Гуфтугӯи мақомоти Тоҷикистону Русия ба поён расид. Ба муҳоҷирон то 30 июн фурсат доданд. ВИДЕО

Нишасти хабарии ҳайати Тоҷикистону Русия дар бораи натиҷаҳои вохӯрӣ

Мақомоти Тоҷикистону Русия масъалаи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон, қонунӣ кардани будубоши онҳо ва таҳсили фарзандонашонро дар Русия баррасӣ кардаанд. Лоиҳаи созишнома дар бораи реадмиссия ё бозпасгардонии шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия аз мавзуъҳои дигари гуфтугӯи ду ҷониб аст. Мулоқот дар ҳоле сурат гирифт, ки баъзе аз муҳоҷирони тоҷик аз "фишори зиёди Маскав" ва "бепарвоии Душанбе" шикоят доранд.

Хоҳиш мекунам, аз хидмати миёнаравон истифода накунед. Ин масъаларо ҳам баррасӣ кардем. Мутаассифона, мардум ба миёнаравон муроҷиат мекунанд, ҳуҷҷатҳои қалбакӣ мегиранд.
Валентина Казакова

Ба муҳоҷирон то 30 июн фурсат доданд

Валентина Казакова, сардори Сарраёсати умури муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия, рӯзи 21-уми апрел дар нишасте дар Душанбе гуфт, муҳоҷирони тоҷик то 30-юми июни имсол метавонанд, санадҳои худро дар Русия қонунӣ кунанд.

Пештар мансабдорони Русия гуфта буданд, муҳоҷироне, ки то 15-уми июн ҳузури худро қонунӣ намекунанд, аз ҳудуди ин кишвар берун карда мешаванд. Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, 247 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба таври ғайриқонунӣ дар он кишвар ҳастанд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, "ин рақам аз ҳад зиёд аст".

Сардори идораи муҳоҷирати Русия рӯзи 21-уми апрел дар шаҳри Душанбе ба муҳоҷирон ва хешовандони онҳо муроҷиат карда, гуфт, аз фурсате, ки барои қонунӣ кардани будубоши онҳо пешбинӣ шудааст, истифода кунанд. Вале ҳамзамон аз муҳоҷирон хост, ба миёнаравон бовар накунанд ва аз хидмати онҳо истифода набаранд.

Валентина Казакова, сардори Сарраёсати масоили муҳоҷирати Русия

"Мехостам таваҷҷуҳи Шуморо махсус ба ин масъала ҷалб кунам. Хоҳиши зиёд мекунам, аз хидмати миёнаравон истифода накунед. Мо ин масъаларо ҳам баррасӣ кардем. Мутаассифона, ҳолатҳое ҳаст, ки мардум ба миёнаравон муроҷиат мекунанд, ҳуҷҷатҳои қалбакӣ мегиранд ва ин чиз барои онҳо оқибатҳои ногувор меорад. Барои ҳамин, танҳо ба идораҳои расмии бахши муҳоҷират бояд муроҷиат кард", -- гуфт Валентина Казакова.

Санадҳои нав дар бораи муҳоҷирон

Сардори бахши муҳоҷирати ВКД-и Русия ҳангоми нишасти хабарӣ гуфт, Тоҷикистон ва Русия нақша доранд, то охири сол барои танзими муҳоҷират чанд санади дигарро имзо кунанд. Созишнома дар бораи реадмиссия ё бозпасгардонии шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия, ки қонунҳои он кишварро вайрон кардаанд, яке аз ин санадҳо будааст. Мақомоти ду кишвар то ҳол ҷузъиёти онро шарҳ надоданд.

Ҳайати Русия зери роҳбарии Андрей Руденко, муовини вазири умури хориҷии он кишвар, рӯзи 19-уми апрел барои баррасии масъалаи муҳоҷират ба Душанбе омада буданд. Ҳайат дар ин муддат бо мақомоти Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон гуфтугӯ карданд. Дар нишасти хабарии ҳайатҳои Тоҷикистону Русия дар бораи афзоиши парвозҳои мунтазам ва ё боз шудани марзи Русия ишорае нашуд.

Русия будубоши киро қонунӣ мекунад?

Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, мегӯяд, аз сафари ҳайати Русия ба Душанбе наметавон мунтазири натиҷаи зиёд буд ва мушкили аслии қонунӣ кардани будубоши муҳоҷирон дар ҷойи дигар аст.

Ба қавли ӯ, мақомоти Русия эълон кардаанд, ки муҳоҷирон то 15-уми июн бояд будубоши худро қонунӣ кунанд, "вале аслан он гуруҳи муҳоҷирон метавонанд аз ин чиз баҳраманд шаванд, ки агар то 15-уми марти соли 2020 ва замони эълони пандемия дар Русия санадҳояшон қонунӣ буд."

Каримҷон Ёров

"Онҳое, ки ҳуҷҷатҳояшон пеш аз ин сана тамом шуда буд, қисми зиёдашонро ҷарима бастанд ва ихроҷ ҳам карданд. Ин гапи ҳавоӣ нест, фактҳои зиёд мавҷуд аст. Шахсоне ҳастанд, ки ҳуҷҷатҳояшон соли 2019 тамом шудааст. Агар онҳо ҳозир ҳуҷҷат карданӣ ҳам бошанд, чӣ хел мекунанд? Ё ҷаримаашон мебанданд ва ё аз Русия ихроҷ мекунанд", -- афзуд Каримҷон Ёров.

Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, эҳтимоли зиёд аст, ки баъд аз моҳи июн як маъракаи ихроҷи оммавии муҳоҷирон аз Русия сурат гирад.

Муҳоҷирон ва маблағи фиристодаи онҳо барои иқтисоди Тоҷикистон муҳим хонда мешавад. Соли 2019 муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон 2,5 миллиард доллар фиристода буданд, ки тақрибан ба 30 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ВВП) дар Тоҷикистон баробар буд. Бонки Миллии Тоҷикистон чанд сол боз маблағи фиристодаи муҳоҷиронро пурар ифшо намекунад. Дар нишасти охири хабарии ин ниҳод гуфта шуд, андозаи пулҳои интиқолии муҳоҷирон дар соли 2020, бинобар пандемия, беш аз 6 дарсад коҳиш ёфт.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Дар Тоҷикистон ба омори мақомоти Русия дар бораи муҳоҷирон шак доранд. ВИДЕОДушанбеву Маскав масъалаҳоеро, ки "ҳалли фавриро тақозо мекунанд", баррасӣ кардандДонишҷӯйи тоҷик дар Русия мегӯяд, ба раҳоии муҳоҷирон кумак кард, вале худ ба ёрӣ муҳтоҷ шудМуҳоҷирони "ғайриқонунӣ"-и тоҷик дар Русия чӣ қадаранд? Ҳисоби мушкили Маскаву ДушанбеТаваллуд кам мешавад, муҳоҷират меафзояд. Тоҷикистонро чӣ интизор аст?Ба муҳоҷироне, ки ҳузурашон дар Русия ғайриқонунист, то 15 июн муҳлат доданд