Хаймаҳои занону кӯдакони тоҷик дар як урдугоҳи Сурия "сӯхтааст"

Хаймаҳои занони тоҷик дар урдугоҳи "Ал-Ҳавл", Сурия

Дар сӯхторе дар паноҳгоҳи "Ал-Ҳавл"-и Сурия беш аз панҷ хаймаи занону кӯдакони тоҷик сӯхтааст. Ҳодиса рӯзи 10-уми майи имсол рух додааст.

Мадина, як зани тоҷик дар паноҳгоҳи "Ал-Ҳавл", гуфт, ҳаво ҳанӯз сард аст ва баъди сӯхтор ҷойи дурусте барои хобидан надоранд. Ба қавли ӯ, дар ин хаймаҳо занҳое зиндагӣ мекунанд, ки аз ду то чаҳор кӯдак доранд.

"Сӯхторро худамон хомӯш кардем. Кӯдакони мо зиён надиданд, вале намояндагони миллатҳои дигар зарар диданд", -- гуфт ӯ.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Кувайт, ки дар пайи татбиқи барномаи баргардондани занону кӯдакони тоҷик аз Сурия ҳастанд, хабари сӯхторро тасдиқ карданд.

Дар паноҳгоҳи "Ал-Ҳавл"-и Сурия беш аз 400 зану кӯдаки тоҷик нигаҳдорӣ мешаванд. Онҳо ҳамсарону кӯдакони ҷангҷӯёни гуруҳи тундрави "Далвати исломӣ" ё ДОИШ ҳастанд ва пас аз шикасти гуруҳ ба дасти нерӯҳои курд асир афтодаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

СММ хост, Тоҷикистону 56 кишвари дигар шаҳрвандонашро аз Сурия бигиранд. ВИДЕО

Паноҳгоҳи "Ал-Ҳавл" бо сармояи Созмони Милали Муттаҳид сохта шудааст ва занону кӯдакон то баргаштан ба ватан дар он ҷо нигаҳдорӣ мешаванд.

Занони тоҷик мегӯянд, бо гузашти чаҳор сол ва бо вуҷуди ваъдаҳои зиёд барномаи баргардондани онҳо амалӣ намешавад ва шароити зисти онҳо сахт аст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар моҳи апрели имсол дар суҳбат бо сокинони шаҳри Исфара гуфт, ки занону кӯдаконро аз Сурия бармегардонанд.

Соли 2014 дар қаламрави Сурия ва Ироқ хилофати худхондаи ДОИШ таъсис ёфт ва ба итттилои мақомоти тоҷик, барои пайвастан ба ин созмон беш аз ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба ин кишварҳо рафтаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Аз вазир то президент ваъда доданд. Чаҳор сол "интизорӣ"-и занону кӯдакони тоҷик дар Сурия"Даҳҳо духтари тоҷикро бурданд, намедонем, бо онҳо чӣ карданд"Тоҷикистон қасд дорад, беш аз 200 зану кӯдакро аз Сурия баргардонад. ВИДЕОСММ: "Кӯдакони "Хилофат"-ро ҳамчун қурбонӣ қабул кунед"Гузориш аз дохили урдугоҳи Ал-Ҳоли Сурия. Чӣ диданд ва чӣ шуниданд? АКС