Виктор Олсавски, пизишки 60-сола, раиси дафтари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Душанбе таъин шуд. Муаррифӣ ва мулоқоти нахустини Олсавски рӯзи 1-уми феврал дар Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон гузашт.
Бактигул Карриева, раҳбари пешинаи намояндагии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон, бино ба иттилои матбуоти маҳаллӣ, бо сабаби гирифторӣ ба коронавирус кишварро тарк карда, аз пайи муолиҷа ҳаст.
Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтанд, Виктор Олсавски ва муовини вазир Музаффар Ҳусейнзода ҳамкориҳо, "аз ҷумла, пешгирӣ ва назорати паҳншавии коронавируси нав"-ро баррасӣ карданд.
Дар мулоқот бо ӯ, Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар бораи вазъи бемории COVID-19 дар кишвар суҳбат кардааст. Бино ба иттилои вазорат, Абдуллозода гуфтааст, "хушбахтона, аз оғози моҳи январи имсол то имрӯз дар кишвар ягон ҳодисаи нави бемории мазкур ба қайд гирифта нашудааст."
Ин дар ҳолест, ки ҳамин вазорат рӯзҳои 2, 5 ва 10-уми январ аз сабти чанд мавриди сирояти бемории коронавирус хабар дода буд.
Ба иттилои расмӣ, аз баҳори соли гузашта то кунун коронавируси нав дар Тоҷикистон ба 13 ҳазору 308 нафар сироят карда, боис ба фавти 90 нафар шудааст. Вале аз оғози пандемия дар Тоҷикистон нобоварӣ ба омори расмӣ вуҷуд дошт, чун мақомот баҳори соли 2020 давоми ҳафтаҳо вуҷуди коронавирусро дар кишвар қотеона рад мекарданд, ҳарчанд дафни одамон зери чораҳои сахти беҳдоштӣ ҷараён мегирифт.
Дар рӯйхате, ки Радиои Озодӣ бар пояи далелҳои хешовандону кормандони тибби Тоҷикистон тартиб дод, то ин дам номи беш аз 230 қурбонии COVID-19 ва илтиҳоби шуш гирдоварӣ шудааст.
Дар пуштибонии мавқеи мақомоти Тоҷикистон, ки вуҷуди коронавирусро рад мекарданд, нақши раҳбари собиқи намояндаии СҶТ дар Душанбе хеле зиёд аст. Галина Перфилева барои ин мавқеаш мавриди интиқоди ҷомеаи маданӣ ва матбуот гардид, ҳарчанд худаш баъдан талош кард аз ин мавқеаш фосилагирӣ кунад.
Бактигул Карриева, раҳбари баъдии дафтари намояндагии СҶТ дар Душанбе, бино ба иттилои матбуоти маҳаллӣ дар Тоҷикистон, бо сабаби олудашавӣ ба коронавирус кишварро тарк карда, аз пайи муолиҷа шудааст.
Виктор Олсавски пеш аз таъин шудан ба мансаби раиси намояндагии СҶТ дар Тоҷикистон раҳбарии ҳамин дафтарро дар Боснияву Ҳерзоговина ба ӯҳда дошт.
Ӯ зодаи Руминия буда, хатмкардаи Донишгоҳи тиб ва дорусозии шаҳри Тимишуаруи ҳамин кишвар аст. Дар Вазорати беҳдошти Руминия кор карда, инчунин, таҳқиқоти илмӣ анҷом додааст. Корро дар сохторҳои Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ аз соли 1997 шуруъ кардааст.
То ҳанӯз шаффоф набудани мақомот, ташкил нашудани нишасти матбуотӣ бо ширкати намояндагони Вазорати беҳдошт ва Ситоди муқобила бо коронавирус, аз раҳбари нави СҶТ тақозо мекунад, барои иттилоърасонии саривақтӣ дар бораи пандемияи коронавирус иқдоми бештаре анҷом диҳад.
Яке аз интизориҳои ҷиддии ҷомеаи Тоҷикистон аз ин созмон кумак барои дастрас кардани ваксинаҳои зидди коронавирус мебошад. Қаблан мақомоти тоҷик гуфтанд, умедворанд, ин идораи вобаста ба СММ метавонад, 20 дарсади аҳолии Тоҷикистонро бо ваксина таъмин кунад, вале то кунун дар бораи нақшаҳои амалӣ дар ин самт хабаре нашр нашудааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Масҷидҳои Тоҷикистон дарҳои худро ба рӯи намозгузорон боз карданд. ВИДЕОВазири тоҷик гуфт, касе дар зиндон аз СОVID нафавтидааст. Ба гуфтааш шубҳа доранд. ВИДЕОМақомот аз набуди COVID мегӯянд, шубҳа боқӣ мемонадДу бонк ба шифохонаҳои Тоҷикистон 12 миллион доллар доданд. "Хидматрасонӣ беҳтар мешавад"? ВИДЕО"Худро дар анҷумани ҳизбии солҳои 70-ум тасаввур кардам". Муовини собиқи вазир паёми Раҳмонро таҳлил кард. ВИДЕОПрезидент Раҳмон паём дод. Мухолифин: "Аз озодиҳо ва нарх дар бозорҳо нагуфт" ВИДЕО