Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишҷӯйи тоҷик дар Русия мегӯяд, ба раҳоии муҳоҷирон кумак кард, вале худ ба ёрӣ муҳтоҷ шуд


Охун Раҳимов
Охун Раҳимов

Охун Раҳимов, магистри Донишгоҳи Санкт-Петербург аз Тоҷикистон, мегӯяд, аз сӯйи пулиси ин шаҳр боздошту шиканҷа шудааст. Мақомоти пулис қазияро шарҳ надоданд, аммо як масъули Ҳизби "Справедливая Россия" тасдиқ кард, ки Раҳимов дар боздоштгоҳ буд ва танҳо бо ёрии онҳо раҳо шуд. Ӯро рӯзи 2-юми апрел дастгир карда будаанд.

Вақте ба бахши пулис рафтем, онҳо нигарон шуда, мепурсиданд, ки ин муҳоҷир бо Шумо чӣ робита дорад. Аз хондани айбнома маълум шуд, ки далелҳояшон асос надорад.
Игор Охтин

Раҳимови 24-сола мегӯяд, мушкили ӯ баъд аз он сар шуд, ки барои аз дасти маъмурони пулис озод кардани як гуруҳ аз муҳоҷирони тоҷику узбек кӯшиш кард.

"Чанде пеш як гуруҳ аз муҳоҷирони узбек, ки қаблан бо онҳо шинос будам, хостанд, барои раҳо шуданашон аз боздоштгоҳ ёрӣ кунам. Ба бахши 51-уми пулиси ноҳияи Московскийи шаҳри Санкт-Петербург рафтам. Асосҳои қонунгузории Русияро дар донишгоҳ омӯхтаам ва тавонистам бо машварати ҳуқуқӣ ба муҳоҷирони узбек, онҳоро аз боздошт раҳо кунам", -- нақл кард ӯ рӯзи 19-уми апрел.

Акмал Муҳаммадиев, муҳоҷири корӣ аз Узбекистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки онҳо дар як сохтмон дар шаҳри Санкт-Петербург кор мекунанд ва, воқеан, тақрибан се ҳафта пеш дастгир шуда буданд.

Баъд аз раҳоии муҳоҷирони узбек, ба ӯ хабар расондаанд, ки чанд муҳоҷири тоҷик низ ба бахши пулис оварда шудааст. Охун Раҳимов мегӯяд, ба кумаки онҳо шитофт, вале дар ниҳоят, маъмурони пулис худашро дастгир кардаанд.

"Либосу ҳамён ва телефонамро гирифта, вориди утоқи сард карданд. То ҳол месулфам. Пеш аз боздошт мегуфтанд, ки барои худ дарди сар эҷод мекунӣ. Ҳангоми боздошт шиканҷа карданд. Ман фақат мехостам ба муҳоҷирон кумак кунам. Сипас, ба Маркази кумаки ҳуқуқии Ҳизби "Справедливая Россия" занг задам ва онҳо барои раҳоии ман ёрӣ карданд", -- нақл кард ӯ.

Раҳимов гуфт, намояндаҳои ин ҳизб аз ӯ хостаанд, санадҳои заруриро дар ихтиёри онҳо гузорад ва ин қазияро то ба додгоҳ мебаранд. Ба гуфтаи вай, ҳизбиён ваъда додаанд, ки ба Охун Раҳимов ду вакили дифоъ ҳам медиҳанд.

Талошҳои Радиои Озодӣ барои пайдо кардани назари масъулини бахши 51-уми пулиси ноҳияи Московскийи шаҳри Санкт-Петербург то ин дам бенатиҷа анҷом ёфт.

Игор Охтин, масъули Маркази кумакҳои ҳуқуқии Ҳизби "Справедливая Россия" мегӯяд, "вақте ба бахши пулис рафтем, онҳо нигарон шуда, мепурсиданд, ки ин муҳоҷир бо Шумо чӣ робита дорад. Аз хондани айбнома маълум шуд, ки далелҳояшон асос надорад. Маъмурони пулис ба раҳо кардани Охун Раҳимов розӣ шуданд."

Ба хотири ҳалли ниҳоии масъала Охун Раҳимов тасмим гирифтааст, агар тавассути додгоҳ муваффақ нашавад, пас, таҳсилро тарк карда, ба нишони эътироз ба ватан бармегардад: "Шояд, чунин амр кумак кунад, ки мақомоти Русия ба мушкилоти кору зиндагии садҳо ҳазор муҳоҷири корӣ аз Осиёи Марказӣ дар ин кишвар таваҷҷӯҳи бештар кунанд."

Русия мизбони асосии муҳоҷирони кории тоҷик аст.

То замони пандемия онҳо аз Русия солона ба Тоҷикистон беш аз ду миллиард доллар мефиристоданд. Соли гузашта бо сабаби бемории коронавирус ва баста будани марзҳо бахши аъзами онҳо дар кишвар монданд. Ба иттилои Вазорати меҳнату муҳоҷират, соли 2020 аз Тоҷикистон тақрибан 130 ҳазор кас ба муҳоҷират рафтаанд. Ҷониби Русия шумораи муҳоҷирони тоҷикро дар он кишвар тақрибан як миллион нафар медонанд.

XS
SM
MD
LG