Ширкати азими мухобиротии Гугл (Google) худро дар Кумитаи андози Тоҷикистон сабтином кардааст ва минбаъд аз хадамоти пулие, ки ба шаҳрвандони кишвар мерасонад, молиёт (андоз) хоҳад дод. Аз он пеш шабакаи иҷтимоии Фейсбук (Facebook), ки дар Тоҷикистон корбарони зиёд дорад, худро ба ҳайси молиётдиҳанда сабт карда буд.
- БА ШАҲРВАНДОН ЧӢ ТАЪСИР ХОҲАД ДОШТ?
Корбароне, ки дар Тоҷикистон аз хадамоти ширкатҳои хориҷии мухобиротӣ истифода мекунанд, масъули пардохти андози Google ё Facebook нахоҳанд буд. Барои мисол, як шаҳрванди одии кишвар, ки барои таблиғ (реклама) дар Facebook ё ҳифзи маълумот дар Google Диск пул додааст, барои пардохти андоз ё молиёт уҳдадор нахоҳад буд. Ширкатҳои мухобиротии хориҷ аз кишвар вазифадоранд, аз даромаде, ки аз шаҳрванди Тоҷикистон гирифтаанд, андоз диҳанд. Ба ҷуз аз блогерон, ки ҳамакнун уҳдадор шудаанд, аз даромади худ андоз супоранд.
- АГАР ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН СОҲИБКОР Ё МОЛИКИ ШИРКАТ БОШАД ЧӢ?
Агар шахс расман соҳибкор аст ва аз имконоти Google ва монанди ин шабакаҳо, умуман хадамоти онлайнии пулакӣ, истифода барад, идораи андоз онҳоро “агенти андоз” эътироф мекунад. Ин ба маъноест, ки андоз аз арзиши изофашударо соҳибкор мустақим бояд ба мақомот супорад, на Google. Дар робита ба ширкатҳо, ташкилот ва ё созмонҳои дохиливиу хориҷии муқими Тоҷикистон ҳам айни чунин қоида амал мекунад.
Яъне, агар ширкат ё созмон аз хадамоти пулакии ширкати мухобиротии хориҷӣ ба монанди Google ва Facebook истифода барад ва барои ин ба ин ширкатҳо пул диҳад, уҳдадор мешавад, андози ин хадамотро худ мустақим ба буҷаи Тоҷикистон супорад. Дар ғайри сурат, нозирони андоз метавонанд соҳибкор, ширкат ё созмонро, ки ба Google-у Facebook пул доду андозро пинҳон дошт, ҷазо диҳанд.
Пешбинии Бег Сабур ба ҳақиқат табдил ёфт?
Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, шаш сол пеш дар як суҳбати эҳсосӣ гуфта буд, оё Facebook соҳиб дорад ва ба Тоҷикистон молиёт медиҳад ё не? Ин гуфтаи Бег Сабур он замон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди танзу тамасхур қарор гирифт. Аммо акнун ин ишорааш ба воқеият табдил шуд ва Facebook-у Google дар Кумитаи андоз сабтином шудаанду ҳозиранд, молиёт супоранд.
Ин ду ширкати азими мухобиротӣ дар ҳоле барои андоздиҳӣ ҳозир мешаванд, ки дар Тоҷикистон дастрасӣ ба Facebook ва шабакаи Ютуб, ки марбут ба Google аст, зуд-зуд қатъ мешавад. Суол ин аст, ширкатҳо дар Тоҷикистон худро ба ҳайси андоздиҳанда сабти ном карданд ва акнун масъулияти ҳукумати Тоҷикистон дар ин бобат бештар мешавад?
Абдумалик Қодиров, масъули “Медиа Алянси Тоҷикистон”, як созмони ҳомии озодии баён, ба ин назар аст, ки андозсупории Google ва Facebook монеи масдуд шудани дастрасӣ ба ин торнамоҳо нахоҳад шуд.
“Бастани шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон тасмими сиёсӣ аст. Дар Тоҷикистон сиёсат болотар аз иқтисод меистад. Чораҳое, ки барои муқобила бо “афкори ғайр” рӯйи даст гирифта мешавад, барои ҳукумат дар мадди авал меистанд. Агар зарур шавад, аз баҳри андоз ва даромад мебароянд, то як мансабдор ё гуруҳе аз мансабдорон беобрӯ нашаванд", -- шарҳ дод ӯ.
Қодиров афзуд, бо эҳтимоли зиёд маъмурияти ширкатҳое ба мисли Google ва Facebook масдудкуниҳои Тоҷикистонро минбаъд ҳам нодида хоҳанд гирифт, чун даромаде, ки аз бозори Тоҷикистон мегиранд, ночиз аст: “Ширкатҳои мухобиротии хориҷӣ (манзур Facebook ва Google) танҳо ба хотири обрӯ, ки худро пойбанди қонун ба намоиш гузоштанӣ ҳастанд, ҳозир шуданд, дар Тоҷикистон ҳамчун андоздиҳанда сабтином шаванд. Фикр мекунам, андозе, ки онҳо медиҳанд, чандон бурзург нахоҳад буд."
То кунун, ба ҷуз аз Facebook ва Google, ширкатҳои мухобиротии Doodle inc, Novatech IT ltd ва Xsolla-и Амрико низ худро дар Кумитаи андози Тоҷикистон сабт кардаанд. Меъёри андоз аз арзиши изофашуда, ки ин ширкатҳо бояд ба Тоҷикистон диҳанд, феълан 18 дарсад аст.
Кумитаи андоз мегӯяд, барои ба роҳ мондани раванди андозситонӣ аз ширкатҳои мухобиротӣ бо масъулони Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд (ОЭСР) ва ширкатҳои интернетӣ корҳои таблиғотиро ба роҳ мондааст, то ширкатҳо тавонанд ба дурустӣ молиёт диҳанд. Масъулони ширкатҳо ҳанӯз мавзуъро шарҳ надодаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Аз паси Фейсбук ва Дудл, Гугл ҳам гуфт, ба Тоҷикистон молиёт медиҳад. ВИДЕОТоҷикистон шабакаи Facebook-ро ҳамчун андоздиҳанда сабт кардаастАндоз аз олами маҷозӣ. Кумитаи андоз се андоздиҳандаи хориҷиро сабти ном кардБа блогерони тоҷик барои андозсупорӣ то якуми апрел муҳлат додаанд. ВИДЕО