Мир Мафтун, овозхони шинохтаи афғонистонӣ, ки бештар таронаҳои мардумӣ иҷро мекунад, барои таҷлил аз иди имсолаи Наврӯз ба Тоҷикистон омадааст. Вай мегӯяд, соли гузашта ба сабаби густариши бемории ҳамагир сафараш ба Тоҷикистон лағв шуда буд.
Интизор меравад, Мир Мафтун дар айёми Наврӯз дар шаҳрҳои Душанбеву Бохтар ва Ваҳдат барнома иҷро кунад. Дар як тамоси телефонӣ рӯзи 19-уми март аз ӯ пурсидем, ин барномаҳо аз чӣ қарор аст?
Мир Мафтун: "Имсол бо даъвати намояндагони ширкате, ки консерти овозхонҳои хориҷиро баргузор мекунад, ба Тоҷикистон омадам. Дар доираи ин сафар барномаи вижае ҳам барои телевизони “Орзу”-и Афғонистон доштам. Ҳоло ба се консерт омода мешавам. Барнома рӯзи 22-юми март дар “Кохи Суруш” дар Душанбе, рӯзи 23-юм дар шаҳри Ваҳдат ва рӯзи 24-уми март дар Бохтар баргузор хоҳад шуд."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бовар кунед, дар Тоҷикистон қариб ҳама маро мешиносанд. Вақте ба хиёбонҳо мебароям, бисёриҳо бо ман акс мегиранд. Ман аз ноҳияи Ишкошими Помир, тоҷик ҳастам. Як расму як анъана дорем.Мир Мафтун
Радиои Озодӣ: Телевизони “Орзу” барномаро бо ҳузури Шумо дар Тоҷикистон сабт кард?
Мир Мафтун: "Бале, онҳо хостанд, ки барои ҷашни Наврӯз бо иштироки ман як барномаи телевизониро дар Душанбе омода кунанд. Мо тавассути Узбекистон ба инҷо омадем. Ба ман гуфта буданд, дар Тоҷикистон бо ягон овозхони зан чанд тарона бихонам. Онҳо Хуҷастаи Мирзовалиро интихоб карданд. Ман се оҳангу тарона навиштам ва якҷо хондем. Худо хоҳад, барнома шаби Наврӯз тавассути телевизион пахш мешавад. Таронаҳо халқӣ ҳастанд, ки дар гузашта падарони мо сароида буданд."
Радиои Озодӣ: Дар гузашта чанд сафари Шумо гуё бо даъвати раиси ҷумҳури Тоҷикистон сурат гирифтааст, ин навбат чунин пешниҳоде шуд?
Мир Мафтун: "Дар ҷашни Наврӯз не, аммо дар ҷашни 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон даъватӣ ҳастам. Феълан даъватнома нагирифтам, вале чунин нақша ҳаст, ки биёям.
Радиои Озодӣ: Чаро интихоби Шумо барои сафарҳои хориҷӣ бештар ба Тоҷикистон аст?
Мир Мафтун: "Агар бовар кунед, дар Тоҷикистон қариб ҳама маро мешиносанд. Вақте ба хиёбонҳо мебароям, бисёриҳо бо ман акс мегиранд. Ман аз ноҳияи Ишкошими Помир, тоҷик ҳастам. Як расму як анъана дорем. Ман ҳудуди ду сол, ки ба Тоҷикистон наомада будам, баъзе ҷойҳоро нашинохтам. Душанбе тағйир кардааст. Ман инҷоро дӯст медорам."
Радиои Озодӣ: Дар оғоз гуфтед, дар замони пандемия дар Афғонистон будед, вазъи вобаста ба бемории ҳамагир чӣ гуна буд?
Мир Мафтун: "Бале, дар Помири Афғонистон будам. Макони зисту зиндагонии ман ноҳияи Ишкошим аст. Вазъ дар Помир чандон бад набуд. Ҳатто даҳони худамро намебастам. Дар маҷлисҳое, ки то 500 нафар буданд, ширкат доштам, вазъият хуб буд."
Радиои Озодӣ: Робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Афғонистонро чӣ гуна баҳо медиҳед?
Мир Мафтун: "Робитаҳои фарҳангии миёни ду кишвари ҳамзабону ҳаммарз хуб аст. Мутаассиф ҳастам, ки дар кишвари мо ҷангу нотифоқӣ ва ноамниву бародаркушӣ аст. Орзу мекунем, ки рӯзе ба Афғонистон ҳам сулҳу оромӣ бирасад. Он вақт мешавад гуфт, ки робитаҳои фарҳангии ду кишвар аз муносибатҳои бародардорӣ ҳам бештар мегардад."
Радиои Озодӣ: Дар бораи вазъи Афғонистон гуфтед. Вақтҳои охир хабарҳо дар бораи афзоиши хушунат ва кушторҳои ҳадафмандона зиёд шунида мешавад. Ин вазъ барои ҳунарманде, ки ҳамеша дар талоши шод кардани мардум аст, чӣ таъсир дорад?
Мир Мафтун: "Кӯшиш мекунам, ки аз хона ба берун набароям, вале чун мухлисони зиёде дар Афғонистону берун аз он дорам, боз эҷод мекунам. Ҳар вақте чунин ҳодисаҳоро мебинаму мешунавам, ҳама чиз аз ёдам меравад. Ин ҳама ба ҳолати равонӣ таъсир мегузорад. Дигар наметавонам суруде хонам. Ин барои як овозхон ва ё ҳар эҷодкори дигар зарбаи бисёр сахт аст."
Радиои Озодӣ: Чанд сол аст, ки дар айёми Наврӯз ба Тоҷикистон меоед, чӣ тафовутҳоро дар таҷлили ин ид миёни ду кишвар мебинед?
Мир Мафтун: "Таҷлили Наврӯз дар гузаштаҳо, ки дар Афғонистон сулҳу амният буд, бо Тоҷикистон ҳеч фарқ надошт. Ҳоло бо сабаби нооромӣ, мардум ин ҷашнро хуб таҷлил намекунанд. Бисёриҳо ба берун намебароянд, метарсанд, ки сайругашт кунанд. Вагарна расму анъанаҳое, ки дар Тоҷикистон ҳаст, дар мардуми Бадахшони Афғонистон низ ҳаст. Мо низ дар ҷашни Наврӯз либоси нав мепӯшем, ба сайругашт меравем ва аз ҳоли пайвандон хабар мегирем. Чанд сол, ки дар ҷашни Наврӯз ба Тоҷикистон меоям, эҳсос мекунам, таҷлили ин ид дар кишвари Шумо беҳтар аз ҳама кишварҳои ҳамсоя аст."