Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табибон: "Зуҳуров дар бахши эҳёгарӣ, аммо вазъаш мӯътадил аст"


Саидамир Зуҳуров
Саидамир Зуҳуров

Пайвандону дӯстони генерал Саидамир Зуҳуров бо гузашти ду рӯз аз бистарӣ шудани ӯ мегӯянд, ки раиси собиқи Кумитаи амнияти миллӣ ҳамоно дар утоқи эҳёгарӣ ва зери назари пизишкон қарор дорад. Вазъи ӯро “муътадил” арзёбӣ мекунанд.

Генерал Саиданвар Камолов, ки аз ҳоли Саидамир Зуҳуров дар бемористон хабар гирифтааст, гуфт, "вазъи саломаташ хуб аст"

Саидамир Зуҳуров, раиси собиқи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, шоми 22-юми январ бо сактаи мағзӣ (вайроншавии гардиши хун дар мағзи сар) дар шӯъбаи эҳёгарии бемористони Қарияи Боло бистарӣ шуд. Ҳарчанд табибон вазъи саломати ӯро “вазнини миёна” арзёбӣ мекунанд, мегӯянд, ки ӯ бидуни мушкил суҳбат мекунад.

Таҳти назорати вазири тандурустӣ

Зуҳуров зери назари вазири тандурустии Тоҷикистон қарор дорад. Табибон суҳбат бо ӯ ва ворид шудан ба утоқашро ба дустону хабарнигорон иҷозат намедиҳанд. Рӯзи 24-уми январ табибон гуфтанд, ки ҳоло ӯ бояд дар ҳолати оромӣ ва зери назари пизишкон бошад.

Насим Олимзода
Насим Олимзода

Аммо як манбаи огоҳ аз вазъи Саидамир Зуҳуров бидуни бурдани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин ду рӯз дар бемористон дар баробари Насим Олимзода, вазири тандурустии Тоҷикистон, чанд мақоми дигари ҳукумат, аз ҷумла раиси Маҷлиси Миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ҳоли ӯ хабар гирифтааст.

Генерал Саиданвар Камолов, ҳамкори собиқ ва яке аз дӯстони наздики Саидамир Зуҳуров ҳам, ки аз ҳоли ӯ дар бемористон хабар гирифтааст, дар сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ вазъи саломаташро хуб арзёбӣ кард. Вай изҳори умед кард, ки пизишкон барои барқарор шудани саломати Зуҳуров тамоми талоши худро ба харҷ медиҳанд.

Назаров: Баъди ҷарроҳӣ дар Ҳиндустон сиҳат ёфта буд

Ин шабу рӯз генерали дигари тоҷик Нуралишо Назаров барои саломати Саидамир Зуҳуров дуо мекунад. Собиқ муовини фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки шунидани хабари бемории дӯсташ барои ӯ ғайричашмдошт буд. Зеро, ба қавли ӯ, дар ин авохир Зуҳуров аз саломаташ шикояте надошт.

Саиданвар Камолов
Саиданвар Камолов

“Як моҳи пеш бо ӯ суҳбат доштам, аз дарде шикоят намекард. Вақтҳои ахир ҳатто сигор намекашид. Баъди ҷарроҳӣ дар Ҳиндустон сиҳат ёфта буд. Ростӣ, дигар нафаҳмидам, чаро ин хел шудааст”, - гуфт ӯ. Нуралишо Назаров афзуд, дар бораи бемории Саидамир Зуҳуров дирӯз огоҳ шуд ва ният дорад, ки дар наздиктарин фурсат ба аёдати ӯ биравад.

Саидамир Зуҳуров, раиси пешини Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, аз моҳи феврали соли 2016 дар нафақа аст. Мақоми охирини ӯ сардори Сарраёсати ҳифзи сирри давлатӣ дар назди ҳукумати Тоҷикистон буд. Дар ин вазифа ӯ даҳ сол кор кард.

"Аз бемории қалб ранҷ мекашид"

Саидамир Зуҳуров дар марҳилаи доғи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон (1992-1996) аввалин раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ буд ва баъдан дар вазифаи вазири умури дохилӣ ҳам ифои вазифа кардааст. Ӯ солҳои ахир аз бемории қалб ранҷ мекашид ва соли гузашта баъди як ҷарроҳии вазнин дар Ҳиндустон ба Тоҷикистон баргашт.

Нуралишо Назаров
Нуралишо Назаров

Аз Саидамир Зуҳурови 67-сола ба ҳайси кадри ҳирфаӣ ва таҷрубадор ном мебаранд. Ин аст, ки хабари бемории ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам бисёриҳоро нороҳат кард. Аз ҷумла, чанд хабарнигоре, ки бо кумаки Зуҳуров аз дасти силоҳбадастони гурӯҳи тарафдори Ризвон Содиров дар охирҳои солҳои 90-ум озод шуданд, бо иншои паёму дуоҳои нек хостори зудтар барқарор шудани саломатии генерал гардидаанд.

XS
SM
MD
LG