Аз Наврӯзи гузашта то ин Наврӯз чандин нафар аз чеҳраҳои фарҳангӣ, сиёсӣ, ҳунарии Тоҷикистон бар асари гирифторӣ бар бемории ҳамагири СOVID-19 вафот карданд ва ё чанд вақт дар бистари беморӣ буданд. Дар замони авҷ гирифтани сирояти беморӣ бо нишонаҳои он бистарӣ шудани ду шоири саршиноси тоҷик Озарахш ва Фарзона ному чеҳраҳояшон дар сархати хабархо ва сари забони мардум буд.
Дар Наврӯзи имсол хабарнигори Радиои Озодӣ бо ҳарду суҳбат кард ва нахуст пурсид, ки фарқ байни наврӯзи гузашта ва имрӯз дар чӣ буд?
Фарзона: “Баҳор бар ту муборак, аё баҳортарин,
Худо ҳамеша туро ёр боду ёртарин.
Бимон зи боди ҳаводис ҳамеша эмин бош,
Ки гултарин нафарон ҳам шаванд хортарин.
Аз Наврӯзи гузашта то Наврӯзи имсола хеле обҳо ҷорӣ шуданд. Мутаассифона, азбаски замони ҳукмронии салтанати “куруно” буд ва “куруно” дар шаш қитъаи сайёра тохтутоз мекард ва домони таҷовуз дароз карда буд, зиёд одамҳо натавонистанд, ки Наврӯзи навинро имсол дуруд гӯянд. Дареғу дард, ки чӣ қадар одамҳои наҷиберо мо аз даст додем. Дар Тоҷикистон ҳам ва дар зиндагонии мову шумо ҳам чӣ таҳаввулҳое буд. Аммо имрӯз шукри Худо, ки дигарбора мову шумо бо ҳам омадем ва Наврӯзи навдамида ва Наврӯзи наврасидаро дигарбора шодбод мегӯем.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Озарахш: Наврӯз ҳамон Наврӯз аст. Мо хоҳем, нахоҳем, Наврӯз хиёнат надорад. Аз он ки Наврӯзи соли гузашта беморие ба аҳли олам овард, ё ки ба сари мардуми олам беморӣ омад, пас аз Наврӯз гуноҳи Наврӯз нест, боз ҳам гуноҳи ҳамин мардум аст. Чунки ин Наврӯз ягон сарҳадро намеписандад. Наврӯз‑Наврӯзи мост, ду калимаи точикӣ аст. “НАВ‑ РӮЗ” монанди ошиқу маъшуқ, монанди Лайливу Маҷнун, монанди Ромео ва Ҷулйетта, Тоҳиру Зуҳро, монанди шабу рӯз. Ин як пайванди ҷовидона монанди ширу шакар, монанди обу ҳаво, об дар ҳаво ва ё ҳаво дар об.”
Радиои Озодӣ: Шумо гуфтед, айби Наврӯз набуд, аммо чорабиниҳои Наврӯзии соли гузашта буд, ки баъди он, пайванд бо ин беморӣ номи шумо сари забонҳо шуд. Яъне ки маншааш ҳамин маҳфилҳои наврӯзӣ буд?
Озарахш: “На, на. Маншааш мо будем. Ё ки дунё тағйир меёбад, ё ки худи мардум тағйир меёбад. Ҳатто маҳфилҳои Наврӯзӣ ҳам ягон гунаҳ надорад. Бинед, имрӯз дар Точикистон мардум чӣ хел ташна мондааст. Дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон аз ноҳия ба ноҳия, аз деҳа ба деҳа аз шаҳр ба шаҳр маҳфилҳои ширу шакари шоирону ҳунармандон рафта истодааст. Мардум ба ташнагӣ қабул карда истодаанд. Ҷойи шукр аст! Баҳор ҳамеша боз меояд, хиёнат надорад, бигзор барф борад. Дар рӯи гул барф меборад, аммо реша сабз аст, боз соли оянда гул хоҳад кард.”
