Мақомоти тоҷик аз коҳиши бесобиқаи вуруди сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон хабар доданд. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон эълон кард, ки дар як соли гузашта омадани сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон то 47 дарсад кам шудааст.
Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ рӯзи 16-уми феврал зимни нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, соли 2020 ба иқтисоди Тоҷикистон дар ҳаҷми 428 миллион доллар сармоя ворид шудааст ва тақрибан 162 миллион доллари он сармояи мустақими хориҷӣ аст.
Ҳарчанд Тоҷикистон талош дорад, бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ҳамкориҳои иқтисодиро ба роҳ монад, солҳои ахир Чин ҳамчун шарики стратегӣ ва сармоягузори аслии тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон мондааст.
Саъдӣ Қодирзода таъкид кард, ки давлати Чин бо беш аз 150 миллион доллар сармоя ба Тоҷикистон дар ҷойи аввал қарор дорад ва Арабистони Саудӣ бо ворид кардани 39 миллион доллар ва Филиппин бо 36 миллион доллар дар мақоми баъдӣ ҷой доранд. Масъулини кумитаи сармоягузорӣ мегуянд: “Дар шароити рақобати барои ҷалби сармоя ва бо назардошти таъсири пандемияи коронавирус ва марҳилаи баъдӣ он, кумита тамоми имкониятҳои худро барои ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла сармояи мустақим равона хоҳад кард".
Кумитаи сармоягузорӣ мегӯяд, коҳиши сармояи мустақими хориҷӣ дар соли 2020 дар ҷаҳон 42 дарсадро ташкил дод ва ин раванд эҳтимол дар соли 2021 низ бо коҳиши то даҳ дарсадӣ идома ёфта, барқароршавии он дар соли 2022 бо назардошти беҳтар шудани вазъ дар назар гирифта шудааст.
Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон ба дурнамои иқтисодии кишвар ва ҷалби бештари сармояҳои хориҷӣ бо беҳ шудани вазъи беҳдоштӣ умед бастаанд, масъалаи ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон пеш аз пандемия низ бо мушкилоти фасод ва ношаффофият рӯбарӯ будааст.
Бо вуҷуди дарёфти беш аз 400 миллион доллар кумакҳои ройгони молӣ, ёриҳои хориҷӣ, кишвар барномаи рӯшани ҳифзи иқтисодро аз паёмадҳои пандемия нашр накардааст. Ахиран Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар гузориши нави худ бо номи “Муҳити сармоягузорӣ дар Тоҷикистон – 2020” Тоҷикистонро макони “чолишбарангез ва ё душворе барои пешбурди бизнес" хонда буд.
Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки ширкатҳои амрикоӣ, коррупсияро аз монеаҳо барои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ном бурда, гуфтаанд, бо мавридҳои ришваситонӣ дар гумрук, андоз ва озмунҳои хариди давлатӣ ва гирифтани иҷозатнома барои кор дар Тоҷикистон дучор омадаанд.
Аммо Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ дар нишасти рӯзи сешанбе дар ин маврид дақиқан изҳори назар накард, аммо гуфт, "қонун дар бораи сармоягузорӣ қабул шудааст, сармоягузор вақте ворид мешавад, мо тибқи қонун дар бораи созишномаҳо як қатор имтиёзҳои андозиву гумрукӣ пешбинӣ шудааст. Мо чанде пеш ҳам бо намояндаҳои ширкатҳои амрикоӣ форуми маҷозӣ баргузор кардем ва онҳо низ дар бораи пеш бурдани фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон чизе нагуфтанд ва баракс онҳо хоҳони васеъ намудани ҳамкориҳо буданд, ки дарин замина гуруҳи корӣ ин масъаларо омухта истодааст".
Таҳлилгарон мегӯянд, андозҳои гарон, фазои носолими сармоягузорӣ ва ба ҳама ширкату корхонаҳо имтиёзи баробар надодан, зоҳиран аз омилҳоеянд, ки дар баробари соҳибкорон, ҷилави сармоягузорони хориҷиро низ дар кишвар мегирад.
Нуриддин Қаюмов, иқтисоддони тоҷик гуфт, "бояд шароити хуб фароҳам кард. Бояд фасод дар кишвар набошад. Механизми моливу иқтисодӣ ба фоидаи соҳибкорон кор кунад. Шароитҳои бисёре бояд муҳайё сохт, ки онҳо ҳавасманд шуда, ба Тоҷикистон оянд ва бо мо кор кунанд".
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ мегӯяд, феълан дар Тоҷикистон 70 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 3,5 миллиард доллар амалӣ карда мешавад. Тақрибан 50 фоиз дар сохтори ин лоиҳаҳо қарзҳо, зиёда аз 45 фисад грантҳо ва боқимонда саҳми ҳукумати Тоҷикистон будааст.