Сел дар Тоҷикистон 9 нафарро кушт, ба 15 ноҳия зиён расонд. ВИДЕО, АКС

Сел дар Кӯлоб, 11-уми майи 2021

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки сели рӯзи 11-уми май дар гӯшаҳои кишвар боис ба марги 9 кас шуда, камаш ба 15 ноҳия зарар расонд.

Кӯдакҳоро аз он ҷо кашида гирифтем. Аллакай мурда буданд. Не МЧС, на ягон каси дигар аст. Агар шабона сел ояд, аҳвол чӣ мешавад, намедонам.
Ҷӯрахон Иброҳимов, сокини Кӯлоб

Намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода рӯзи 12-уми май дар эъломияе гуфт, фалокати табиӣ асосан ба минтақаҳои Хатлон ва ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ осеб расонд. Баъзе аз сокинон мақомотро барои омода набудан ба чунин вазъ танқид мекунанд.

То зуҳри 12-уми май ҳалокати 9 нафар тасдиқ шуд:

  • Ноҳияи Шамсиддини Шоҳин -- 3 нафар;
  • Шаҳри Кӯлоб -- 3 нафар;
  • Ноҳияи Кушониён -- 1 нафар (Бахтиёр Холови 34-сола);
  • Шаҳри Ҳисор -- 1 нафар;
  • Ноҳияи Вахш -- 1 нафар.

Пайомадҳои сел дар Кӯлоб

Ба иттилои расмӣ, дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин се узви як оила ба ҳалокат расидаанд. Ду нафари онҳо Муҳаммади Сайдаҳмад ва Бахтовари Мурод, сокинони деҳаи Чагами ноҳияи Шамсиддин Шоҳин буданд. Муҳаммади Сайдаҳмад ҳамагӣ 10 сол дошт. Онҳо савори мошин будаанд ва сел бурдааст. Мусофири чаҳорум як сокини 45-солаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин маҷруҳ аст.

Сел дар умум ба манзили 26 оила дар деҳаи Порвори ноҳияи Шамсиддин Шоҳин зарар расондааст.

Мақомот гуфтанд, сел дар шаҳри Кӯлоб то ин дам 3 қурбонӣ доштааст. Ду нафари онҳо дар дохили нақлиёт ва як нафар ҳангоми омадани сел ба ҳалокат расидаанд.

Наворро бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сели маргбор дар Кӯлоб

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, сел ба кӯчаҳои Завод, Содиқов, маҳаллаҳои 3, 4, 5, Файзободи Боло, Якуми Май, Раҳимзода ва Пашадараи шаҳри Кӯлоб низ зарар расонд.

Дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, дар натиҷаи сели рӯзи гузашта як сокини 34-солаи ноҳияи Кушониён ҳам ба ҳалокат расидааст. Наздиконаш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Бахтиёр Холов ронандаи мошини боркаш буд ва дар вақти омадани сел дар роҳи Бохтар - Данғара қурбон шуд.

Тибқи иттилои расмӣ, қурбонии ҳаштуми сел сокини 26-солаи шаҳри Ҳисор мебошад. То ин дам номи ин нафар эълон нашудааст ва мақомот танҳо гуфтанд, ӯ чӯпон буда, сел ӯро бурдааст.

Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода гуфтанд, ҷасади як сокини ноҳияи Вахш ҳам баъди сели дирӯза пайдо шудааст. Дар хабари расмӣ номи ин зан зикр нашудааст, танҳо гуфта мешавад, ки ӯ тахминан 70-75 сола аст. Ба иттилои мақомот, ин сокини деҳаи Иттифоқи ноҳияи Вахш нисфишаби рӯзи 11-уми май дар натиҷаи омадани сел ба ҳалокат расидааст.

Аксҳои бештар аз сели харобиовар дар Кӯлоб:

Сели харобиовар дар Кӯлоб

Аз Сангвор то Рашту Данғара аз сел зарар дидаанд

Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, офати табиии як рӯз пеш дар умум ба 15 ноҳияи кишвар зарар расонд.

