Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

170 муҳоҷирро аз Тоҷикистон ба Русия бурдаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки гуруҳи 170-нафарии муҳоҷиронро аз Душанбе барои кор ба вилояти Иркутски Русия фиристоданд. Сафари онҳо субҳи 30-юми январ ва бо ризояти Ситоди муқобила бо коронавирус сурат гирифтааст.

Намояндагони Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон ба хабаргузории давлатии "Ховар" гуфтаанд, муҳоҷирони тоҷик дар ширкатҳои "Домострой Профи", "ПромСтройМонтаж", "СибСталСтрой" ва "СПМК-7" кор мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки масъулони Радиои Муҳоҷир, қароргоҳаш дар Маскав, рӯзи 30-юми январ дар Фейсбук навиштанд, ташаббускори сафари муҳоҷирон диспора ё ҷамъияти тоҷикони Иркутск буда, ризояти ҷониби Русияро низ онҳо ба даст овардаанд.

Пештар мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, барномаи сафари як гуруҳи беш аз 400-нафарии муҳоҷирони тоҷикро ба вилояти Иркутск бо мақомоти Русия ҳамоҳанг кардаанд.

Ба иттилои расмӣ, ширкатҳои русӣ вазифадор ҳастанд, тавассути парвози вижа коргарони тоҷикро ба Русия бурда, бо ҷойи кор таъмин кунанд. Харҷи парвоз ва иҷозаи кор ва сабтиномро ин ширкатҳо мепардозанд.

Ду сол пеш Тоҷикистон бо Русия дар бораи ҷалби муташакилонаи муҳоҷирон барои кор дар ин кишвар созишнома имзо карда буданд.

Ба ин шева ба кор ҷалб кардани муҳоҷирон дар гузашта чандон муваффақ набудааст. Аз ҷумла, моҳи марти соли 2019 як гуруҳ аз муҳоҷирони тоҷик мақомоти шуғлу меҳнатро дар Тоҷикистон ба "ваъдахилофӣ" муттаҳам карда буданд, ки бо кумаки мақомот ба Русия барои кор рафта, вале дар шароити сахту сангин қарор гирифтанд.

Ҳамасола беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи ҷойи кор умдатан озими Русия мешаванд. Аммо баъд аз паҳншавии бемории COVID-19 дар баҳори соли гузашта марзҳо баста ва парвозҳои мунтазам миёни ду кишвар қатъ шуданд.

Дар тӯли як соли охир садҳо ҳазор муҳоҷири кории тоҷик натавонистанд, тибқи маъмул худро барои кор то ба Русия расонанд.

Ҳукумати Тоҷикистон иқрор кардааст, пулфиристии муҳоҷирон дар соли гузашта кам шуда, оилаҳои камбизоат дар Тоҷикистон бештар шудаанд.

XS
SM
MD
LG