Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси 430 ҳазор доллар. Даъвои Додситонии кул ва посухи Муҳаммадиқболи Садриддин


Муҳаммадиқболи Садриддин. Акс аз навори видеоӣ
Муҳаммадиқболи Садриддин. Акс аз навори видеоӣ

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 15-уми октябр сардабири сомонаи "Ислоҳ" Муҳаммадиқболи Садриддинро ба "қаллобӣ" муттаҳам кард ва гуфт, ки ӯ 430 ҳазор доллари се шаҳрванди Тоҷикистонро гирифтаву барнагардондааст.

Муҳаммадиқболи Садриддин рӯзи 16-уми октябр дар посухи видеоӣ даъвои Додситонии кулро "беасос" номид ва ҳам гуфт, на ӯ, балки дигарон пулашро гирифтаву пас надодаанд.

Муҳаммадиқболи Садриддини 42-сола писари Қаландар Садруддинзода, яке аз раҳбарони пешини ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ аст ва дар Аврупо паноҳанда шудааст. Вай пештар масъули сомонаи "Васатият" буд. Се соли ахир мудири сомонаи "Ислоҳ.нет" аст ва бештар дар бораи камбудҳои мансабдорони тоҷик ва мушкили сокинон матлаб нашр мекунад.

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, сардабири "Ислоҳ"-ро дар пайи муроҷиати Неъматулло Кабутов, Сиёвуш Холов ва Носиҳиддин Қаюмов ба ҷустуҷӯ дода, ба зидди ӯ парванда кушодааст.

Бино ба иттилоияи Додситонӣ, "баррасӣ ва санҷиши аризаҳо нишон дод, ки Садуридинов М.Қ. моҳи майи соли 2010 дар шаҳри Дубай… аз шаҳрвандон Кабутов Н.Б. 130 000 доллар, аз Холов С.И. 120 000 доллар ва аз Қаюмов Н.Ш. 180 000 доллар (ҷамъан 430 ҳазор доллар) гирифта, ваъда медиҳад, дар баробари маблағи аз онҳо гирифтааш, ҳар моҳ аз 10 то 12% фоида хоҳад дод."

Дар идома омадааст: "Садуридинов М.Қ. ду моҳи аввал… 5-6%-и маблағи пулиро ҳамчун даромади бадастомада бармегардонад ва баъди ду моҳ ба Кабутов Н.Б., Холов С.И. ва Қаюмов Н.Ш. дар бораи муфлис шудани тиҷорати худ хабари бардурӯғ дода, моҳи ноябри соли 2010 аз шаҳри Дубай ба шаҳри Бишкек ва аз он ҷо ба макони қарордошти имрӯзааш Аврупо фирор мекунад."

Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон
Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон

Муҳаммадиқболи Садриддин рӯзи 16-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ даъвои Додситонии кулро "беасос" номид ва ба фаъолиятҳои сиёсиаш рабт дод. Ӯ гуфт, "ба навиштаи Додситонӣ нигоҳ кунем, дар онҷо аз Сиёвуш Холов ном бурда шудааст. Вай соли 2010 даргузаштааст. Ман ӯро дида будам, вале хеле хурд буд. Чӣ гуна аз ӯ пул мегирифтам? Вай чӣ хел баъд аз даҳ соли маргаш ба Додситонӣ муроҷиат кардааст? Ин асос надорад."

Мудири сомонаи "Ислоҳ" дар идома афзуд, "нусхаи шиноснома ва имзои Носиҳиддин Қаюмов ва Неъматулло Кабутов ва чанд нафари дигар дар дасти ман аст. Ҳама афроде, ки номашон рафтааст, аз ман қарздоранд, на ман аз онҳо."

Илова ба ин, ба гуфтаи Муҳаммадиқболи Садриддин, онҳо моҳи августи соли 2011 дар Дубай тиҷоратро ба роҳ монда буданд, на соли 2010, ҳамон тавр ки дар иттилои Додситонии кул ишора шудааст: "Ман аз онҳо маблағ нагирифтаам, балки сармоя гузоштаам. Санадҳо ҳаст, ки ба Носиҳиддин Қаюмов 741 ҳазор доллар додаам. Ҳоло Носиҳиддин Қаюмов дар Тоҷикистон нест, фирор кардааст ва чӣ гуна ба мақомот муроҷиат кардааст?"

Муҳаммадиқболи Садриддин дар посух ба суоли онки ин қадар дороӣ аз куҷо буд, гуфт, "дар Дубай ширкати сайёҳӣ доштам ва ҳар моҳ то 100 ҳазор доллар ва гоҳе аз он бештар сармоя дошт. Дар Тоҷикистон ширкати “Кавсар ЛТД” доштам, ки ба харид ва фурӯши техникаи компютерӣ машғул буд. Бунёди ҷамъиятии “Васатият” доштам ва беш аз 1 миллиону панҷсад ҳазор нусха китоб нашр ва беш аз 118 китоб тарҷума ва таълиф кардам. Дар Бишкек аз соли 2013 се ширкат доштам. Яке “КАФРИК” буд, ки ба тиҷорат ва истихроҷи оби тоза аз зери замин (скваж) машғул буд."

Ҳоло маълум нест, чаро воқеаҳои даҳ сол пеш акнун сабаби ифтитоҳи парванда шудаанд ва Додситонии кул ҳанӯз ба баёнияҳои Муҳаммадиқболи Садриддин вокуниш накардааст.

Як рӯз пеш Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, ба зидди Муҳаммадиқболи Садриддин бар асоси қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ, "қаллобӣ бо расонидани зарари махсусан калон", парванда кушодааст ва ӯро ҷустуҷӯ мекунад.

Ҳоло дар феҳрасти Интерпол ё пулиси байналмилалӣ номи 30 шаҳрванди Тоҷикистон ҷой дода шудааст. Дар гузашта Бонки Миллии Тоҷикистон рӯйхати афроди "алоқаманд ба терроризм" ва аъзои гуруҳҳои ифротгароро таҳия карда буд, ки номи 2647 нафарро дар бар мегирад ва ҳамагуна амалиёти бонкиро барояшон манъ кардааст. Дар он рӯйхат номи чанде аз сиёсатмадорон ва ҷонибдорони гуруҳу ҳизбҳои сиёсӣ низ ҳастанд.

Мақомот онҳоро ба ифротгароиву пуштибонӣ аз терроризм муттаҳам кардаанд, вале худи онҳо мегӯянд, дар як саф ҷой додани террористон ва мухолифони сиёсӣ "аз рӯйи адолат нест". Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ низ борҳо Тоҷикистонро барои суистифода аз маъракаи мубориза бо терроризм ва саркӯби дигарандешон танқид кардаанд.

XS
SM
MD
LG