таҳлилгарон, ҳадафи он нигаҳ доштани нуфузи Маскав дар қаламрави пасошӯравӣ аст.
Навори суҳбати Эдвард Лемон:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад