Корхонаи коркарди санг дар ноҳияи Балҷувон, ки қарор буд намунаи саноатикунонии деҳот гардад, дар амал ба як тарҳи дигари номуваффақ табдил ёфтааст.
Пас аз як солу се моҳи кораш маълум шуд, ки ин корхона аз маводи хоми маҳаллӣ истифода карда наметавонад ва биноан сангро аз вилояти Суғд меоранд.
Раиси ноҳияи Балҷувон мегӯяд, ин муҳим нест, ҳарчанд маълум аст, ки харҷи истеҳсолот боло меравад. Шералӣ Ҷалилзода дар як нишасти матбуотӣ гуфт, “санг аз вилояти Суғд аст ё аз вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ё Хатлон, санги Тоҷикистон аст ва аз дохили ҷумҳурии худамон."
Сабаб он шудааст, ки корхона, бо вуҷуди он ки гуфта мешуд, таҳҷизоти пешрафта дорад, натавонист аз маводи хоми Балҷувон сангҳои ороишӣ истеҳсол кунад. Санги маҳаллӣ шикананда буда, он чӣ то ҳол истеҳсол шудааст, харидор надорад.
Ҷалилзода гуфт, “сангҳои ороишӣ алакай истеҳсол карда шудааст ва ҳоло харидорони худро мекобанд. Албата, истеҳсол карда истодааст ва харидорон ҳам пайдо мешаванд."
Корхонаи "Элегант-Балҷувон”-ро соли 2019 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боз кард. Дар он маросим гуфта шуд, корхонаи нав сангҳои табиии маҳаллӣ, аз ҷумла, санги хоро, мармар ва ғайраро ба сангҳои ороишӣ ва бинокорӣ табдил хоҳад дод.
Инчунин, эълон шуда буд, ки бо кушода шудани корхонаи нав 20 сокини ноҳияи Балҷувон соҳиби ҷойи кор мешаванд, вале омори имрӯза хеле фарқ мекунад.
Сайфиддин Мирзоев, мудири бахши оморӣ ноҳияи Балҷувон, гуфт, “ҳоло дар корхонаи “Элегант-Балҷувон” се нафар ба кор ҷалб шудаанд. Ин корхона мавсимӣ аст. Дар зимистон кор намекунад."
Бори аввал нест, ки вақте президенти Тоҷикистон корхонаҳои саноатиро бо тантана боз мекунад ва мардум умедвори шуғлу даромад мешаванд, чанде нагузашта корхонаҳо аз кор мемонанд ва ё натиҷаи зарурӣ намедиҳанд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Ҳоҷимуҳаммад Умаров: "Даромадҳои пинҳонӣ ошкор шаванд, Тоҷикистон хоҳад шукуфт"Корхонаи нав дар Рӯдакӣ баъди рафтани президент "аз байн рафтааст". АКС, ВИДЕОСокини Роштқалъаро нагузоштаанд, ки ба президент аз камбудҳо бигӯядДонишгоҳи Кӯлоб боғи ҷашнӣ сохт ва 5 миллион сомонӣ қарздор шуд. ВИДЕООлимҷон Бобоев: "Аз инҳисори давлатӣ ба инҳисори шахсони алоҳида гузаштем" ВИДЕОБештару бенавотар: Иқтисоди Тоҷикистон афзоиши аҳолиро мебардорад?Зарбулаҷали ҳукумат ба Кӯлоб. Корхонаҳоро фаъол накунед, гашта мегирем.