Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КҲФ: "Вақте аҳолӣ ба ҳушдорҳо гӯш намедиҳад, айби мо чист?".ВИДЕО


Офатҳои табииӣ чаҳор моҳи ахир дар Тоҷикистон ҷони 15 нафарро гирифтаанд. Бахусус як ҳафтаи ахир Тоҷикистон гирифтори офатҳои табииӣ маргборе буд.

Баъзе сокинон Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаро ба ноуҳдабароӣ айбдор мекунанд. Аммо масъулини ин ниҳод чунин интиқодҳоро қабул надоранд ва мегӯянд, "вақте аҳолӣ ба ҳушдорҳои онҳо гӯш намедиҳанд, айби Кумита чӣ аст?"

"Мо чӣ гуна пешгирӣ мекардем?"

Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, ба интиқодҳо оиди онки кормандони ин ниҳод аз уҳдаи вазифаашон намебарояд, розӣ нест. Хонум Юсуфӣ мегӯяд, аз қабл тариқи васоити ахбори омма сокинонро аз хатар огоҳ карда буданд, вале на ҳама ба ин ҳушдорҳо ҷиддӣ муносибат кард.

"Биёед қазоват кунем. Мо сокинонро огоҳ сохтем, ки дар ҳамин рӯзҳо аз чаронидани чорво дар назди рудхонаҳо ва чарогоҳҳои куҳӣ худдорӣ кунанд. Се нафар дар ноҳияи Файзобод ва шаҳри Турсунзода ҳангоми чаронидани чорво ба ҳалокат расиданд. Магар бо айбу гуноҳи Кумита аст? Онро мо чигуна пешгирӣ мекардем?"-гуфт Умеда Юсуфӣ.

Ба таъкиди сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ, дар Тоҷикистон беш аз як ҳазор мавзеъҳои хавфнок ҳастанд ва дар қисматҳои аз ҳама хавфнок навбатдорӣ ташкил шудааст. Дар пасманзари селфароии сахт ва дигар офатҳои табиӣ рӯзи 26-уми апрел Арабистони Саудӣ ба наҷотдиҳандагони тоҷик панҷ адад техникаи вазнин тақдим кард. Ҳадаф аз тақдими ин техникаҳо ба гуфтаи масъулин, кӯмак ба наҷотдиҳандагони тоҷик аст.

"Вазифаи Кумита танҳо огоҳ сохтан аст?"

Дар ҳоле, ки масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода худи сокинонро дар беэҳтиётӣ айбдор мекунанд, аҳолӣ назари дигар доранд.

Фарҳод Бухориев, сокини деҳаи Сайдонии ноҳияи Файзобод мегӯяд, ҳатто ҷасади афроди ҳалокшударо низ худашон пайдо карданд, на кормандони ҳолатҳои фавқулодда. Дар натиҷаи борони сахти рӯзи 24-уми апрел ва омадани сел ду сокини ин деҳа ба ҳалокат расиданд.

КҲФ: "Вақте аҳолӣ ба ҳушдорҳо гӯш намедиҳад, айби мо чист?"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:41 0:00

Фарҳод Бухориев, сокини деҳа гуфт, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода воқеан рӯзи якум ба назди онҳо омаданд, вале рӯзи дуввум аҳолии деҳа маҷбур шуд худашон ҷасади навраси 14-соларо ҷустуҷӯ кунанд.

"Дар офати табиӣ баъзе сокинон аз 20 то 30 чорвоашонро аз даст доданд. Аз КҲФ омада, як тамошо карданд, дигар чӣ ёрдам карда метавонанд? Ҷасади ҳамон бачара наёфта будем, кормандони ҳолатҳои фавқулодда хеле инсу онсуро кофтанд. Писаракро рӯзи дигар худамон мардуми қишлоқ дар оби калон пайдо кардем",-гуфт ҳамсуҳбати мо. Ин сокини Файзобод гуфт, дар офати табиӣ танҳо аз раиси ноҳия кӯмаки ғизоӣ дарёфт карданд.

Бо онки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда худи аҳолиро ба беэҳтиётӣ айбдор мекунад, сокинон мепурсанд, вазифаи ин ниҳод танҳо огоҳ кардани мардум аз омадани хатар аст?

Мақомот мегӯянд, маъмурони наҷот дар ҳолати омодабош ҳастанд, баъзе аз сокинон шикоят доранд, ки наҷотдиҳандагон ба маҳалли ҳодиса ё дер мерасанд ва ё дар рафъи офатҳои табиӣ дасти кӯтоҳ доранд.

Тибқи омори мақомот аз аввали сол то ба имрӯз дар Тоҷикистон 502 ҳодисаҳои табиӣ сар задааст, ки бар асари онҳо 15 нафар ҷони худро аз даст доданд. Мақомот мегӯянд, феълан ҳаҷми зарари офатҳои табииро ҳисоб доранд. Хатари омадани сел ва фаромадани куҳпора ба гуфтаи масъулин, то охири моҳи апрел зиёд аст.

XS
SM
MD
LG