Моҳи августи соли 2020, гоҳе ки "Блогистон" силсилаи мақолаҳоеро дар бораи 100-солагии вожгунии Аморати Бухоро ба нашр омода мекард, дар гуфтугӯ бо яке аз муаллифон, ховаршиноси маъруф, устоди Донишгоҳи Карлтон дар Нортсфилди Миннесота Адиб Холид, сухан аз ҷадидия ва ҷадидон рафт. Он вақт зарурате таъкид гашт, ки ин мавзуъ гуфтаниҳои зиёд ва равандҳои он давра монандиҳои зиёд ба замони имрӯза доранд. Ваъда шуд, ки сари фурсат чунин муколама роҳандозӣ хоҳад гашт. Имрӯз силсилаи навро бо мақолаи Адиб Холид оғоз мекунем ва умедворем, ёрони дигар онро идома хоҳанд дод.
Адиб Холид. Нигоҳе ба Ҷадидия аз дурии имрӯз
"Фасод ба умқи ахлоқи мо, ба амалу рафтору гуфтори мо реша давондааст, он дар мактабу мадрасаҳои мо, усули таълим ва омӯзиши мо хеле паҳн шудааст... Агар панҷ-даҳ соли дигар ин ҳолатро давом диҳем, хатари зери пойи миллатҳои пешрафта уфтодан ва нобуд шуданамон вуҷуд дорад", – чунин навишта буд Мунаввар-қорӣ дар нахустин шумораи аввалини рӯзномаи таъсисдодааш бо номи "Хуршед" дар соли 1906.
Ба гуфтаи ӯ, вазъ дар Туркистон хеле вазнин буд, аммо роҳи ҳалли масоили он ҳам вуҷуд дошт: "Беҳ шудани вазъи мо вобаста ба он аст, ки ҳар чи зудтар илму дониши замонавиро ҷорӣ кунем. Дарк кардани талаботи илми муосир маънои ислоҳоти мактабу мадрасаҳо ва инчунин усули таълиму омӯзишамонро дорад."
Ин паём аз буҳрони онвақтаи ҷавомеи мусулмонони Туркистон ва умеду бовар ба ислоҳот ва дониш, ки "нӯшдору"-и шифобахши тамоми дардҳои ҷомеа мебошанд, хусусияти аслии ҷунбиши фарҳангие буд, ки мо онро Ҷадидия меномем. Он дар ибтидои асри ХХ дар Осиёи Миёна ба вуҷуд омад ва дар он замон ва ҳам дар оғози давраи сохта шудани Шӯравӣ бахши муҳими таърихи ин минтақа буд. Ҷадидон дидгоҳи нави ҷаҳонро ба ҷомеа шинос карданд ва ба ислоҳи ислом, маориф ва сохтори иҷтимоӣ талош варзиданд.
Аз назари онҳо барои наҷоти миллат ноил шудан ба рушду пешрафт зарурати бунёдие дошт. Мафҳумҳои калидии ҷадидия тараққӣ, миллат ва ислоҳот буданд. Танҳо ба ин васила мардуми Осиёи Миёна метавонистанд дар ҷаҳони муосири асри ХХ ҷойгоҳи беҳтареро барои худ таъмин кунанд. Паёми Ҷадидия рушд ва дигаргунӣ буд.
Аммо дар давраи Шӯравӣ ҷунбиши Ҷадидияро ҳамчун як ҳаракати буржуазӣ, зиддиинқилобӣ, зиддисоветӣ, пантуркистӣ ва миллатгароӣ мавриди тамасхур қарор доданд. Дар тӯли шаш даҳа ҳақиқат дар бораи ин ҷунбиш яке аз "доғҳо"-и ноаёни таърих буд. Ва аммо пас аз оғози айёми Ошкорбаёнӣ олимону муаррихон барои кашфу бозёфт кардани аснод дар бораи ин ҷунбиш ва ба нашри муҳимтарин асарҳои марбут ба Ҷадидия рӯ ниҳоданд.
Калиди пешрафт аз нигоҳи ҷадидҳо дониш буд. Аз назари онҳо ҷомеа ба як усули нави таҳсил ниёз дошт, то мардуми Осиёи Миёнаро бо малакаҳои зарурӣ барои "огоҳ шудан аз ҷаҳон" ва фаъол будан дар асри муосир мусаллаҳ созад.