Аз рӯзҳои беморӣ
Радиои Озодӣ: Дар ҳамон шабу рӯзҳо мусоҳибаи шуморо баъди мурахассиятон аз беморхона хонда будем ва шумо гуфта будед, ки тақрибан як моҳе, ки дар беморхона будед, табиби ягонаю беҳтарини шумо Фарзона буданд. Дар ҳамун рӯзгор барои ҳамдигар чӣ шеърҳое гуфтед?
Озарахш: “Ман аввал ба ҳамаи он табибон, ки шабонарӯз дар сари мо буданд, ташаккур мегуям. Аслан, агар имкон бошад, ҳамаи табибоне, ки дар давраи коронавирус хоҳ дар Тоҷикистон хоҳ берун аз Тоҷикистон дар Аврупо ё дар Африқо дар хизмати мардум буд, бояд пайкараашро гузорем, агар тавонем. Чунки давраи қаҳрамонии инсоният буд ва табибон дар пешгоҳ меистоданд. Нафароне буданд, ки дар хонаҳояшон нишастанду ба кӯча набаромаданд, аммо табибон нанишастанду ба кӯча баромаданд ва касби бошарафи худро дар ҷомеа иҷро мекарданд.
Дуруст, он гапи гуфтаам ҳам дуруст, табиби якуми ман Фарзонабону буд, зеро аввалаш илми тибро омухтааст ва хеле хуб медонад. Аммо барои ҳар як бемор аввалин табибаш он нафаре мебошад, ки ҳамнафасаш ва ҳамроҳаш аст. Яъне, ки ҳамроҳи ман дар беморхона истодани Фарзона ин аввалин ва дуюмаш як муддате шуд, ки аз ҳуш рафтам ва баъд аз ду ҳафта, вақте ки чашм кушодам, аввалин хоҳишам ин буд, ки ба хона баргардам, дигар намехостам дар беморхона истам. Чунки дару девору дарахту гулу гиёҳи хона табобат мекунад ва ҳамроҳи ҳамсар будан, ҳамроҳи одами ҳамдил будан беҳтарин табобат аст.
Радиои Озодӣ: Шояд Фарзона ҳам ҳамон рӯзҳо давояшон боз ягон шеърҳои наву гуфторҳои зебояшон буд? Яъне, тақрибан ҳамон як моҳе ки он ҷо будед, шумо дар фикри эҷодиёт будед?
Фарзона: “Дар рӯзгори салтанати “куруно” як фасли тираи башарият, мутаассифона мо дар фикри эъҷоз ва эҷод камтар будем, зеро пиромуни ҳар яки мо малакулмавт гардиш мекард, чунонки аз табибони ҷонсозу ҷаҳонсозу ҷаҳонпаноҳу ҷонпаноҳ ёд кардан. Ин табибон хонаву дару аҳли пайвандро гузошта моҳҳову рузҳо дар муҳосират, дар инҳисор гирифтор буданд. Ҳанӯз тариқи дурусту яксамти табобати “куруно” барои табибони тоҷик матраҳ набуд. На танҳо барои табибони кишвари мо, балки барои табибони кулли ҷаҳон. Пизишкон ҳама ҳайратзада ва гирифтори гипотеза буданд. Яъне, ки тахминан чӣ гуна роҳҳои мудовои ин бемориро матраҳ кунанд, ки барои бемор ҳалокатовар набошад, сиҳатӣ бахшад. Ростӣ, ман натавонистам, ки барои ҳамсарам кумаку ёриву ёварӣ кунам. Дар замони кудакӣ хаёл мекардам, ки пешорӯи ман ду ҷода ҳаст, яке ҷодаи шеъру адабу ишқу ирфон ва ҷодаи дигар ҷодаи тиб, ки бо роҳи пизишкӣ ба мардум бештар ёрӣ кунам, мададгорӣ кунам ва ба дарди ҷонашон оби баҷо бахшам. “
Аз дуо дар ҳаққи бани башар
Радиои Озодӣ: Шумо ҳарчанд дар шеъру эҷод ҳангому ҳампеша ҳастед, дидем, ки дар замони он беморӣ, ки бародар аз бародар мегурехт, шумо дар ҳамон лаҳзаҳо низ бо ҳам будед ва ин боз ҳам бозгӯи муҳаббати беназири шумо буд.
