Як зан аз Ҳисор мегӯяд, ҷойи зист надорад, вале кӯдаконашро аз мактаб-интернат ронданд. ВИДЕО

Мастура Маҳмадова

Чаҳор сол ба ин тараф мактаб-интернатҳои Тоҷикистон кӯдакони "зиндаятим"-ро қабул намекунанд. Дар ин байн як модари серфарзанд аз Ҳисор мегӯяд, ба танҳоӣ ва бидуни ёрии давлат аз уҳдаи тарбияи фарзандон намебарояд.

Мастура Маҳмадова, сокини 39-солаи шаҳри Ҳисор, соҳиби се фарзанд аст. Ду духтараш то соли 2017 дар мактаб-интернате дар шаҳри Душанбе мехонданд, аммо як қарори ҳукумат сабаб шуд, ки барои ҳамеша ба назди модари худ баргарданд.

Дар ба дари мардум мегардем. Пайдо кардани хобгоҳ ҳам имкон надорад. Сарпаноҳ бошад, метавонам кор карда, онҳоро хӯронаму пӯшонам.
Мастура Маҳмадова

Бино бар ин қарор, дари аксар ятимхонаҳо ба рӯйи кӯдакону наврасон аз оилаҳои камбизоат ва "зиндаятим" баста шудааст. Танҳо ятимони кул ва нимаятимҳоро (ё модар ё падарашон нест) қабул мекунанд.

Духтарони Мастура Маҳмадова баъди бозгашт ба назди модар, ки ба гуфтааш ҳеч шароит надорад ва гоҳе дар хонаи иҷораву гоҳе дигар дар манзили хешовандон зиндагӣ мекунад, пурра аз таҳсил канор мондаанд.

Маҳмадова мегӯяд, худаш ягон маълумот надорад ва дар 16-солагӣ издивоҷ карда буд ва ҳоло аз он метарсад, ки сарнавишти кӯдаконаш ба ӯ монанд нашавад.

“Дар мактаб-интернат гуфтанд, санад надоред, ки марги падарашонро исбот кунад. Аз ин рӯ, онҳоро ҷавоб доданд. Духтарон на таҳсил мекунанд, на ҳунар меомузанд. Дар ба дари мардум мегардем. Пайдо кардани хобгоҳ ҳам имкон надорад. Сарпаноҳ бошад, метавонам кор карда, онҳоро хӯронаму пӯшонам", -- нақл кард ӯ рӯзи 5-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Наворро дар инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Зани саргардон барои фарзандонаш сарпаноҳ меҷӯяд

Ин сокини Ҳисор афзуд, яке аз духтаронаш бояд дар синфи шашум ва дигаре дар синфи ҳафтум хонанд, аммо се сол боз аз таҳсил маҳруманд. Ӯ мегӯяд, се бор издивоҷ кардаву чаҳор фарзанд ба дунё овардааст ва тарбияи се нафари онҳо ба уҳдаи ӯст, вале шикоят дорад, ки ҳеч алимент дарёфт намекунад.

Зоҳиран зиёд шудани харҷ барои ятимхонаҳо дар се сол пеш ҳукуматро маҷбур кард, кӯдаконеро, ки падар ё модар доранд, ба наздашон баргардонад.

Шаҳрвандони оддӣ метавонанд, гоҳ-гоҳ кумак кунанд, вале ин ёриҳо ва ташаббусҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва афроди саховатманд наметавонад, ҳамаи ниёзмандонро дар бар гирад.
Ёқуб Ҳалимов

Хабарнигори тоҷик Ёқуб Ҳалимов, ки масоили иҷтимоиро пайгирӣ мекунад, гуфт, чунин тасмимгириҳо барои ҳифзи буҷаи давлат “хуб”, вале “башардӯстона” нест.

“Бояд паҳлӯҳои дигари мавзуъро ба назар гирифт. Масалан, ин ки кӯдакон бояд дар оила тарбият гиранд ва фарҳангу русуми оиладориро омӯзанд. Он шахсоне, ки худашон сарпаноҳ надоранд, чӣ гуна метавонанд барои фарзандонашон сарпаноҳ шаванд?” – суол гузошт ӯ.

Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон танҳо хатмкардаҳои хона-интернатҳо ҳуқуқи худро барои соҳиби ҷойи истиқомат шудан ҳифз мекунанд. Ба касе, ки хона надоранд, қитъаҳои замин ва қарзҳои боимтиёз ҷудо карда мешавад.

Дар сурате ки шаҳрвандоне ба монанди фарзандони Мастура Маҳмадова ҷойи мушаххаси зист ва сабтином надоранд, бояд чӣ кор кунанд? Хабарнигори тоҷик Ёқуб Ҳалимов гуфт: “Инҳо ҳатман ба дастгирии давлат эҳтиёҷ доранд. Шаҳрвандони оддӣ метавонанд, гоҳ-гоҳ кумак кунанд, вале ин ёриҳо ва ташаббусҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва афроди саховатманд наметавонад, ҳамаи ниёзмандонро дар бар гирад”.

Бино ба омори расмӣ дар Тоҷикистон, ҳоло андаке беш аз 26 дарсади аҳолӣ камбизоат будаанд. Гуфта мешавад, баъд аз ҷанги дохилӣ ва афзоиши муҳоҷират, супурдани кӯдакон аз оилаҳои камбизоату носолим ба мактаб-интернатҳо авҷ гирифтааст.

Мастура Маҳмадова, қаҳрамони гузориши мо, мегӯяд, тангдастӣ ва набудани сарпаноҳ сабаби асосии ба ятимхона супурдани кӯдаконаш шуда буд, ки мехост, дар онҷо саводу ҳунар омӯзанд. Чизе, ки ҳоло маҳруманд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Насли нави кӯдакон - бесаробон ва хиёбонӣИнтернатҳои Тоҷикистон дигар кӯдакони зиндаятимро қабул намекунанд. ВИДЕО Меҳмоншоев: Беш аз сад кӯдакро дар муҳоҷират аз зиндаятимӣ наҷот додем. ВИДЕО