Ду рӯзи ахир мақомоти муҳоҷиратии тоҷик бо ҳамтоёни руси худ мавзӯи интиқоли муҳоҷиронии кории тоҷик ба Русияро баррасӣ мекунанд.
Назари муҳоҷир ба изҳороти мақомоти рус
Аз ин пеш Вазорати корҳои дохилии Русия ҳушдор дода буд, ки ҳудуди 247 ҳазор муҳоҷири кории тоҷик ғайриқонунӣ дар ин кишвар ҳастанд ва бояд барои пешгирӣ аз ихроҷи маҷбурӣ зудтар ҳузури худ дар ин кишварро қонунӣ кунанд. Мақомот ва соҳибназарони тоҷик ба дурустии ин омори ВКД-и Русия шубҳа доранд ва иддао мекунанд, ки ин рақам тӯли солҳои зиёд ҷамъ шуда, бештаре аз ин афрод ба ватан баргаштаанд.
Видеоро ин ҷо тамошо кунед.
Насим Усмонов, сокини ноҳияи Ваҳдати Тоҷикистон бист соли ахир дар муҳоҷирати корӣ дар вилояти Иркутски Русия қарор дорад, вале соле қабл ба ватан баргашту ҳамакнун талоши бозгашти дубора ба маҳалли корашро дорад. Бо ӯ дар наздикии фурӯшгоҳи чиптаи ҳавопаймо вохӯрдем. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар тӯли бист сол мавриди ихроҷи маъмурони пулиси Русия қарор нагирифтааст, аммо ҳамкоронаш зиёд бо чунин ҳолат рӯбарӯ мешуданд.
“Ҳар моҳ муҳоҷири корӣ бояд барои идомаи кораш патент гирад, ки нархаш то шаш ҳазор рубл афзоиш ёфтааст. Ҳамчунин бояд аз ташхиси тиббӣ гузарӣ, ки ин кор ҳам чунин маблағро мехоҳад. Вақтҳои ахир маоши муҳоҷирон коҳиш ёфтааст ва онҳо намедонанд маблағро ба хонаҳояшон фиристанд, ё барои зиндагии худ сарф кунанд. Дар чунин вазъият бархе аз муҳоҷирон талош мекунанд, ғайриқонунӣ дар Русия фаъолият дошта бошанд”,--гуфт ӯ.
Насим Усмонов афзуд, ки вилояти Иркутск дар наздикии марзи Русия бо Муғулистон воқеъ аст ва муҳоҷирони корӣ барои тамдиди ҳузури қонунии худ аз ин марз убур карда, метавонанд боз се моҳи дигар фаъолияти расмӣ дошта бошанд. Аммо, ҳоло марзҳои Русия баста аст.
Шубҳа ба омори 247 ҳазор
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, дар ин кишвар, бештар аз ҳама муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Узбекистон, Тоҷикистон, Украина ва Озарбойҷон ба сар мебаранд.
Мақомоти Русия мегӯянд, феълан дар ҳудуди ин кишвар 247 ҳазор муҳоҷири тоҷик ғайриқонунӣ будубош доранд.
Зоҳир Мирзоев, роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, ба хабаргузории РИА Новости гуфтааст, омори мақомоти рус дар бораи теъдоди муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба воқеият рост намеояд.
Манбаъ афзудааст, дар ин кор зиёдаравӣ сурат гирифта, Вазорати корҳои дохилии Русия теъдоди муҳоҷиронро барзиёд ҳисоб кардааст.
Дар Маркази ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки соли гузашта тибқи фармони Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ба ҳамаи муҳоҷирони кории хориҷие, ки қонунгузориро вайрон кардаанд, мӯҳлат барои дуруст кардани аснодашон дода шуда буд.
"Имкони афв баррасӣ шавад"
Рӯзи 15-уми июни имсол мӯҳлати ин афв анҷом меёбад ва муҳоҷирон бояд маҷбурӣ ихроҷ карда шаванд. Дар ин сурат ин гурӯҳи муҳоҷирон аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Русия ба муддати панҷ сол маҳрум мешаванд.
Раҳмон Ӯлмасов, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дар Душанбе ва таҳлилгари масоили муҳоҷирати корӣ низ ба дурустии омори ҷониби Русия шубҳа дорад.
“Ин қарор қабул шуд ва ҳоло бояд он иҷро шавад. Агар муҳоҷирон ин дархости ҷониби Русияро иҷро накунанд, бо мушкилоти зиёде рӯбарӯ мешаванд. Ҳоло куллияи сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ бояд таблиғоти густурда барои қонунӣ кардани будубоши ин муҳоҷиронро рӯи даст бигиранд. Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон бояд бо ҳамтоёни рус мавзӯи имкони афви ин муҳоҷирони кории тоҷикро низ баррасӣ кунад”,--гуфт ӯ.
Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯянд, ки таблиғоти зарурати қонунӣ кардани будубоши муҳоҷирони кории тоҷикро тавассути расонаҳо рӯи даст гирифтаанд.
Муҳоҷират кам ва гирифтани шаҳрвандии Русия бештар шудааст
Мақомоти тоҷик иддао доранд, ки соли гузашта теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия то ба 70 дарсад камтар шудааст.
Соли 2020 ҳудуди 64 ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро гирифтааст, ки баробари 117 нафар дар як рӯзи соли гузашта аст. Тибқи иттилои манобеи мухталиф, феълан тоҷикон дар феҳрасти миллатҳои Русия, ки теъдодашон аз як миллион нафар бештар аст, ҷойгоҳи ҳаштумро касб мекунанд. Раҳмон Ӯлмасов мегӯяд, барои ҳарчӣ зудтар қонунӣ кардани будубоши он идда аз муҳоҷирони корӣ, ки барояшон хатари ихроҷ таҳдид мекунад, бояд аз зарфияти 83 созмони тоҷикони минтақаҳои мухталифи Русия низ бояд истифода кард.
Муҳоҷирони кории тоҷик дар соли 2020 танҳо аз Русия ба Тоҷикистон 1 миллиарду 741 миллион доллар фиристодаанд. Тибқи иттилои Бонки Марказии Русия, муҳоҷирон кории тоҷик соли гузашта ба Тоҷикистон 1 миллиарду 741 миллион доллар фиристоданд. Ин рақам дар муқоиса ба соли қаблӣ 759 миллион доллар камтар аст.
Соли 2019 муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон 2,5 миллиард доллар фиристода буданд, ки тақрибан ба 30 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ВВП) дар Тоҷикистон баробар буд. Бонки Миллии Тоҷикистон чанд сол боз маблағи фиристодаи муҳоҷиронро пурар ифшо намекунад. Дар нишасти охири хабарии ин ниҳод гуфта шуд, андозаи пулҳои интиқолии муҳоҷирон дар соли 2020, бинобар пандемия, беш аз 6 дарсад коҳиш ёфт.