Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари Саидамир Зуҳуров: "Вазъи падарам муътадил аст"


Саидамир Зуҳуров
Саидамир Зуҳуров

Генерал-полковник Саидамир Зуҳуров, раиси собиқи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, рӯзи 23-юми январ бо сактаи мағзии паҳлӯи чапаш дар бемористони Қарияи Боло бистарӣ шуд. Дар ин бора хабаргузории "Азия-Плюс" бо такя ба як манбаи худ дар ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.

Яке аз наздикони Саидамир Зуҳуров ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ташхис муайян кард, ӯ "микроинсулт" шудааст. Ҳолати ӯро шоми сешанбе мӯътадил арзёбӣ карда, пизишкон машварат додаанд, ки дар оромӣ ва зери назари табибон бошад. Бахтиёр Зуҳуров, писари Саидамир Зуҳуров низ рӯзи 23-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ шаби гузашта ба бемористон интиқол ёфт. "Якбора аҳволашон бад шуд, ба бемористон овардем. Ҳоло вазъашон муътадил аст. Гап мезананд, аммо бояд ҳаракат накунанд, хоб раванд", - афзуд ӯ.

Зуҳуров, ки раҳбари собиқадори Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон буд, аз феврали соли 2016 дар нафақа аст. Охирин вазифаи ӯ раиси Сарраёсати ҳифзи асрори давлатӣ дар назди ҳукумати Тоҷикистон буд. Дар ин вазифа ӯ даҳ сол кор кард.

Рӯзе, ки аз мақоми раиси Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ рафт, гуфт, "нафақа худ як давлати калон аст" ва дар аввалин фурсат бо наберапоӣ машғул мешавад.

Зуҳуров аз бемории қалб ранҷ мекашад ва соли 2017 баъди як ҷарроҳии вазнин дар Ҳиндустон ба Тоҷикистон баргашт. Раиси собиқи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 1-уми июни соли 2017 дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҳанӯз ҳам осори дард боқӣ мондааст.

Он замон ӯ ҳамчун мушовири ширкати мухобиротии "Билайн" дар Душанбе кор мекард. Зуҳуров гуфт, ӯро барои кор ба ширкати мухобиротӣ дар марҳилае даъват карданд, ки баъди озод шудан аз мақоми раҳбари Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи феврали соли 2016 бознишаста шуд.

Саидамир Зуҳуров, ки дар марҳилаи доғи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон (1992-1996) аввалин раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ буд ва баъдан дар вазифаи вазири умури дохилӣ ҳам ифои вазифа кардааст, гуфт, дар маҷмӯъ аз зиндагиву кораш розӣ аст. Ҳарчанд, ба гуфтааш, имрӯзҳо бо сабаби маризӣ наметавонад тамоми вақт сари кор бошад, вале шод аст, ки ҳамчун як фарди ботаҷриба дар ҳолатҳои зарурӣ ба машварату маслиҳати ӯ ниёз пайдо мешавад.

Наҷоти журналистон – ҳодисае, ки Саидамир Зуҳуровро барҷаста кард

20 соли пеш дар давоми ду ҳафтаи моҳи феврал Тоҷикистон беш аз пеш дар маркази таваҷҷӯҳи расонаҳои байналмилалӣ ва ҳам сохторҳои интизомӣ қарор дошт. Ҳамин ҳодисаҳо, ба қавли бархе коршиносон, Саидамир Зуҳуровро барои бисёриҳо ба ҳайси як шахсияти нотарс ба намоиш гузошт.

Маҳдии Собир
Маҳдии Собир

Маҳдии Собир, таҳлилгари масоили амниятӣ гуфт, "ҳатто дар бӯҳрони ба гарав гирифта шудани гурӯҳи журналистони расонаҳои дохиливу хориҷӣ аз ҷониби силоҳбадастони гурӯҳи Ризвон Содиров дар охирҳои солҳои 1990 Зуҳуров мисли инсон ва чекисти ботаҷриба амал кард. Бо вуҷуди ноамнӣ худаш ба назди силоҳбадастон ба минтақаи Оби Гарм рафт. Дар ивази озодии хабарнигорону намояндагони созмонҳои байналмилалӣ худро гаравгони онҳо намуд ва то замони ҳалли пурраи масъала дар ҳамон ҷо монд."