Аммо хуб медонем, ки дар ҳамон рузҳои пуртакопуву пурдаҳшат бештар аз ду шеъри шумо дар сари забонҳо ва ба қавле гимни зидди “куруно” буд. “Худоҷон, аз бало моро нигаҳ дор” ва шеъре бо номи “Ниёиш”, ки худи падаратон ҳам барои шифоёбии шумо хонда буданд. Дар бораи ангезаи ҳамин шеър каме шарҳ медодед.
Озарахш: “Дуруст, мо ин шеърҳоро вақте навишта будем, ки ин беморӣ аллакай дар Чин ва дар Мочин сар зада буд. Ҳоло ба Тоҷикистон наомада буд. Аллакай мардум дар ҳолати хеле ногувор афтода буданд. Ва ман якчанд шеър навишта будам. Ҳар як ҳунарманд мехост, ҳамдардии худро ба мардуми Аврупо ба мардуми кишвари ҳамсоя, ки гирифтори ин бало шудааст, изҳор кунад ва мо чанд тарона навишта будем. Ҳамон шабу рӯзе, ки худи мо гирифтори бемории “илтиҳоби шуш” будем, ин таронаҳо садо доданд. Гуё баробар садо доданд, дар ҳамон маврид, монанди он шуд, ки мо дар бистари беморӣ будему он эҷод шуд.
Албатта, дар бораи дуои падар гуфтед. Падарам дуо карданд ва садошон дар ҳамаи шабакаҳо рафт. Натанҳо падарам, ҳамроҳи падарам ҳамаи ошною дӯстон дуо карданд ва ҳатто бегонаҳо. Ба он маъние, ки ман тамоман намешиносам, ҳануз ҳам баъди як соле, ки гузаштааст, дар куҷое, дар тамоми канори Тоҷикистон як пиразане вомехӯрад, мегӯяд: “Писаракам! Ман дар рӯи ҷойнамоз туро дуо кардаам”. Ин хеле давлати калон буд. Албатта гуфтам, ҳамаи он дӯстоне, ки ҳаводорӣ карданд, ба ҳукуматдорони вилоят, раиси вилояти Суғд, ки ҳамарӯза аз мо хабар мегирифтанд, ба раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки ҳаводорӣ намуданд ва ҳамеша бохабар буданд, аз аҳволи мо, ҳамчун як қаламкаш, ҳамчун як нафаре, ки дар ҳамин фарҳанг кор мекунад ва ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон.
Фарзона: “Дар мавриди шеъри ман гуфтан мехостам, ки бародари арҷманди мо сарпизишки дармонкадаи “Садаф”, ки дандони мардумро оро медиҳанду табобат мекунанд Наимҷон Тӯраев аз ман хоҳиш карданд, ки як суруд омода кунам, хос барои хондани худашон. Бубинед он кас ҳам пизишк ҳастанду ҳам дилбастаи таронаву чакома. Ва гуфтанд, ки дарди рӯзро фаро гирад ва дуои мо бошад, ки ҳам аҳли ҷаҳон ва ҳам миллати тоҷик эмин гардад, аз ин балои ҷаҳонсӯз. Ва ман навиштам:
Худоҷон аз бало моро нигаҳ дор,
Замину осмонҳоро нигаҳ дор.
Ман ин ҷову ҷигарбанди ман он ҷост,
Ту инҷорову онҷоро нигаҳ дор.
Бароям Тоҷикистон тоҷи дунёст,
Худоҷон тоҷи дунёро нигаҳ дор.
Чаман нуру сухан нуру Ватан нур,
Ту ин нури таъолоро нигаҳ дор.
Баъди чанд рӯзи Наврӯз 27-уми моҳи март буд, ки бародарамон ба манзиламон омаданд ва дастнависи маро гирифтанду рафтанд. Пагоҳаш ба ман занг заданд, гуфтанд, ки “Шумо ба касе додед, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ чоп шудааст”. Ман гуфтам, ки “Не ман ба касе надодам, дастнависро ба дасти Шумо додам”, бо чӣ роҳе маълум нест, дақиқ нест, ки ҳамин шеър, ки хос ҳадя барои ба унвони ин бародарамон буд, яке дуои мо ба унвони бани одам шуд.”
