Мақомоти тандурустӣ дар вилояти Суғд мегӯянд, ки Озарахш шоири тоҷикро бо аломатҳои бемории роҳҳои нафас бистарӣ карданд ва ба ҳамсараш Фарзона адибаи маъруф иҷоза додааанд, ки ҳамроҳаш дар шифохона бимонад.
Маъруф Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд субҳи 19-уми апрел зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Озарахш, шоир ва сармуҳаррири маҷаллаи "Паёми Суғд" ҳамроҳ бо Фарзона ҳарду дар шифохона ҳастанд. Ӯ афзуд: "Шавҳарашон ба илтиҳоби роҳи нафас гирифтор мебошанд. Барои ҳамин Фарзона ҳам назди он кас ҷиҳати нигоҳубин истодаанд." Бо сирояти вируси нав ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Узбекистону Қирғизистон, нигарониҳо аз сирояти беморӣ ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст ва ба ҳар бемории роҳҳои нафас дар кишвар бо шубҳа менигаранд.
Озарахш ва Фарзонаро, ба гуфтаи наздикону ҳамсояҳоягонашон рӯзи чоршанбе 15-уми апрел ба шифохонаи ҷамоати Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои муоина ва муолиҷа бурдаанд. Маъруф Ҳоҷибоев гуфт, аҳволи ҳарду хуб аст ва «Ҳамин тавр барои муолиҷа хоб рафтаанд." Айни замон мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, ҳар нафареро, ки бо аломатҳои бемориҳои ҷиддии роҳҳои нафас бистарӣ мекунанд, аҳли хонавода ва ё онҳоеро, ки бо ӯ тамос доштанд, барои эҳтиёт ба муоинаи доимӣ ва ё карантини 14 рӯза мебаранд.
Фарзонаву Озарахш, дар маҳаллаи Пахтакори канори Хуҷанд зиндагӣ мекунанд ва бо либосҳои сафеди муҳофизатӣ омадани табибону ба шифохона бурдани онҳо ҳамсояҳо ва шоҳидони ҳодисаро дар ҳайрат гузоштааст. Рӯзи 18-уми апрел дари хонаи эшон баста буд. Яке аз ҳамсоягонашон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Фарзонаву Озарахшро табибон бурданд, аммо намедонад, дар кадом шифохона бистарӣ кардаанд.
Яке аз ҳамкорони Толиби Озарахш гуфт, ӯ аз рӯзи душанбеи ҳафтаи гузашта ба сабаби беморӣ кор наомад, чун ба сабаби «боронгариҳову намиҳои ахир бемории тарбоди ( ревматизм) Толибҷон хуруҷ карда ва ҳарораташ баланд шудааст». Мусоҳиби Радиои Озодӣ афзуд: "Рӯзи 16-уми апрел бо ӯ суҳбат доштем, ҳолаш хуб буд, мегуфт, рӯзи душанбе 20-уми апрел ба кор мебарояд."
Ҳаводорону мухлисони ду шоири маъруфи тоҷик изҳори умедворӣ мекунанд ва дуо мефиристанд, ки ҳарду ба зудӣ шифо ёбанд ва ба кору эҷодиёт идома диҳанд.
Радиои Озодӣ талош кард, бо Озарахш ва Фарзона телефонӣ сӯҳбат кунад, вале телефони ҳеҷ яке аз онҳо ҷавоб намедод. Баъди фавти ду сокини вилояти Суғд бар асари бемориҳои роҳҳои нафас, ки КОВИД-19 низ шабеҳи он аст, шубҳаву нигарониҳо аз сирояти вируси нав дар вилоят зиёд шуд. Айни замон даҳҳо нафар дар вилоят дар карантин нигаҳ дошта мешаванд ва мақомоти расмӣ мегӯянд, барои эҳтиёт ва роҳ надодани вирус онҳоро таҳти муоинаи доимӣ гирифтаанд.
Худдории табибон аз эълони сабабҳои марги баъзе аз беморон дар рӯзҳои аввал боиси шубҳаву нобоварӣ ба хабарҳои расмӣ шудааст ва то ҳадде, ки мақомотро ба пинҳон доштани сирояти вирус нав муттаҳам мекунанд. Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ, шоми 17-уми апрел гуфт, коронавирус дар Тоҷикистон нест, аммо бо тағйири ҳарорат ва сардии ногаҳонии чанд рӯзи пеш гирифторӣ ба илтиҳоби шуш авҷ гирифтааст.
Бархе аз коршиносони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ бемориро яке шаклҳои зуҳури КОВИД-19 мешуморанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз аввали моҳи феврал то 17-уми апрел 7871 нафар карантин шуда ва 6348 нафарро ҷавоб доданд. Бақия дар карантин будаанд.