Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайвандони Озарахш гуфтанд, ӯ сиҳат шудааст ва ба хона бармегардад


Озарахш
Озарахш

Пайвандони Озарахш (Толиб Карим), шоир ва сардабири маҷаллаи "Паёми Суғд" гуфтанд, ки ӯ сиҳат шудааст ва умед доранд, пас аз адои давраи карантин ба хона бармегардад.

Шоҳона, фарзанди калонии Озарахшу Фарзона, рӯзи 28-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, "ин хабари хушро расонед, падарам шифо ёфтанд."

Вай айни замон гуфт, модараш, адиби шинохта Фарзона ҳеч бемор набуд, балки барои нигоҳубини падараш дар бемористон меистод.

"Фардо, 29-уми апрел, аз замони дар бемористон будани онҳо 14 рӯз мегузарад. Умед дорем, ки онҳоро ба хона ҷавоб медиҳанд", - гуфт ӯ.

Озарахшро ҳамроҳи Фарзона 15-уми апрел аз манзили зисташон ба бемористони ҷамоати Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бурда буданд.

Қаблан мақомоти тандурустӣ дар вилояти Суғд зикр карданд, ки Озарахш, шоири тоҷикро бо нишонаҳои бемории роҳҳои нафас бистарӣ карданд ва ба ҳамсараш Фарзона, адибаи маъруф иҷоза додаанд, ки ҳамроҳаш дар шифохона бимонад.

Шоҳона мегӯяд, "ҳоло пизишкон маълум карданд, ки модарам аслан бемор набуданд. Падарам сармохӯрда буданд ва модарамро барои нигоҳубини он кас ҳамроҳ бурданд."

Озарахш 57-сола аст ва аз соли 2015 ба ин тараф сардабири маҷаллаи расмии "Паёми Суғд" мебошад.

Соли 1999 узви Иттиҳоди адибони Тоҷикистон шуда, соли 2019 унвони шоири халқии Тоҷикистонро гирифт.

Муаллифи маҷмӯи шеърҳои "Аз чашмасор омадам", "Намози мусофир", "Чархболи Офтоб", “Девони Ишқ” ва “Ватаннома” аст.

XS
SM
MD
LG