Мақомоти тандурустии вилояти Суғд, бо гузашти тақрибан як сол аз рӯ задани COVID-19, гузориши Радиои Озодиро дар бораи нахустин ҳолати ошкоршудаи эҳтимолии ин сироят дар як ноҳияи ҳаммарзи Қирғизистон тасдиқ карданд. Шоми 5 апрели соли 2020 Радиои Озодӣ бо такия ба чанд манбаъ хабар дод, ки пас аз фавти марди 60-сола дар бемористони ноҳияи Ҷаббор Расулов, 11 корманди он таҳти карантин гирифта шуданд. Ин хабар дар сомонаҳои Радиои Озодӣ зиёда аз 5 миллион бор хонда шудааст.
Намояндагони ниҳодҳои тандурустӣ он замон дар нишастҳои таъҷилии хабарӣ дар Душанбе ва Хуҷанд хабари бо коронавирус рабт доштани ин рӯйдодҳоро рад карданд.
Акнун Фаррух Мақсудзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд дар нишасти хабарии 17 феврал гуфт, нахустин ҳолатҳои гирифторӣ ба COVID-19 дар шимоли кишвар даҳ адад будаанд: “Бори аввал дар охири моҳи апрел 7 ҳолат дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва 3 мавриди дигар дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд ва Бобоҷон Ғафуров ба қайд гирифта шуд”.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мақсудзода ба саволи рӯзноманигорон, ки чаро масъулон он вақт ин хабари расонаҳоро тасдиқ накарданд, чунин посух дод: “Аввалин маротиба дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мо сокинонро бо нишонаҳои бемории коронавируси COVID-19 дар беморхонаи сироятии шаҳри Хуҷанд бистарӣ кардем. Он вақт мо ташхисгоҳи коронавирус надоштем ва тестҳоро ба Душанбе фиристодем, ки ҷавобаш мусбат баромад”.
Он замон мақомот фавти шаҳрванди 60-соларо тасдиқ карданд, вале гуфтанд, ки ӯ на аз COVID-19, балки аз бемории пневмония ё илтиҳоби шуш фавтидааст. Бибихонум Дарвешзода, сухангӯи вақти Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 6-уми апрели соли 2020 гуфт, ки сокини 60-солаи ноҳияи Ҷаббор Расулов қабл аз марг аз ташхиси коронавирус гузашта буд ва нишонҳои ин вирус дар ӯ тасдиқ нашуд. Ҳамзамон мақомоти тандурустии ҷумҳурӣ ва вилоят тасдиқ карда буданд, ки 13 кормандони беморхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки бо ин бемор сару кор доштанд, фавран карантин шуданд.
Маъруфҷон Ҳоҷибоев, муовини сардори раёсати тандурустии вилояти Суғд дар нишасти хабарии 6 апрели соли 2020 дар шаҳри Хуҷанд гуфта буд: "Дар онҳо илтиҳоби болои роҳи шуш ошкор гардида, 2 нафар ҳарорат доштанд, ки ҳоло паст шудааст. Дар ҳоли ҳозир дар вилояти Суғд ягон нафар гирифтори коронавирус ба қайд гирифта нашудааст."
Он раддияҳо ва кашолкорӣ дар эътирофи мавҷудияти коронавирус дар Тоҷикистон ҳоло тавре асоснок карда мешаванд, ки мақсади ҳукумат пешгирӣ аз ангехта шудани воҳима ва ҳифзи эътидол буд. Аммо масъулияти ҳуқуқии пинҳон доштани маълумоте, ки ба саломатӣ ва ҳаёти одамон таҳдид мекунад, то ҳол баррасӣ нагаштааст. Ҳамчунин рӯшан нест, ки кӣ ва кадом ниҳод ба махфӣ кардани ин маълумот дастур додааст.
Аммо аввалҳои моҳи майи соли 2020 вазири тандурустии Тоҷикистон Насим Олимзода аз мақомаш барканор шуд. Дар нимаҳои моҳи июни он сол ҳарсе муовини ӯ низ “ба кори дигар гузаштанд”. Пас аз эътирофи ҳастии COVID-19 дар Тоҷикистон низ мақомот, ба гуфтаи расонаҳо ва фаъолони шаҳрвандӣ, дар нашри омору маълумоти росту дақиқ пешрафт накарданд. Бино ба гузориши онҳо, масалан, дар соли гузашта 4392 сокини вилояти Суғд сироят дида, аз онҳо 30 кас фавтидааст. Вале гуфта шуд, ки дар соли гузашта гирифторӣ ба “илтиҳоби шуш” ба таври бесобиқа зиёдтар ба қайд гирифта шудааст.
Маъруф Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустӣ дар вилояти Суғд рӯзи 17 феврал гуфт: “Ҳамасола мо ҳудуди 13 ҳазор нафарро бо бемории илтиҳоби шуш ба қайд мегирифтем ва соли 2019 низ ин адад тақрибан тағйир наёфт. Вале соли 2020 дар ҳама дармонгоҳҳои вилоят қариб 19 ҳазор нафар гирифторони илтиҳоби шуш дар вилояти Суғдро ҳисоб кардем”.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, аз замони эътирофи мавҷудияти коронавируси нав дар Тоҷикистон (30 апрели соли 2020) то оғози имсол 13 ҳазору 308 кас аз он сироят дида, 90 нафар фавтидаанд. Омори ғайрирасмии беморон ва талафот аз коронавирусро дар Тоҷикистон бештар аз ин медонанд.