Ризвон Содиров
Ризвон Содиров

Дар он ҳодиса бародари қумандони саркаш Ризвон Содиров – Баҳром Содиров, ки аз ҷангиёни ҷабҳаи мухолифин маҳсуб меёфт, гурӯҳи нозирони СММ ва журналистони хориҷиро ба гарав гирифт. Баъд аз муддате Ризвон Содирову зердастонаш кушта шуданд, вале ин амали Зуҳуровро ҳеҷ яке аз шоҳидону ширкатдорони қазияи гаравгонгирӣ фаромӯш накард. Худи Зуҳуров дар робита бо он ҳодиса дар мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ дар соли 2016 гуфта буд, ки "ман вазифаамро иҷро кардам. Масъулияте, ки ба дӯш доштам, мувофиқи ҳамон амал намудам."

Баъди нафақа ҳам Саидамир Зуҳуров аз афроди пуриттилоъ аст ва бо авзои амниятии кишвар ва минтақа хеле хуб ошност.

Ҳамкорони собиқадори генерал мегӯянд, ӯ дар тамоми солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон аз кор дар мушкилтарин шароит намеҳаросид ва агар зарур буд, ба доғтарин гӯшаи шарқи кишвар, ки он замон истеҳкоми нирӯҳои мухолифини исломӣ маҳсуб мешуд, сафар мекард. Генерали мустаъфӣ Нуралишо Назаров гуфт, "агар гӯям, ки Зуҳуровро беш аз ҳар каси дигар хуб медонам, иштибоҳ намекунам. Вай пеш аз ҳама инсон аст ва профессионали касби худ аст."

"Дар ҳар ҳолат як инсони ботамкин ва дар интихобу тарбияи кадрҳои ҷавон хеле ҷиддӣ аст. Барои вай хешу табор ё маҳаллу минтақа аслан арзиш надорад, танҳо ба маҳорат ва истеъдод таваҷҷӯҳ мекунад. Вақте ки ҷарроҳӣ шуд, бисёриҳо мепурсанд, ки вазъаш чӣ хел шудааст. Дар солҳои нооромӣ ба минтақаҳои ҷангзадае мисли Чилдара ва Тавлидара мерафт ва аз аҳволи сарбозон хабар мегирифт, ба онҳо ёрӣ мекард. Ҳоло баъди нафақа ҳам Зуҳуров аз афроди пуриттилоъ аст ва бо авзои амниятии кишвар ва минтақа хеле хуб ошност ва бо таҷрибаву собиқае, ки дорад, барои ҷомеа ҳамеша зарур аст", - афзуд Нуралишо Назаров, ки солҳои 70-ум бо Зуҳуров корро дар сохтори КГБ-и Шӯравӣ оғоз кардааст.

Нуралишо Назаров
Нуралишо Назаров

Дурӣ аз матбуот

Вале дар як соли охир робитаҳои Саидамир Зуҳуров бо матбуот тадриҷан кам шудааст ва ӯ на ҳамеша омода мешавад, ки дар бораи таҳаввулоти кишвар изҳори назар кунад. Вале дар мусоҳибаҳои гузаштааш, аз ҷумла, бо Радиои Озодӣ, Зуҳуров изҳороте додааст, ки мешавад онҳоро ҳамчун хислатҳои ин шахс ёд кард.

Аз ҷумла, соли 2011 дар як сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ ӯ гуфта буд, эҳтимоли сар задани инқилобҳои ранга дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Далелаш, ба гуфтаи ӯ, дар “сулҳест, ки бар ивази ҷон ва хуни чандин ҷавонони тоҷик ба даст омадааст ва ҳар як тоҷики боақл бояд, ин сулҳро бо нохун ва бо дандон ҳифз кунад, то он халал наёбад”. Вай гуфта буд, “ягон мансаби дунё ба як қатра хуни инсон намеарзад”.

Саидамир Зуҳуров
Саидамир Зуҳуров

Дар мавриди дигар дар масъалаи ишғоли тӯлонии як курсии раҳбарикунанда аз ҷониби мақомдоре гуфта буд, ки як шахси мансабдор “агар 90 дар сади кӯшишу ҳаракатро барои иҷрои ҳамон кори вазифавии худ диҳад, дар ҳамон чор-панҷ сол хаста мешавӣ ва дигар ҳеҷ кор карда наметавонад”. Вай дар идома гуфт, "аз тарки мақом кардан тарсидан лозим нест. Сад сол ҳам бошад, як рӯз не як рӯз меравӣ. Мисли мард бояд қабул кард."

Рӯзе, ки аз мақоми раиси Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ рафт, гуфт, "нафақа худ як давлати калон аст" ва дар аввалин фурсат бо наберапоӣ машғул мешавад.

XS
SM
MD
LG