Ҳоло, пас аз сӣ сол аз оғози давраи Ошкорбаёнӣ, қариб ҳамаи навиштаҳои ҷадидиён дастраси хонандаи муосир шудаанд. Имрӯз дар Узбекистон ҷадидонро ҳамчун қаҳрамонони миллӣ ва фидокороне ёд мекунанд, ки ҳаракати бедории миллиро оғоз карданд ва, бино бар ин, қурбонии саркӯбиҳои даврони Шӯравӣ шуданд. Дар Тоҷикистон зикри хайри Ҷадидия камтар ба назар мерасад, чун баъзе аз олимони ин кишвар аксари ҷадидҳоро ба пантуркистон нисбат медиҳанд.
Ҷадидия чист ва ҷадидон кӣ буданд?
Мо бояд ба замони Ҷадидия баргардем то ҷадидҳо ва паёми онҳоро дар шароити худашон дарк карда тавонем. Иқтибоси боло аз Мунаввар-қорӣ нишони рӯшани он аст, ки Ҷадидия дар заминаи мушаххасе ба вуҷуд омадааст ва ҷадидон маҳсули замони худ буданд. Дар солҳои 1850-1880 Русия тавонист, Осиёи Миёнаро ба тасарруфи худ дарорад ва ба ҳайси Генерал-губернатории Туркистон ба ҳайати империяи Рус дохил кунад. Ҳокимони Бухоро ва Хива ҳам соҳибихтиёрии худро аз даст доданд, бо он ки дар тахтҳои худашон боқӣ монданд ва ҳам озод буданд бо мардуми тобеъашон ба таври дилхоҳи худ рафтор кунанд.
Кишварҳои Осиёи Миёна дар ин ҳол танҳо набуданд. Он давра замони империализми Аврупо буд ва абарқудратони Аврупо қисми зиёди ҷаҳонро ба тасарруфи худ дароварда буданд. Ҳатто кишварҳое, ки ишғол нашуда буданд, маҷбур буданд, бо империяи ғайрирасмӣ сару кор дошта бошанд.
Дар он замон дар ҳама кунҷу канори олами паҳнои мустамликадорӣ гурӯҳҳои наве падид омада, дар ҷомеаҳои худ пурсишҳои наверо ба миён мегузоштанд. Чаро моро забт карданд? Чи хатое аз мо рафтааст? Дар ин ҳол мо чӣ коре карда метавонем? Мо бояд чӣ корҳоеро анҷом диҳем, то рушди ҷомеаамон имконпазир шавад?
Дар кишварҳои исломӣ ин гуруҳҳои нав изҳор доштанд, ки ҳам ҷомеа ва ҳам фарҳанги он бояд ислоҳ шаванд, аммо талаби чунин ислоҳот зидди Ислом набуд, балки дар асл, дархости чунин ислоҳот аз худи Ислом сар мезад. Дар империяи Усмонӣ, дар Мисру Ҳиндустон, дар Эрон ва империяи Русия тафсирҳои наве аз Ислом пайдо шуданд, ки хостори созгор кардани Ислом бо "ниёзҳои замонавӣ" буданд. Ҷунбиши Ҷадидияи Осиёи Миёна бо ин ҳаракатҳо пайванди комиле дошт.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Устод Шакурӣ: “Китобхонаи Садри Зиё дар Тошканд монд”Дар империяи Русия Исмоилбой Ғаспринский як барномаи усули нав (усули ҷадид)–и таълими алифбои арабиро барои кӯдакон пешкаш кард. Мактабҳои усули нав барпо шуданд ва онҳо маркази асосии тамоми ҳаракатҳои ислоҳотгаро гаштанд, ва дар тамоми ҷомеаҳои мусулмонии империяи Русия паҳн шуданд. Ва ин мактабҳо ба тамоми ҳаракати ислоҳотпарастӣ номи худ, яъне ҷадид ё навпарастиро доданд.
Мактабҳои аввалини усули нав дар ибтидои асри 20 дар Туркистон бунёд гардиданд. Дар ин мактабҳо барои кӯдакон на танҳо як усули нави таълими тарзи хонданро пешниҳод мекарданд. Дар паспардаи ин усули нав ақоиду назари нави биниши ҷаҳон ва ҷомеа вуҷуд дошт.
