"Ислоҳ" чанд соат дастнорас шуд. Муҳаммадиқболи Садриддин: "Ҳамлаи мақомот буд"

Муҳаммадиқболи Садриддин

Пойгоҳи "Ислоҳ", сомонаи марбут ба Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз фаъолони мухолифини тоҷик, рӯзи 1‑уми март барои чанд соат аз кор мондааст. Дар ин сомона матлабҳои тунду бепарда ба зидди мансабдорони тоҷик нашр мешавад.

Мақомоти Тоҷикистон ба навиштаҳои он вокуниши расмӣ намекунанд, вале расонаҳо ва тарафдорони ҳукумат он ва раҳбарашро ҳадафи маъракаи шармсоркунӣ қарор медиҳанд. Дар тафсири онҳо "Ислоҳ" яке аз расонаҳои Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дониста мешавад.

Муҳаммадиқболи Садриддин рӯзи 2‑юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, сомона мавриди ҳамлаи рахнагарон қарор гирифт, аммо дубора барқарор карда шуд. Вай иддао дорад, ки ҳамла аз тарафи мақомоти Тоҷикистон сурат гирифтааст.

"Чанд ҳазор одамро якбора ворид мекунанд ва сайт аз кор мемонад. Мо танҳо дар бораи камбуд ва ҷинояти мансабдорон менависем ва, аз ин рӯ, ҳеч душмане аз ҳеч ҷойи дигар надорем", -- шарҳ дод ӯ. Масъули "Ислоҳ" афзуд, бори панҷум аст, ки сомонааш мавриди ҳамлаи рахнагарон қарор мегирад.

Мақомоти Тоҷикистон ҳамла ба сомонаи фаъоли мухолифинро тасдиқ ё рад накардаанд.

Муҳаммадиқболи Садриддин солҳои охир дар Аврупо зиндагӣ мекунад.

Додситонии кулли Тоҷикистон соли гузашта ӯро ба "қаллобӣ ба миқдори бузург" муттаҳам кард. Худи вай ин иттиҳомро сохта ва дорои ангезаи сиёсӣ донист ва ба фошкорияҳош дар бораи мансабдорони тоҷик рабт дод.

Ахиран студияи давлатии "Тоҷикфилм" ба зидди Муҳаммадиқболи Садриддин филмеро таҳия ва нашр кард, ки дар он худи ӯ ва падараш ба бадахлоқӣ муттаҳам мешаванд. Мухолифин ин ҳамаро бофтаву сохтаи мақомот ва талоше барои пешгирӣ аз фошгӯиҳо донистанд.

Дар моҳи декабри соли 2020 низ барои садҳо соҳибони телефонҳои мобилӣ дар Тоҷикистон паёмаке ба зидди Муҳаммадиқболи Садриддин фиристода шуда буд. Мухолифин паёмакро кори дасти мақомот донистанд. Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, рӯзи 1-уми феврал гуфт, он "спам" аст ва афзуд, масъалаи чӣ гуна фиристодани паёмакҳоро таҳқиқ доранд. Натиҷаҳои таҳқиқ то ҳоло расонаӣ нашудаанд.

Пойгоҳи "Ислоҳ" замоне мавриди таваҷҷӯҳи мақомоти тоҷик ва мардум қарор гирифт, ки бо шеваи тунд ва ошкоро дар бораи мақомдорон матлаб ва маълумот нашр кард. Корбарон бар инанд, ки на ҳамаи матолиби ин сомона далелҳои раднопазир доранд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Кӣ аз хориҷа ба муштариёни ширкати Babilon дар Тоҷикистон занг зад? Юсуф Раҳмон аз боздошти 10 "ҳамкори иғвогарон дар хориҷ" хабар дод, аммо аз касе ва гуруҳе ном набурд. ВИДЕОКӣ ба зидди яке аз фаъолони мухолифин ба муштариёни ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон СМС фиристод?Баҳси 430 ҳазор доллар. Даъвои Додситонии кул ва посухи Муҳаммадиқболи Садриддин