Радиои Озодӣ: Пеш аз ҳамин суҳбати мо як пайғоме, шунидем, ки китоби нави Озарахш дар Эрон бо номи “Чашм, ҷонам, чашм” ва як китоби Фарзона “Аз Балху Ҳинду Шерозем” дар Ҳиндустон нашр шудааст. Ман мехостам, дар мавриди ин пайғом барои ҳаводоронатон чанд ҳарфе мегуфтед ва дар соле, ки гузашт шеърҳои шумо аз чӣ мазмуну муҳтаво иборат буд?
Фарзона: Дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон бо саъю талоши бародари мо Алиризои Қазва, ройзани фарҳанги Эрон дар Ҳиндустон ба нашр расид ва ин китоб ҳанӯз дастраси мо нашуд, фақат чеҳраи онро тавонистем аз сурату акс нигоҳ кунем ва аммо фарогири чандин ғазалҳое аст, ки солиёни охир ифшову иншо шудаанд. Дар мавриди мотивҳо ва он мавзӯву ормонҳое, ки шумо ишорат кардед, гуфтани будам, ки як мавзуи меҳвари ва азимтарини ҳаёти ман пайванд ва тавҳиди бани одам аст. Масалан: Аҳли Амрикои Ҷанубӣ ё Африқо ё Аврупо ё Шарқи наздику миёна фарқ надорад, ҳама дарду ормону андешаҳои худро шиносанд, барои онҳо ҳарфи бегона набошад, ҳарфзои маҳаллӣ набошад, ҳарфҳое бошад, ки дархурди мушкилиҳои башарӣ мешавад.”
Озарахш: “Оре, ҳамин ишораи нағз буд, пайванди руҳии мардуми олам. Беморие, ки мардуми оламро дар як хона ҷо кард, сари як каф тамоми мардуми олам ҷо шуданд. Сарҳадҳо шикастанд, деворҳо шикастанд, ҳамаи он чизҳое, ки мардум солҳои дароз сохта буданд шикастанд, барҳам хӯрданд, фақат як беморӣ ва фақат як одам монд. Он китобе, ки ба дасти мо ин Наврӯз расид, Наврӯзи гузашта дар Эрон чоп шуда буд. “Чашм, ҷонам, чашм” ин ҳамон интихобе аз “Девони ишқ” буд, ки онро дустони Эронӣ Суҳайло ва Юсуфӣ нашр кардаанд. Ин Навруз мо онро гирифтем ва ба чашм молидем, монанди гули сияҳгӯш.
Аз сиёсат ва зиндагии башар
Радиои Озодӣ: Чихеле ки манам каме аз китобҳои шумо варақ задам бештар мавзуъхои иҷтимоӣ дорад ва шуморо хонандагону мухотаботон бештар бо унвоне мешиносанд, ки аз ҷасуртарин шоирони имрӯз ҳастед, яъне бемуҳобо дарди ҷомеа ва мушкилоти мардумро низ мегуед. Масалан: Дар як ғазали Фарзона омадааст: “На пул барӣ, на гул бар даргаҳи қабул”. Ё аз Озарахш: “Эй дӯст давлати ту, як рӯз ду рӯз аст”. Мехостам каме шарҳ медодед, ки ба мухотабонатон чӣ гуфтан мехоҳед?
Фарзона: Як ҳикоят ҳаст, ки аз падари атом Эйнштейн суол мекунанд, ки Ҷанги Саввуми Ҷаҳон чигуна бо кадом силоҳ сурат мегирад ва олими бузург дар посух мегуяд, ки ман намедонам, ки Ҷанги Саввуми Ҷаҳон чигуна ва бо кадом аслиҳа ҷараён мегирад, аммо медонам, ки Ҷанги чаҳоруми ҷаҳон ҳатман бо калтак ва санг оғоз мешавад. Яъне, ки тамаддун барҳам мехӯрад ва гӯё қиёмат қоим мешавад ва зиндагӣ аз нав оғоз мешавад, ки мардум боз бо чӯбдасту бо санг ба ҳам ҳамла мекунанд. Маънияш чист? Маънияш ин аст, ки агар ин сайёраро қувваҳои иғвобарангезу тираву аҳриманӣ дигарбора ба доми ҷанг бикашанд, дигар фарҷоми зиндагӣ мешавад ва мақтаи дунёву офариниш.