Барои ҷадидон қарне, ки онҳо зиндагӣ мекарданд ба ягон садаи дигаре монандӣ надошт. Он қарне буд саршор аз таҳаввулоти доимӣ. Ва мафҳуми тараққӣ ҳам маънои тағйироти доимӣ, ислоҳот ва такмили доимиро дошт. Ноил шудан ба пешрафту тараққӣ барои зиндамонди ҷомеа ниҳоят зарур буд. Тавре ки ба Мунаввар-қорӣ рӯшан шуда буд, танҳо он миллатҳое тавоно шуда буданд, ки рушд кардаанд ва инҳо миллатҳоеро, ки натавонистаанд ба пешрафт ноил шаванд, фатҳ карданд.
"Бе донишу маърифат, ҳеҷ миллате наметавонад дар майдони ҷанги зиндагӣ истодагарӣ кунад, хоҳ миллати ҳокима бошад, хоҳ маҳкума", – навиштааст як ҳамкори рузномаи "Ойина". "Маҳрум будан аз илму маърифат – яъне мондан дар зери пойи миллатҳое, ки дар санъат ва ҳунарҳо рушд кардаанд ... агар миллате мехоҳад, дину миллияташро аз даст надиҳад, бояд давлату сарваташро ҳосилу зиёд кунад."
Калиди пешрафт аз нигоҳи ҷадидҳо дониш буд. Аз назари онҳо ҷомеа ба як усули нави таҳсил ниёз дошт, то мардуми Осиёи Миёнаро бо малакаҳои зарурӣ барои "огоҳ шудан аз ҷаҳон" ва фаъол будан дар асри муосир мусаллаҳ созад. Ин маънои равнақи саводнокӣ ва баҳра бурдан аз дониши ҷуғрофӣ ва улуми муосирро дошт.
Пас суоле ба миён меомад, ки ин ҳамаро бояд чӣ гуна ба даст овард? Дар шароити империя, касе интизорие аз он надошт, ки худи империя талабгор ва омодаи пиёда кардани чунин ислоҳоти зарурӣ хоҳад шуд. Ҷомеаи мусалмонон худаш вазифадор буд, ки аз роҳи ташкили мактабҳои нав ва дастгирии донишҷӯён рушди донишҳои муосирро вусъат бахшад. Ва ин кор шакли нави созмонҳо ва дарку омӯзондани тариқи нави масъулияти иҷтимоиро талаб мекард. Ашхоси сарватманд бояд дар сарпарастии мактабҳои нав ва дастгирии донишомӯзони он саҳми худро мегузоштанд. Шакли нави ташкилот – созмонҳои хайрхоҳ ҳам ба вуҷуд омаданд. Ва ҳамаи инҳо бояд ин мақсаду мароми худро бидуни барангехтани шубҳаи мақомоти империяи Русия анҷом медоданд.
Ин кор осон набуд. Империяи Русия ба ҳар гуна фаъолияти иҷтимоии берун аз назораташ бо шубҳа менигарист. Ва дар худи ҷомеаҳои Осиёи Миёна афроди зиёде буданд, ки ба даъвати ислоҳгароён зиддият мекарданд. Мардуми зиёде он шикастро охири дунё ҳисоб намекарданд. Аз назари онҳо амири Бухоро кори хуберо анҷом дода буд. Ҳарчанд ахирӣ қудрати идории равобити хориҷии давлаташро аз даст дод, вале мавқеи ӯ дар аморати Бухоро қавитар шуда буд, зеро русҳо ба амир дар саркӯбии исёнҳои зиддаш ёрӣ мекарданд.
Дар Туркистон ҳам уламо ҳокимияти худро идома доданд, зеро русҳо ба иҷрои фароизи Ислом ризоият доданд. Қозиёт ҳам вуҷуду кори худро давом медод ва мадрасаҳо ҳам рушд карданд. Барои уламои зиёде ин танҳо як бӯҳроне буд. Биноан, таърихи Ҷадидияро танҳо бо назардошти ин мухолифат дарк кардан мумкин аст.
Албатта, имруз вазъият тамоман дигар аст. Саводнокии ағлаби мардум мушкилие надорад, шумораи мактабҳо зиёд аст ва империя аз байн рафтааст. Аммо суолҳои зиёде, ки ҷадидон бо онҳо рӯ ба рӯ буданд ва сару кор доштанд, то ҳол ҷавоби худро пайдо накардаанд. Дар навиштаҳои навбатӣ мо назари онҳоро ба маориф, ҷомеа ва Ислом шарҳ хоҳем дод, то бубинем, ки ҷунбиши Ҷадидия ва ҷадидон барои имрӯзи мо чӣ аҳамияте доранд.
Аз Идора: Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.