Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меҳмоншоев: Беш аз сад кӯдакро дар муҳоҷират аз зиндаятимӣ наҷот додем. ВИДЕО


Меҳмоншо Меҳмоншоев.
Меҳмоншо Меҳмоншоев.

Як зану шавҳар аз Тоҷикистон барои ҷамъ кардани пули хона бо кӯдаки худ ба Маскав рафтанд, вале корашон омад накард. Фиреб хӯрданд. Баъдан барои раҳо шудан аз банди азобу мушкилот тасмим гирифтанд, ки фарзанди худро ба ятимхона супоранд.

Зориву тавалло мекунем, ки кӯдакони худро напартоянд. Агар мусалмон аст, мулло ва агар насронист, усқуфро ҷалб мекунем

Вале сарнавишти кӯдак ба самти дигар тағйир кард. Бунёди "Модар, маро биёб" ё "Даргил наник" аз зиндаятим мондани ӯ ҷилавгирӣ кард. Кӯдак ба мактаб рафт ва алорағми азобу мушкилоти зиёд волидон тасмим гирифтанд, ки ӯро аз худ дур накунанд. (Номи кӯдак ва хонавода пинҳон додшта мешавад)

Бунёди мусоидат ба ҳифзи модару кӯдак бо номи "Даргил наник" дар Маскав беш аз 100 кӯдаки навзодро, ки аксарият аз модарони муҳоҷир ба дунё омадаанд, аз зиндаятимӣ ва бекасиву сарнавишти номаълум наҷот дод. Муассиси созмон коргардон, каскадёр ва ҳунарпешаи тоҷики муқими Маскав Меҳмоншо Меҳмоншоев аст. Ӯ дар филмҳо бештар нақши манфиро иҷро кардааст ва шахси бераҳму қотил аст, аммо дар зиндагии воқеӣ аз бекас мондан ва ҳаволаи тақдир шудани кӯдакон пешгирӣ мекунад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

"Даргил наник" 100 навзодро аз зиндаятимӣ наҷот дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:16 0:00

"Баъзан дурӯғ мегӯям, ки кӯдаки шумо одами бузург мешавад"

Ба қавли Меҳмоншо Меҳмоншоев, мутақоид кардан ё тағйир додани фикри модаре, ки аз ночорӣ ва мушкили зиёд тасмим гирифтааст, кӯдакашро партояд, кори осон нест.

"Хеле мушкил аст. Масалан, зан таваллуд мекунад ва мехоҳад ӯро тарк кунад. Зориву тавалло мекунем, ки ин корро накунад. Агар мусалмон аст, мулло ва агар насронист, усқуфро ҷалб мекунем",-гуфт ӯ рӯзи 15-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Меҳмоншо Меҳмоншоев гуфт, баъзан занон тамоми нафратеро, ки нисбати як мард доранд, ба сари атфол холӣ кардан мехоҳанд: "Барои берун овардани ӯ аз ин ҳолат бояд равоншиносон кор кунанд. Баъзан худи ман ҳам маҷбур мешавам, ки дурӯғ гӯям. Мисол, мегӯям, ки хоб дидам, кӯдаки шумо одами бузург мешавад..."

Аз 11 зане, ки ҳоло бо кӯдакони худ дар бунёди "Найди меня мама" ё “Даргил наник” бо ҷойи зисти муваққатӣ таъмин шудаанд, 4 нафар зани тоҷик ҳастанд. Яке ҳам бо 3 кӯдак дар ин паноҳгоҳ нигаҳдорӣ мешавад.

"Ҳолатҳои даҳшатовар ҳам ҳаст ҳастанд"

Раиси Бунёди "Найди меня мама”, ки ҳоло дар Душанбе қарор дорад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сабаб ва ҳолате, ки модарон тасмим мегиранд аз фарзандони худ даст кашанд, гуногун аст. Бархе аз бефикрӣ, бархе ҳам аз ноилоҷӣ ба чунин хулоса меоянд.

  • "Модарони ҷавон фиреб мехӯранд, баъд бо кӯдак танҳо мемонанд. Онҳое низ ҳастанд, ки таваллуд мекунанд, вале кӯдакро намехоҳанд. Дар як ҳолат зан 45-сола буд ва мехост аз кӯдак даст кашад. Бо мушкиле ӯро мутақоид кардем, ки кӯдакро напартояд. Ҳолатҳои даҳшатовар ҳам ҳаст ҳастанд, ки гуфтанаш мушкил аст."

Маъмулан ба ин бунёд аз зоишгоҳҳо тамос гирифта, аз тасмими модарони муҳоҷире, ки мехоҳанд аз кӯдакони худ даст кашанд, хабар медиҳанд "Мо рафта бо ин зан сӯҳбат мекунем. Мегӯянд, ҷойи зист надорем, имкон надорем. Мо мегӯем, ҳама чӣ дорем ва бароят шароит фароҳам меорем. Аввал барояш мушкил аст, вале вақте ба кӯдак шир медиҳад, эҳсоси модарӣ бедор мешавад ва аз фикри худ мегардад. Мо ба як зани узбек кумак карда будем. Кудакро напартофт ва ба назди модараш бурд. Имрӯз ин духтар соҳибкори муваффақ аст ва аллакай ба бунёди мо ва ба заноне, ки мисли худаш дар чорсӯи зиндагӣ қарор доранд, кумак мекунад."

"Модар, маро биёб"

Худи Меҳмоншо Меҳмоншоев тарбиятдидаи ятимхона аст. Дар хона-интернати шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшон бузург шудааст. Дар чаҳорсолагӣ аз падар ва дар 20-солагӣ аз модар маҳрум мондааст. Бунёди "Найди меня мама"-ро ҳам ба хотири модараш, ки дар 45-солагӣ аз дунё рафт, таъсис додааст. Шадидан мухолифи ба хона-интернат гузоштан ва аз модар ҷудо шудани ҳар кӯдак аст. Мегӯяд, кӯдакон дар ятимхона мисли мурғи дар қафас ҳастанд.

Баробари талошҳо барои бо модар мондани кӯдакон ӯ ҳамчунин филм меофарад. Ҳудудан панҷ филми ӯ ҳам ба ҳамин мавзӯъ бахшида шудааст ва паём ин аст, ки кӯдаконро аз оғӯши худ дур насозед. Яке аз ин филмҳои ӯ ҳам, ки "Модар, маро биёб" ном дорад, ба чанд забон тарҷума шуда, тавассути сафоратҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ирсол шудааст.

Ҳунарпеша ва каскадёри тоҷик бовар дорад, бо ин роҳ мешавад пеши роҳи даст кашидани модарон аз кӯдакон гирифта шавад. "Ҳар кӯдак ҳақ дорад, ки дар оғӯши модар ба воя расад",-таъкид мекунад Меҳмоншо Меҳмоншоев.

XS
SM
MD
LG