Баъд аз тақрибан як соли эътирофи мавҷудияти коронавирус дар Тоҷикистон ва тақрибан ду моҳи, ба иддаои мақомот, "орӣ будани кишвар аз беморӣ" ҳанӯз масъалаи пулакӣ ё бепул будани табобати гирифторони бемории ҳамагир ниҳоӣ нашудааст.
Вазири тандурустӣ бо исрор мегӯяд, ки табобати беморони COVID-19 бепул буд ва дар сурати сабти мавридҳои нав низ табобат ройгон аст, аммо корафтодаҳо гуфтанд, бо пули худ муолиҷа карданд.
"Пурра бепул буд"
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ, рӯзи 12-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, "бо боварӣ гуфта метавонам, ки табобати гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон пурра ройгон буд".
"Вақтҳое мешуд, ки 3 дафъа ҷаласаи ситод мегузарондам ва аз ҳар сартабиб дар бораи будан ё набудани дору мепурсидам. Айни замон 103 миллион доруе, ки барои табобати беморон истифода мешавад, дар анборҳои вазорат захира шудааст", -- афзуд ӯ.
Онҳое, ки бемор шудаанд, баръакси изҳороти вазири тандурустиро мегӯянд. Абдураҳмон Раҳмонов, рӯзноманигори тоҷик, моҳи майи соли гузашта бо нишонаҳои коронавирус бистарӣ шуд. Ӯ гуфт, дар санадҳо бемориашро "илтиҳоби шуш" сабт кардаанд, вале натиҷаи ташхисро мутахассисони дар Русия коронавирус номидаанд.
"Вақте эътироз кардем, гуфтанд, доруҳоро гиред"
Ба қавли Раҳмонов, бист рӯз дар хона ва баъдан дар бемористон табобат гирифт ва ҳамаи доруҳоро худ хариду ҳудуди 5 ҳазор сомонӣ харҷ кард.
"Баробари ба беморхона расидан, пизишкон варақаи доруҳоро доданд, ки бояд онҳоро бигирем. Беморони дигар низ доруҳоро мехариданд. Вақте эътироз кардем, ки табобат ройгон аст, пизишкон гуфтанд, фақат ҷойи хоб ва хизмати пизишкон ройгон аст, доруҳоро бояд беморон гиранд", -- нақл кард ӯ.
Абдураҳмон Раҳмонов танҳо беморе нест, ки мегӯяд табобаташ аз коронавирус ройгон набуд. Дар як назарпурсии Радиои Озодӣ дар моҳи июли соли гузашта, тақрибан ҳамаи мусоҳибони мо гуфтанд, табобати онҳо ё хешовандонашон аз коронавирус бепул набуд.
Навор аз бойгонии Радиои Озодӣ:
Рӯзи 12-уми феврал дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук низ даҳҳо нафар дурустии изҳороти вазири тандурустиро зери суол бурдаанд.
Бар асоси Қонуни асосӣ, Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ аст ва пешбинӣ мекунад, хидматрасонии тиббӣ бепул бошад, вале дар амал сокинон ҳаққи табобатро мепардозанд.
Тибқи қарори рақами 600 аз соли 2008-ум як қатор хидматрасониҳои тиббиву беҳдоштии ройгон раддабандӣ шудаанд, ки ба шаҳрвандон дар муассисаҳои тандурустии давлатӣ расонида мешаванд.
Ба иттилои расмӣ, аз охири моҳи апрели соли гузашта, яъне замони эътирофи мавҷудияти коронавирус дар Тоҷикистон, то оғози имсол 13 ҳазору 308 кас ба бемории ҳамагир мубтало шуда, 90 кас ҷон бохтаанд. Омори ғайрирасмиро бештар аз ин медонанд. Ҳоло мақомот пойфишорӣ доранд, ки тайи тақрибан ду моҳи охир дар кишвар ягон мавриди сирояти бемории ҳамагир сабт нашудааст, вале суолу шубҳаҳо дар ин замина низ боқист.