Нишасти раҳбарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ё ОДКБ, як созмони низомии зери назорати Русия, ки Тоҷикистон ҳам узви он аст, рӯзи 28-уми ноябр дар Бишкек бо имзои 15 санад ба поён расид. Яке аз санадҳо, ба "чораҳои иловагӣ барои кам кардани ташаннуҷ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон" рабт дорад, вале ҷузъиёти он дастрас нест.
Қаблан Русия аз таҷаммӯи садҳо ҷангҷӯ дар шимоли Афғонистон ва наздик ба марзҳои Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карда буд. Мақомоти Тоҷикистон низ дар ҳамлаи шаби 6-уми ноябри имсол ба дидбонгоҳи "Ишқобод" дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷангҷӯёнеро гунаҳкор карданд, ки "аз ноҳияи Қалъаи Золи Афғонистон омадаанд". Дертар баъзе мақомҳои афғон ин хабарро беасос номиданд.
Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марз дорад. Ин нуқтаро марзҳои ҷанубии Русия низ мегӯянд.
Қаблан баъзе аз расонаҳо хабар дода буданд, ки эҳтимол дар нишасти раҳбарони кишварҳои узви СПАД ҳамла ба дидбонгоҳи марзии "Ишқобод" баррасӣ шавад, вале расман дар ин бора чизе гуфта нашудааст.
Расонаҳои Қирғизистону Русия хабар доданд, ки бахши зиёди нишасти раҳбарони Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ паси дарҳои баста сурат гирифт ва тафсилоти бештаре аз онҷо берун наомадааст.
Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон иттилоъ дод, ки раҳбарони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ "вазъи минтақа ва ҷаҳон, мубориза ба зидди терроризму ифротагароӣ, қочоқи маводи мухаддиру силоҳ ва вазъи нигаронкунандаи Афғонистон"-ро баҳс кардаанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, барои иштирок дар нишасти СПАД рӯзи 27-уми ноябр ба Бишкек рафт ва ҳамон рӯз бо президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков мулоқот кард. Манобеи расмӣ гуфтанд, ду тараф вазъ дар марзро баррасӣ кардаанд.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 400 километр марзи номуайян доранд ва дар онҷо сари чанд вақт занозанӣ ва задухӯрдҳои мусаллаҳона рух медиҳад. То ин дам дар чунин муноқишаҳои марзӣ чанд нафар кушта ва даҳҳо кас захмӣ шудаанд.
Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев низ рӯзи 27-уми ноябр бо сафари давлатӣ ба Қирғизистон рафта буд. Президенти Русия Владимир Путинро дар фурудгоҳи Бишкек ҳамтои қирғизаш Сооронбой Ҷеенбеков пешвоз гирифт. Президенти Беларус Александр Лукашенко ва сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар пойтахти Қирғизистон буданд.
Паймони амнияти дастҷамъӣ соли 1992 дар шаҳри Тошканд имзо шуда, соли 2002 ба Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ тағйири ном кард. Ба узвияти ин созмони минтақавӣ, ки ҳадафаш таъмини амният дар қаламрави кишварҳои узв аст, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомил ҳастанд.
Баъзе аз таҳлилгарон нишасти раҳбарони СПАД ва ИДМ-ро, ки асосан кишварҳои Шӯравии пешинро дар бар мегирад, клуби раҳбарони худкома меноманд. Дар ин нишастҳо ба масъалаи ҳуқуқи башар, демократияву интихоботҳои шаффоф ва озодиҳои сиёсиву эътиқод расидагӣ намешавад.