Як ширкати сохтмонии Русия ба ҷустуҷӯйи коргарон ба Тоҷикистон омадааст. Намояндагони "Техстрой" гуфтанд, барои идомаи бинокорӣ дар Маскаву минтақаҳои дигар ба нерӯи корӣ ниёз ҳаст, вале коргари кофӣ нест.
Марзи Русия аз моҳи марти соли 2020 бо ҳадафи пешгирӣ аз коронавирус ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон бастааст. Дар ин муддат садҳо ҳазор муҳоҷире, ки дар сохтмонҳо кор карда, рӯзии худу фарзандонро меёфтанд, ба Русия рафта натавонистанд.
Пештар барои ҳар метри мураббаъ 500 рубл мегирифтам, аммо нархномаи ин ширкат то 350 рубл будааст. Бо ин вуҷуд, ба рафтан розӣ ҳастамНурмуҳаммад Ашӯров
Аз охири соли гузашта дар Русия низ дар бораи нарасидани нирӯи корӣ, бахусус аз Тоҷикистону Узбекистон, суҳбат мекунанд, вале зоҳиран Маскав ба кушодани марз бо Душанбе чандон шитоб надорад. Далели инро ошкоро нагуфта, вале ба ширкатҳо иҷозат додаанд, дар сурати ба уҳда гирифтани харҷи сафару бастани қарордод ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ муҳоҷиронро ба Русия баранд.
Аз хиштзан то...
Ҳоло тақрибан 15 намояндаи ширкати "Техстрой"-и Русия дар шаҳри Хуҷанд ҳастанд ва онҳоеро, ки нияти кор дар Русия доранд, сабт мекунанд. Онҳо гуфтанд, ба 1000 устои хиштзан, дуредгар, бетонкор, таъмиргари бино аз Тоҷикистон ниёз доранд.
Абдураҳмон Усмонов, сокини шаҳри Исфара, барои суҳбат бо намояндагони "Техстрой" ба Хуҷанд омадааст ва гуфт, "6-7 сол боз ба Русия мерафтам ва баъд аз бемории ҳамагир рафта натавонистам. Ин озмунро шунида омадам, агар қабул кунанд, барои кор меравам."
"Нархи кор арзон аст, аммо чора нест"
Нурмуҳаммад ва Абдусамӣ, сокинони шаҳри Истаравшан, аллакай аз озмуни интихоби коргарон гузаштаанд, аммо мегӯянд, нархи кор дар муқоиса ба солҳои пеш арзонтар аст.
"Ман дар Екатеринбург, Санкт-Петербург ва Маскав ҳамчун ороишгари биноҳо кор кардаам. Дар онҷо барои ҳар метри мураббаъ 500 рубл мегирифтам, аммо нархномаи ин ширкат то 350 рубл будааст. Бо ин вуҷуд, ба рафтан розӣ ҳастем", -- гуфт Нурмуҳаммад Ашӯров.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Як масъули ширкати "Техстрой" гуфт, маоши коргарон аз 23 ҳазор рубл оғоз мешавад, вале онҳо барои роҳкиро ва гирифтани патент ба муҳоҷирон то 90 ҳазор рубл пешпардохт мекунанд. Илова ба ин, ба гуфтаи онҳо, ширкат муваззаф шудааст, коргаронро бо ҷойи зист ва ҳангоми карантин бо хӯрок таъмин кунад.
Муҳоҷирон чӣ масъулият доранд?
Қарор аст, ин гуруҳи муҳоҷирон то моҳи май ба Русия рафта, ба кор сар кунанд. Масъулони ширкат мегӯянд, аз ин пеш 5 ҳазор муҳоҷири узбекро низ ба Русия бурда буданд.
Мушкили корҷӯён Муҳоҷир дар нақши бемор ва ё ронандаи мошини боркаш. Роҳҳои "хатарнок"-и расидан ба РусияНиколай Попов, раҳбари лоиҳаи “Техстрой, мегӯяд, “дар ҳолате ки коргар қоидаи шартномаро вайрон мекунад ё бо хоҳиши худ аз кор меравад, бояд харҷи ширкатро пардозад. Баъди аз кор хориҷ шудан будубоши вай дар ҳудуди Русия ғайриқонунӣ шумурда мешавад."
Иддае аз корҷӯён мегӯянд, чунин тарзи кор роҳи ҳалли мушкил нест ва, беҳтар аст, ё Русия роҳро кушояд ва ё Тоҷикистон дар фикри ташкили ҷойҳои кори муносиб дар дохил шавад.
Русия мизбони асосии муҳоҷирони кории тоҷик аст. То замони пандемия, онҳо аз Русия солона ба Тоҷикистон бештар аз ду миллиард доллар мефиристоданд, вале ба иттилои раҳбарияти Бонки Миллӣ, соли гузашта 6,3 дарсад камтар фиристоданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: 170 муҳоҷирро аз Тоҷикистон ба Русия бурдаанд