Магзор, ки ҷаҳл гарданафроз шавад,
Парри мушакони ҷонрабо боз шавад.
Айби ману туст, айби беишқии мост,
Гар ҷанги саввуми олам оғоз шавад.
Яъне на танҳо он нафарҳое, ки номдор ҳастанду ҳукуматдор ҳастанду дар сари қудрат қарор доранд, балки ҳар нафар инсони оддиву маъмулӣ ҳам маъмури нигаҳдории дунёст. Ҳар боғбон ҳам, ҳар фаррош ҳам, ҳар аробакаши бозор ҳам, ҳар нафаре, ки дар хонаву кӯча мебинед, ҳар сокини сайёра бояд масъули нигаҳдории на танҳо хонаводаи худаш, на танҳо ҳаёти худашу пайвандонаш, на танҳо ҳатто Ватанаш, балки масъули эминии олам бояд бошад.
Озарахш: “Шоир ҳам одамест, ки нон мехӯрад, об мехӯрад, андеша мекунад...яъне зиндагӣ мекунад. Агар назари сиёсӣ надошта бошад ва агар сухани иҷтимоӣ нагуфта бошад ва агар аҳли фарҳанг набошад, шоир, шоир нест. Бинобар ҳамин, ҳамаи дардҳои ҷомеа аз синаи шоир мегузарад. Вақте аз симо тамошо мекунӣ, ҳаёти мардуми оламро мебинӣ, ки чӣ қадар даҳшатҳою сӯхтору куштору фиребу найрангу ин гуна чизҳо дар олам зиёд ҳастанд. Масалан, дар Сурия агар як кӯдакро мекушанд, модар дар Тоҷикистон гиря мекунад. Агар як ваҳшигарие дар кадом қитъаи Африқо мешавад, модари рус гиря мекунад, яъне мардум аз дардҳои ҳам ва аз ормонҳои ҳамдигар ҷудо нестанд. Инро шоир бояд бинад, бояд таҳаммул кунад, бояд роҳи наҷотро ишора кунад.”
Аз ҳаққи қалам
Радиои Озодӣ: Онгуна ки дар оғози суҳбат ишора кардед, шоир ҳам мисли ҳама аст, нон мехӯрад, об менӯшад. Медонем, ки бештари китобҳои шумо берун аз Тоҷикистон нашр мешавад ва дар дохили Тоҷикистон бо дасти дигарон ҳам нашр мешавад. Шояд аз шумо иҷозат мегиранд? Саволи ман ин аст, ки имрӯ ҳаққи қалами як шоир, як нависанда дар Тоҷикистон ва ё берун аз Тоҷикистон чӣ гуна аст? Ба рӯзгордорӣ басандагӣ мекунад?
Фарзона: “Қаблан дар солҳои нахусти истиқлол, ки дигар дарду ормонҳо моро азият медоданд, яъне кишвари мо дар корзор қарор дошт ва мо пайваста дуо менамудем, ки аз ин баду бало Ватани мо берун биёяд ва номаи наҷот гирад. Он вақт китобе ба нашр расонидан худаш як мисли гули баҳман навиди наврузӣ буд. Ҷое надошт, ки ҳаққи қалам талаб кунем ва ин нав ҳарфҳо дар барномаи мо набуд. Аммо ҳоло замоне фаро расидааст, ки хушбахтона ҳаққи қалам ва ҳуқуқи муаллиф риоя мешавад ва ин чанд китобе, ки мо нашр кардем пардохт ҳам шуд. Хоса, бародари азизи мо шоир Давлат Сафар, ки роҳбари нашриёти “Адиб” ҳастанд, бо шартнома кор мекунанд, ҳаққи моро ба комилӣ пардохтанд.