Аз ҷумла роҳи деҳаи Лаби Ҷар дар ноҳияи Сангвори минтақаи Рашт дар пайи омадани сел баста шуд ва мақомот гуфтанд, баъди чанд соат роҳро дубора боз карданд. Ҳамчунин ҳавлии 14 оила дар деҳаи Ниёзбегиёни ноҳияи Рашт зарар дидаанд. Дар деҳаи Дараи Фонии ноҳияи Варзоб сел чорво ва мошини чанд сокини деҳаро бурдааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Фалокати табиӣ дар чанд гӯшаи Тоҷикистон даҳҳо оиларо бехона гузошт. ВИДЕО, АКС

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, омадани сел роҳи Дарвоз – Хоруғро дар наздикии деҳаи Вишхарв баст. Мақомот гуфтанд, шаби гузашта сел ба шоҳроҳи Кӯлоб – Дарвоз - Хоруғ осеб расонд.

Офати табиӣ, инчунин, боис ба хароб шудани як пул дар роҳи Данғара-Леваканд гардидааст. Дар деҳаҳои Даштобод, Обимуки ноҳияи Ёвон ҳам сел ба таҳхонаҳои сокинон ва замини наздиҳавлигии онҳо осеб расондааст.

Дар ноҳияҳои Хуросон, Дӯстӣ, Вахш ва Муъминобод ҳам, ба гуфтаи мақомот, селу обхезӣ ба манзилҳои сокинон зарар расонда, боиси хароб шудани пул шуд.

"Агар шабона сел ояд, аҳвол чӣ мешавад"

Бархе сокинон мегӯянд, ки мақомот барои сар задани чунин ҳолат омодагии комил надоштанд. Сокинон аз он интиқод мекунанд, ки мақомот сари вақт соҳилҳоро мустаҳкам ва селроҳаро тоза накардаанд. Мақомот ин интиқодҳоро рад карда, мегӯянд, чанд рӯз қабл сокинонро аз сар задани ҳодиса ҳушдор дода буданд.

Ҷӯрахон Иброҳимов, сокини кӯчаи Содиқови шаҳри Кӯлоб, мегӯяд, дар пайи омадани сел танҳо дар маҳаллаи онҳо ду нафар ба ҳалокат расиданд. Иброҳимов аз кори наҷотдиҳандагон интиқод карда, гуфт, “кӯдакҳоро аз онҷо кашида гирифтем. Онҳо аллакай мурда буданд. Не МЧС, на ягон каси дигар аст. Агар шаб сел ояд, аҳвол чӣ мешавад, намедонам. Нест одаме, ки ақаллан ҳамин обҳоро кашад.”

Миқдори зарари расида аз офати табиӣ дар кишвар ва бахусус шаҳри Кӯлоб то ҳол маълум нест. Дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, хатари боронгарӣ ва омадани сел то рӯзи 14-уми май зиёд аст ва сокинон бояд эҳтиёт бошанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сел дар Тоҷикистон 9 нафарро кушту ба 15 ноҳия зиён расонд

Тоҷикистон яке аз кишварҳои осебпазир дар баробари фалокатҳои табиист. Аз аз соли 1992 то соли 2020, обхезиву селу заминларза ва лағжиши хок ба 7 миллион нафар осеб ва ба иқтисоди кишвар тақрибан 2 миллиард доллар зарар расондааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Фурӯрезии 15 хона ва 100 гектар замин дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ. ВИДЕОХонаҳо барои зарардидагон. Ҳукумат ба қазияи Хуросон расидагии бесобиқа нишон додСел дар Ваҳдат чанд хонаро шуста бурд. Соҳибонашон бе сарпаноҳ мондаанд. ВИДЕО Оқибатҳои сел дар Тоҷикистон. Аз талафот то ба вайрон шудани гӯристонҳо. ВИДЕО"Сару калобаамро гум кардаам, намедонам, куҷо равам" ВИДЕОКҲФ: "Вақте аҳолӣ ба ҳушдорҳо гӯш намедиҳад, айби мо чист?".ВИДЕО