Саидамир Зуҳуров, раиси пешини Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, муовини сарвазир, Вазири корҳои дохилӣ ба синни 70 расид. Чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ зодрӯзро ба ӯ шодбош мегӯянд ва эътироф мекунанд, ки Саидамир Зуҳуров яке аз хушномтарин мансабдорони пешини Тоҷикистон аст, ки мавриди писанд ва меҳри ҷомеа қарор гирифтааст. Дар арафаи зодрӯзаш хабарнигори Радиои Озодӣ Маҳмудҷон Раҳматзода бо чанд суоле ба ӯ муроҷиат кард ва нахустин ин буд, ки рози чунин мунсибати мардум нисбат ба ӯ чист, ки ҳатто пас аз чандин соли дурияш аз корҳо ва бознишастагияш дар ҳалқаи хонавода ба некӣ ёдаш мекунанд?
Сайдамир Зуҳуров: “Ба халқ ҳеҷ гоҳ дурӯғ гуфтан лозим нест, ҳама вақт рост будан даркор. Халқ ҳамаи чизро мефаҳмад, халқро эҳтиром кардан даркор, дар он сурат, халқ ҳам туро эҳтиром мекунад. Дурӯғ гуфтӣ, дурӯғ кор кардӣ, халқ дигар намепазирад. Фикр мекунам, ки ҳамин сабаби асосияш бошад. Ҳамчунин мардум мегӯяд, ки ба ғазаби Худо ва халқ гирифтор нашавӣ, ин ҳардуяш як чиз ҳаст. Чӣ ғазаби халқ, чӣ ғазаби Худо ҳарду баробар аст.”
Аммо ба ақидаи бархе аз корбарон Саидамир Зуҳуров дар давраи ҳассоси ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97 ва дар давраи эҷоди сулҳу тафоҳум сари кор омадааст, ки барои бисёриҳо ин имконро фароҳам оварда буд, ки хидматҳои арзанда кунанд ва номашонро дар таърих сабт намоянд. Бо вуҷуди ин, вай дар арсаи муҳаббат ва эътирофи мардум тақрибан ягона аст.
Саидамир Зуҳуров соли 1951 ба дунё омада, Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанберо хатм кардааст. Фаъолияташро аз муаллими фанни таърих шурӯъ карда, то дар рутбаи генерал-полковиник расидааст. Аз моҳи феврали соли 2016 бознишаста аст. Мақоми охирини ӯ дар ниҳодҳои давлатӣ сардори Сарраёсати ҳифзи сирри давлатӣ буд. Зуҳуров мегӯяд, агар аз сари нав ба дунё ҳам меомад, боз ҳамин роҳро интихоб мекард.
“Шояд, ки боз беҳтару хубтар анҷом медодам, дигар ман роҳ надоштам ва надорам. Бо ҳамин роҳ мерафтам боз беҳтару хубтар. Пеш аз ҳама навигариҳое, ки барои беҳбудии зиндагии халқ оварда мерасонд. Кори дастаҷамъӣ бо дигар роҳбарони Тоҷикистон мекардам”, -- гуфт Зуҳуров
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Зуҳуров ду соли пеш аз як сактаи мағзӣ ҷон ба саломат бурд. Наздиконаш мегӯянд, кори шабонарӯзиаш ба саломатии ӯ бетаъсир намонд. Салима Вадудова, ҳамсари Зуҳуров гуфт, дар беш аз 40 соли зиндагӣ бо генерал ҳамаи душвориҳоро пушти сар карданд. Онҳо соҳиби ҳашт фарзанд шуда, зиёда аз даҳ набераро тарбият доранд. Мегӯяд, ки то охири ҳаёт ба гарав афтодани шавҳарашро фаромӯш намекунад.
Саидамир Зуҳуров дар моҳи феврали соли 1997 дар наздикии шаҳраки Обигарм худро ба дасти як гуруҳи мусаллаҳи саркаш супурд, то даҳҳо гаравгон, ки дар байнашон рӯзноманигорон ҳам буданд, озод карда шаванд. Озодшудагон то ҳоло мегӯянд, Зуҳуров ба онҳо умри дубора бахшид.
Салима Вадудова, ҳамсари генерал Зуҳуров, бо ёдорварӣ аз он воқеа мегӯяд, “ҳамон вақт субҳ аз хона баромада рафт, пеш аз баромадан ба мо гуфт, ки Кӯлоб раҳсипор аст, чун дар онҷо вохурӣ дорем. Вақте рафтанд, дигар шаб шуд, барнагашт. Аз амният телфон кардан гуфтанд, ки камтар дертар меояд, вале ман огоҳ шудам, ки чӣ воқеае шуд. Баъд аз амният омада хабар доданд ва дар сархати расонаҳо қарор гирифт мо огоҳ шудем. Дигар дар тарсу ҳарос будем, ки ҳозир кушта ҷасадашро ба мо медиҳанд, вале баъди 11 рӯз озод шуданд.”
Зуҳуров мегӯяд, дар замони роҳбариаш воқеан рӯзҳои сахтеро паси сар кардааст ва рӯзҳое ҳам буд, ки ӯ, ҳарчанд мардҳо намегирянд, ашк рехтааст. Ӯ гуфт ,“вақте роҳбар корманди кушташудаи худро мебинад, ки вай ҷонашро барои истиқлолияти ҷумҳурӣ, барои миллат фидо кардааст, месӯзад. Ин лаҳзаҳо бисёр буданд. Чӣ дар Кумитаи амният, чӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ, чӣ дар қувваҳои сарҳадӣ ман роҳбар будам мегиристам”.
Аз Саидамир Зуҳуров то кунун ба ҳайси кадри ҳирфаӣ ва таҷрубадор ном мебаранд ва дареғ мехӯранд, ки зуд ба нафақа фиристода шуд, Аз сӯе ҳам талоше накард, ба мансабҳои баландтар расад, шояд метавонист, дар рушди кишвараш саҳми бештаре дошта бошад. Вале худи ӯ аз корномааш розист ва мегӯяд, гуворотарин лаҳзаи кориаш рӯзи имзои созишномаи сулҳи Тоҷикистон дар соли 1997 буд: “Чунки ман ҳам камакак дар ин кор ҳисса дорам. Ин беҳтарин натиҷаи кори ман аст.”
Дар бораи рафтан Саидамир Зуҳуров дар яке аз суҳбатҳои пешинааш бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки мансабдорон бояд дурудароз дар курсӣ намонанд, зеро тавонмандияшон танҳо муддати муайян ба иҷрои вазифаҳо имконият медиҳад.
Генерали мустаъфӣ наберагонашро ҳамчун сарбозони худ медонад. Бо фармони “саф кашед” онҳоро ба наздаш даъват мекунад. Дар ҳар суханаш ба онҳо аз адолату инсоф мегӯяд. Маҳалгароиро заъфи ҷомеа медонад. Ба таъкиди Зуҳуров “касе, ки ба ин кор (маҳалгароӣ) машғул аст, вай душмани Тоҷикистон ва тоҷикистониён аст. Ҳамаи мо як миллат, як мардум ҳастем ва як Тоҷикистон дорем”.
Ситоише, ки мардум имрӯз аз Сайидамир Зуҳуров мекунанд, дар баробари интиқоде, ки аз даҳҳо мансабдор ва ҳукуматҳои давраи соҳибихтиёрии Тоҷикистон садо медиҳад, ғайримуқаррарӣ ё ҳадди ақал ҳодисаи нодир шумурда мешавад. Ки ба хислатҳои инсонии худи ӯ бармегардад.