Ҷанҷоли печидаи замин ва гирдиҳамоии даҳҳо сокини норозӣ дар як ҷамоати ноҳияи Восеъ боис ба бозпурсии чаҳор нафар шудааст. Айни замон масъулони ҳукумати ноҳияи Восеъ гуфтаанд, масъаларо баъд аз ҷашни Наврӯз ҳал мекунанд.
Баҳс бар сари хоҷагии "Абдусалом" дар ҷамоати ба номи Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ аст.
Баҳор шуд. Роҳ ба сӯйи Русия бастааст. Дар инҷо моро аз саҳми замин маҳрум кардаанд.Боймурод Раҷабов
Сокинони норозӣ мегӯянд, дар гузашта порчаҳое аз ин замин аз онҳо буд ва ё саҳм доштанду аз ҳисоби кишти гандум рӯзии худу аъзои оиларо пайдо мекарданд, аммо бехабар аз саҳмашон маҳрум карда шудаанд.
Молики ҳозираи замин, ки аз ӯ Ҷамолиддин Икромов, бародари яке аз мансабдорони тоҷик, ном мебаранд ва таъсирашро дар ин қазия нодида намегиранд, гуфтааст, хоҷагии онҳо тухмипарварӣ аст ва барои кишту кори сокинон нест. Талошҳои мо барои пайдо кардани Ҷамолиддин Икромов то ин дам натиҷа надод. Дар сурати ба даст омадани нуқтаи назараш дар ҳамин ҷо нашр мешавад.
Даҳҳо нафари норозӣ, ки дар миёнашон занону пирон ҳам буданд, дар оғози моҳи март дар сари замин ҷамъ омада, аз беадолатӣ гуфтанд. Онҳо аз мақомот хостанд, ки қазияро мунсифона ҳал кунанд, вагарна даҳҳо оила бе нону даромад мемонанд.
Навори эътирози сокинон дар муддати кӯтоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба чархиш даромад ва боис ба баҳсҳои зиёд, аз ҷумла дар мавриди тақсими ноодилонаи замин гардид.
Сокинон мегӯянд, баъд аз он чаҳор нафари онҳоро маъмурони амниятӣ бозпурсӣ кардаанд. Боймурод Раҷабов, сокини ҷамоати ба номи Худоёр Раҷабов, ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 15-уми март ӯ ва се нафари дигар ба идораи амният даъват шуданд.
"Дар навор мегуфтам, ки раиси ҷамоат, вакили маҳалла ва ё раиси ноҳия омада, дар сари замин масъаларо ҳал кунанд, то ин ки мо ба кишт шуруъ кунем. Баҳор шуд. Роҳ ба сӯйи Русия бастааст. Дар инҷо моро аз саҳми замин маҳрум кардаанд", -- нақл кард ӯ.
Раҷабов гуфт, баъд аз бозпурсӣ онҳоро ҷавоб доданд ва намояндагони ҳукумат гуфтаанд, пас аз таҷлили Наврӯз мушкили онҳоро ҳал мекунанд.
Маъмурони амниятӣ қазияро шарҳ надодаанд.
Як манбаъ дар ҳукумати ноҳияи Восеъ гуфт, баҳс сари он аст, ки мардум даъват доранд, замини хоҷагии тухмипарварӣ тақсим карда шавад, вале "бар асоси қонун, барои таҷдиди хоҷагиҳои тухмипарвар бояд қарори махсуси ҳукумат барояд”.
Шарбатулло Азизулло, раиси ҳукумати ноҳияи Восеъ, дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, “бар асоси қонунҳои ҷорӣ масъалаи онҳоро ҳаллу фасл кардем. Баъди дигар кардани шакли фаъолияти хоҷагӣ, саҳмияҳо тақсим карда шуда, онҳо ба кори худ идома медиҳанд. Дар инҷо масъалаи маҳрум кардан аз саҳмия асос надорад."
Дар ҳоле ки раиси ноҳия гуфт, масъаларо “ҳаллу фасл” кардаанд, Боймурод Раҷабов, мегӯяд, ба онҳо ваъда додаанд, ки баъд аз ҷашни Навруз ҳаққашонро бармегардонанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Хоҷагии “Абдусалом” дар ҳудуди ҷамоати ба номи Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ ҷойгир аст. Мегӯянд, дар онҷо “се бригада фаъолият дорад, ки дар ҳар яке аз онҳо аз 30 то 50 нафар кор мекунанд”.
Мавзӯи тақсими ноодилонаи замин барои сохтани хонаву кишту кор солҳо боз дар Тоҷикистон доғ мемонад. Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2017 дар як суханрониаш гуфта буд, “заминфурӯшӣ ба як дарди бедаво табдил ёфтааст” ва ҳарчанд ҳар дафъа ба ислоҳи вазъ таъкид мекунад, зоҳиран ҳанӯз давоеро дар ин маврид наёфтаанд.
Мақомоти дигар низ вуҷуди мушкилро тасдиқ мекунанд. Додситонии вилояти Хатлон дар моҳи феврал гуфт, соли 2020 беш аз 270 қарори раисони шаҳру ноҳияҳоро дар мавриди, ба қавли мақомот, тақсими нодурусти замин бекор кардааст.
Тақсими замин ба мардум дар Тоҷикистон, ки замини ҳамвор кам дорад ва аҳолиаш босуръат меафзояд, дар чанд соли ахир ба як масъалаи доғ табдил шудааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Ин гуноҳи мардум нест". Баҳси фурӯши замин дар Кумитаи заминБеш аз 15 хонаи навсохтро дар Душанбе чаппа карданд. Ҷойи арчаҳо ё маҳалли зисти сокинон? ВИДЕОЯк замин, ду соҳиб ва се қарор. Айби раиси ноҳия ё даъвогарон? ВИДЕО"Мактаб созанд, на хона". Занони деҳае дар Ҳамадонӣ замини ҷанҷолиро "посбонӣ" мекунанд. ВИДЕОРустам Акрамзода аз мансаби раиси ноҳияи Рӯдакӣ барканор шуд. САДОДарди "заминфурӯшӣ" давое ёфтааст? Таҳқиқи Радиои Озодӣ