Озарахш: “Бале, ҳаққи қалам ҳам азалист, масалан, дар солҳои вазнинтарин ҳам ман ҳаққи қалам мегирифтам аз таронаҳое, ки менавиштам, ҳам аз шаҳри Хуҷанд, ки зиндагӣ мекунем, ҳам берун аз Хуҷанд. Овозхонҳо, ҳам бастакорон хоҳиш мекарданд, ки таронае, сурудае бинависам ва ҳаққи қалам мефиристоданд, ки ин пули хурд набуд ва шукри Худо як пули зиндае дар ҷайби одам ҳаст ва ҳозир, ки на танҳо дар Тоҷикистон, овозхонҳои Узбекистон, овозхонҳои форсизабон берун аз Тоҷикистон муроҷиат мекунанд, ки ин ҳам ҳаққи қалами ҳаққу ҳалоли мост. Ман хеле шукр мекунам. “
Радиои Озодӣ: Дар Тоҷикистон шукр каме шиддати ин бемориҳо кам шуд ва ба оҳистагӣ барномаҳо ҳам шуруъ мешаванд. Дар оғози баҳор аз барномаҳои наватон як каме ҳаводоронатонро шинос мекардед.
Фарзона: “Агарчӣ рафт умри нозанин барнома бисёр аст,
Ба мо ёрӣ диҳед, ҷонофарин, барнома бисёр аст.
Ба ту гуям ташаккур аз замин то осмон, эй ишқ
Туро аз осмон то бар замин, барнома бисёр аст.
Ба мо аз кӯҳнагиҳо занг бигрифтан намезебад,
Биё, эй аз ҳама фардотарин, барнома бисёр аст.
Манам бо тӯшаи ишқу таманноҳои нуронӣ
Дар ин садсолагӣ ояндабин барнома бисёр аст”.
Озарахш: “Ҳозир дар Тоҷикистон барномаҳои ширу шакар идома дорад... Ман аслан ҳам бо шеър ҳам бо суруд дар бисёр маҳфилҳои зиёди тоҷикон будам ва ҳозир ҳам орзу мекунам, ки бори дигар ҳамин гуна маҳфилҳо баргардад. На танҳо дар вилояти мо, балки дар тамоми Тоҷикистон. Бисёр мехоҳам дар куҷое, ки як форсизабон, як тоҷикзабон ҳаст дар рӯ ба рӯяш нишинам ва аз Рӯдакӣ бихонам, аз Саъдӣ бихонам, аз устод Лоиқ бихонам, аз Фарзона бихонам ва ҳатто аз худам бихонам.
Паёмҳои наврӯзӣ
Радиои Озодӣ: Чун суҳбати мо сӯҳбати Наврузист як паёми Наврузии шумо барои бинандагон бошад.
Фарзона: Имрӯзу ҳама рӯзи ту табрик, азизам,
Наврӯзи ту, Наврӯзи ту табрик, азизам.
Бар халқи ҷаҳон чун шафақи субҳи дами ид,
Дидори гунаҳсӯзи ту табрик, азизам.
Дар бераҳаву каҷраҳаву шашраҳаи мо,
Иршоди раҳомӯзи ту табрик, азизам.
Ҷонҳову ҷаҳонҳо ҳама нав шуд зи навидат,
Андешаи пирӯзи ту табрик, азизам.
Ҳам фасли муҳаббат шаву ҳам асли муҳаббат,
Наврӯзи ту, Наврӯзи ту, табрик, азизам.
Озарахш:
Ғазале зи гул сароям ба нишонаи баҳорон,
Ба ту рози дил бигуям ба баҳонаи баҳорон.
Ту баҳоргуна ҳастию баҳор тугуна,
Ту ягонаӣ ба олам чу дугонаи баҳорон.
Нафасам за ҳар баҳоре бикашад таронаи тар
Ту таронатар намоӣ зи таронаи баҳорон.
Чу парандагон зи сармо бигурезам зи зимистон,
Ба баҳори гарму нармат чу ба лонаи баҳорон.
Ту ба ҳаққи як шакарнам ғазали маро ба ёд ор,
Ки чу Озарахш хонам шукронаи баҳорон.
Наврӯз муборак бошад!
Радиои Озодӣ: Бисёр ташаккур ба ин суҳбати самимию Наврузию чеҳраафрузӣ. Бигзор, ки ин Наврӯзи шумо, ин баҳори шумо орӣ аз ғаму ғуссаю орӣ аз хавотирӣ бошад. Ва ҳамеша Наврӯзиву наврузэъҷозу наврузэҷод бошед!