"Хонаву гандум ва шолиям сӯхт". Сокинони деҳаҳои наздимарзӣ зиён аз ҷангро ҳисоб мекунанд. ВИДЕО

Яке аз хонаҳои вайроншуда дар деҳаи Сомониён, Исфара, 2-юми майи 2021

Дар ду рӯзи даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд ва, инчунин, даҳҳо манзил аз ҳарду тараф ба коми оташ рафт. Ҳоло хонаводаҳое ҳастанд, ки ба маънои томаш бехонумон монданд ва ҷойи зист надоранд.

"Нафақат хона, балки ҳосили чандинсола ба коми оташ рафт"

Сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло, ки дар ин тирпаррониҳо тарки хонаҳо карда буданд, ба манзилҳои худ баргаштанд. Яке аз онҳо иддао кард, бо чашмони худаш дид, ки хонааш на аз тиру туфанг сӯхт, "балки онро қирғизҳо, ки дар даст силоҳҳои шикорӣ доштанд, оташ заданд".

Низом Шамсиддинов, сокини 65-солаи деҳаи Хоҷаи Аъло, мегӯяд, "як бор рафта хонаамро бин. Ман чӣ бадие ба бародарони меҳрубони қирғиз кардаам, ки 11 дар хонаамро вайрон кардаанд?"

Шамсиддинов мегӯяд, дар ин ҳодиса нафақат манзилашро аз даст дод, балки ҳосили чандинсолаи деҳқониаш низ ба коми оташ рафт: "Ба тақрибан 5 тонна гандум ва ҳудуди 10 тонна шолиам зиён расондаанд. Ба ғайр аз чанд чизҳои хурд, дусола зардолуи хушккардаамро нобуд кардаанд."

Мақомоти Қирғизистон дар навбати худ тоҷиконро барои оташ задани хонаҳои сокинони наздимарзӣ муттаҳам мекунанд. Аз ҷумла, Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон рӯзи 30-юми апрел гуфта буд, ки "сарбозони тоҷик ба сӯи биноҳои истиқоматии шаҳрвандони Қирғизистон дар деҳаи Арка оташ кушоданд".

"Зиёни дидаи Сомониён аз Хоҷаи Аъло кам нест"

Деҳаи Хоҷаи Аъло дар ҷамоати Чоркӯҳ рӯзи 29-уми апрел макони аслии даргирӣ дар марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон буд. Сокинон мегӯянд, дар рӯзи муноқиша дар ин деҳа бештар аз 5 ҳавлӣ вайрон шуд ва хонаи Зиёвиддин Аъзамови муҳоҷир низ яке аз онҳост.

Ҳисомиддин Аъзамов, бародари Зиёвиддин, гуфт: "Додари ман панҷ сол боз дар муҳоҷирати корӣ аст ва ҳамин чаҳор дар хонаро бо таҳхонаҳояш сохт. Тамоми чизҳояш буд. Бачаҳои қирғиз омада, бо бензин алов сар додаанд."

Наворро дар ин ҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сокинони деҳоти марзӣ зиён аз ҷангро ҳисоб мекунанд

Саодат Файёзова, сокини Хоҷаи Аъло, мегӯяд, дар ҳавлии онҳо шаш нафар зиндагӣ мекарданд, ки аксаран занону кӯдакон ҳастанд. Онҳо дар авҷи муноқиша бо кумаки мақомот ба ҷойҳои амн интиқол ёфта буданд. "Модарам дар шаҳри Исфара буданд, дар хона ҳеч кас набуд. Ягон ҷиҳозро нагирифта будем. Фақат як сару либос доштем. Хона бесаробон гуфта, оташ задаанд. Ҳоло модарам дар шаҳри Исфара ҳастанд ва шароиту пул надоранд", -- нақл кард Саодат Файёзова.

Дар ҳамин ҳол, сокинони деҳаи дигари марзӣ дар ҷамоати Чоркӯҳ мегӯянд, хисороти бошандагони Сомониён бештар аз Хоҷаи Аъло аст. Шариф Назаров, сокини деҳаи Сомониён, гуфт, "рӯзи 29-уми апрел, тахминан соати 4, ҷанг сар шуд. Ҳамсояҳои қирғиз хонаву мошини моро алов сар доданд."

Аксҳои бештарро дар ин ҷо бинед: АКС: Оқибатҳои ҷанг дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон

"Аввал оғилҳо оташ гирифт. Мол дар дарунаш, вале оғилҳоро алов заданд. Барои халос кардан бачаҳои мо омаданд. Онҳоро бо тир захмӣ карданд. Мо дар ақиб мондем. Додарам ҳам омад, ки тир хӯрд. Хонаи бародараму додарам ҳам вайрон шудааст", -- нақл кард Оқил Тоҷиев, сокини деҳаи Сомониён.

Ғафурҷон Тоҷиев, сокини дигари деҳаи Сомониён мегӯяд, "ба роҳ баромадем, ки бо хумпора заданд. Аввал ба дарахт зад ва хонаи мо оташ гирифт. Аз ҳамон вақт сӯхтан сар шуд. Мо гурехта рафтем."

Даҳҳо хонаву бинои вайрона. Ҳукумат ваъда дод, ки месозад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 3-юми май эълон кард, ки тибқи ҳисобҳои пешакӣ дар муноқишаи ахири марзӣ дар ҳудуди се ҷамоати Исфара 14 хона комилан ва 2 манзили зист қисман вайрон шуданд. Як иншооти ёрирасон низ зарар дидааст. Ҳамзамон қисман як мактаби миёна ва хонаи истиқоматӣ дар деҳаи Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тахриб гардидааст.

Раиси вилояти Суғд гуфт, хонаҳои вайроншударо то як моҳи дигар месозанд.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, дар натиҷаи муноқиша дар марз бо Тоҷикистон 78 манзил, ду мактаб, як нуқтаи тиббӣ, се дидбонгоҳи марзӣ, як боғча, 10 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, бинои шуъбаи корҳои дохилӣ ва 8 мағоза оташ гирифтааст. Онҳо гуфтанд, хонаҳоро то тирамоҳ барқарор мекунанд.