Сорбон: "Адабиёти тоҷик комёб аст, вале дар наср ба сатҳи ҷаҳонӣ нарасид". ВИДЕО

Сорбон

Сорбон (Пури Ҳамроҳ), нависандаи шинохтаи тоҷик, 81-сола шуд. Ӯ вақтҳои охир бештар ба нигоштани асарҳои таърихӣ рӯй овардааст ва мегӯяд, ба зудӣ достони Маздакро ба поён мерасонад.

Нависанда дар бораи асари наваш гуфт: "Ин шахсияти таърихӣ ҳанӯз дар замони то исломӣ мехост ҷомеае бунёд кунад, ки баробариву адлу инсоф дар он ҳукмрон бошад. Мутаассифона, дар тӯли таърих, бахусус бо ҷанги ахири дохилӣ халқи тоҷик имконияти барпо кардани чунин як низомро аз даст додааст".

Аз ин пеш, соли 2005, романи "Достони писари Худо"-ро дар шаш китоб ва дар ду ҷилд нашр карда буд, ки ба мавзӯи ҳамлаи Искандари Мақдунӣ ба Осиёи Миёна бахшида шудааст. Асаре, ки ба гуфтаи Сорбон, ҳанӯз паёми аслиашро хонанда ва мунаққидон ба дурустӣ дарк накардаанд. Дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ӯ ишораҳое кард, ки метавонанд, калиде ба дарки паёми ин асар бошанд.

Абдухолиқ Набавӣ, адабиётшиноси тоҷик, ба ин назар аст, ки эҷоди асарҳои таърихӣ барои ҳар нависанда ба осонӣ даст намедиҳад. Ӯ мегӯяд, "барои навиштани ин асар ҳам таърихи Искандари Мақдунӣ ва ҳам Дорову ҳокимони он замонро ба хубӣ омӯхтаанд. Ҷолиби диққат аст, ки муаллиф тавонистааст дар бораи мардуми он замон дар Осиёи Миёна ва ҳокимони он давр чизи наве эҷод кунад."

Аммо Умари Сафар, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ба иддаои забоншиносон, Сорбон дар осораш вожаҳои маҳаллиро зиёд ба кор бурда, сабаби баҳсҳои зиёд гашта буд. Ин амр, ба назари онҳо, сабаб шуд, ки хонандаҳо аз минтақаҳои дигари Тоҷикистон ба навиштаҳои Сорбон зиёд таваҷҷӯҳ накарданд. Аммо, бо гузашти солҳо нависанда дар қиссаву романҳои наваш тавонист, ин мушкилро то андозае паси сар кунад.

Вале осори нависанда на танҳо бо забони хосаш фарқ мекард. Сорбон ба мавзуъҳое даст мезад, ки ӯро аз сафи нависандагони шӯравӣ ҷудо мекард. Мунаққид ва адабиётшиноси машҳури даврони шӯравӣ, профессор Соҳиб Табаров рӯҳияи пессимистӣ ва бепарвоии қаҳрамони Сорбонро танқид мекард. Ба навиштаи Соҳиб Табаров, "чунин рӯҳия хоси шаҳрвандони Шӯравӣ" буда немавонист. Бо вуҷуди танқидҳои зиёд Сорбон вориди баҳс бо мунақидонаш нашуда, асар паси асар ба нашр расондааст.

Абдухолиқ Набавӣ дар шарҳи ин мавзӯъ гуфт, "солҳои баъдӣ иштибоҳ будани чунин ақидаҳои мунаққидон ва “худрӯй” будани ҳунари нависандагии Сорбонро тасдиқ карданд."

Ахиран нашриёти “Адиб” хабар дод, ки ҷилдҳои 13 ва 14-уми Куллиёти асарҳои Сорбонро нашр кардааст. Азизи Нақибзод, муассиси фурӯшгоҳи “Китобкада” дар Душанбе, мегӯяд, фурӯши куллиёти Сорбон ба кундӣ сурат мегирад.

“Солҳои Шӯравӣ асарҳои Сорбон хеле зиёд харидор доштанд, аммо дар солҳои истиқлол хонандаҳо асосан китобҳои ҷудогона нашршудаи Сорбонро мехаранд. Ҷилдҳои куллиёти Сорбон ба далели гарониаш чандон харидори зиёд надорад”, -- афзуд ӯ.

Бо ин вуҷуд, Сорбон мегӯяд, ҳар шаб аз хоб бедор шуда, баъд аз нӯшидани чойи кабуд ё қаҳва сари мизи эҷод менишинад. Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, агар ҳар рӯз ҷумлае ё саҳифае эҷод накунад, худро адиб номида наметавонад. Дар посух ба ин савол, ки ҳоло барои навиштани асарҳояш аз куҷо барои худ мавзӯъ пайдо мекунад, Сорбон гуфт:

“Магар аз адибони классик то имрӯз мавзӯе пайдо накарданд? Нависанда ҳодисаҳо ва кору кирдореро менависад, ки пеш аз ӯ ба вуқӯъ пайвастаанд. Лекин нест касе, ки ояндаро бинависад. Оянда чӣ мешавад, касе намедонад”.

Дар ин гуфтугӯи видеоӣ Сорбон бо ишора ба шеъри комёби тоҷик гуфт, дар наср тоҷикон ба сатҳи ҷаҳонӣ нарасидаанд:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гуфтугӯ бо Сорбон

Сорбон эҳтимоли ба асарҳои тахайюлӣ рӯй оварданашро инкор кард ва гуфт, ҳамчунон ҷонибдори эҷоди асарҳои воқеӣ ва таърихӣ аст.

Ӯ 27-уми январи соли 1940 дар деҳаи Амондараи ноҳияи Панҷакент ба ҷаҳон омадааст. Соли 1958 Омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент, соли 1963 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, дар кафедраи забони тоҷикӣ ба кор мондааст. Баъдан, дар расонаҳову нашриёт ва Иттиҳоди адибони Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 1965 ба навиштани ҳикоя шуруъ карда, нахустин маҷмӯи ҳикоёташ бо номи «Гап дар дил» соли 1969 нашр шуд. Муаллифи қиссаву романҳои маъруфи “Занги аввал”, “Санги сипар”, “Ҷӯгӣ”, “Актёр”, “Достони писари Худо”, “Туғрал”, “Росу”, “Кадевар”, “Барзгар”, "Санам", "Шаҳрбону" ва чандин асари дигар мебошад. Синамогарони тоҷик аз рӯйи асарҳои Сорбон чанд филми бадеӣ сохтаанд. Сорбон барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Рӯдакӣ ва унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон мебошад. Ӯ ҳамчунин намунаҳоеро аз осори Лев Толстой, Федор Достоевский, Николай Островский, Нодар Думбадзе, Чингиз Айтматов ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Васли роботҳо, фасли одамон. Чапек 100 сол қабл чиро пешбинӣ карда буд?Боғбони "Сарви Кишмар", ки романҳои "Муҳаммад" ва "Куруши Кабир"-ро нотамом гузошт. ВИДЕОНигина дар бораи сарнавишти худ ва занҳои дигар китоб навишт. ВИДЕО"Шоҳи Сармаддеҳ”--ро дар зодгоҳаш дафн мекунанд, чун "халқӣ" набуд.Темур Зулфиқоров гуфт, дар Тоҷикистон мемонад ва ба Русия барнамегардад. ВИДЕОДаргузашти Мирзо Боқизода, ҷӯяндаи сарчашмаи абадият. ВИДЕО