Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигина дар бораи сарнавишти худ ва занҳои дигар китоб навишт. ВИДЕО


Нигина Мамадҷонова, равоншинос ва нависанда
Нигина Мамадҷонова, равоншинос ва нависанда

Як равоншинос ва нависандаи тоҷик, ки муаллифи чанд китоб дар бораи занон аст, мегӯяд, бояд ба озору азияти занон дар хонаводаҳои суннатии тоҷик хотима дода шавад.

Нигина Мамадҷонова, равоншинос ва нависандаи тоҷики муқими Амрико бо нашри қиссаҳои воқеӣ аз зиндагии худу занони хушунатдида мегуяд, набояд занон зиндагии пур аз ҷабру зулмро таҳаммул кунанд, балки барои раҳоӣ аз он талош намоянд.

Видеоро ин ҷо тамошо кунед.

Нигина Мамадҷонова: "Набояд хушунат дар паси анъанаву шариат пинҳон монад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:49 0:00

"НИДО"-ҚИССАҲОИ ВОҚЕӢ АЗ ЗИНДАГИИ НИГИНА

Ӯ мегӯяд, ду соли пеш сарнавишти худу қиссаҳои занони хушунатдидаро ба шакли онлайн дар шабакаҳои иҷтимоӣ пешкаши хонандагонаш мекард, ҳоло пайи ҳам онҳоро дар шакли китоб рӯи чоп меорад.

Вақте коре ба онҳо писанд аст, мегӯянд, инро шариат мегӯяд, аммо вақте ки ба шариат рост намеояд, мегӯянд, ин урфу одати мо аст

"Нидо"-аввалин маҷмуаи китобҳои ӯст, ки ду соли пеш бо ду забон, русӣ ва тоҷикӣ ва бо гирдоварии қиссаҳои воқеӣ нашр шуд.

Дар ин китоб Нигина Мамадҷонова тавассути сарнавишти қаҳрамони худ "Нидо", дар бораи зиндагии худ қисса мекунад. Қаҳрамони асосии ин романи дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъруфи ӯ, аз ҷумлаи садҳо занест, ки аз ҷониби шавҳару хонаводааш бо озору азият рубару шудааст. Нигина мегӯяд ҳануз 22 сол дошт, ки ба шавҳар баромад ва соҳиби як фарзанд шуд.

Он замон ба гуфтаи Нигина, Тоҷикистон тоза ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронида буд ва барои занони ҷавоне мисли ӯ кору сохтани карера ва муваффақ шудан осон набуд.

"Рӯзе шуд, ки маро шавҳарам дар назди кӯдаки якунимсолаам латукуб кард ва ман бо сару рӯи сиёҳ ба худ гуфтам, ки набояд дигар ин кор бо ман такрор шавад. Ман кӯдакамро гирифтам ва дари хонаро маҳкам карда, калидро онҷо гузоштаму ба хонаи волидон рафтам. Албатта мушкил буд, аз бозгашти ман волидон ҳам хурсанд набуданд, вале илоҷи дигар набуд. Фарзандамро назди онҳо гузоштаму пайи меҳнат шудам ва зиндагии худро аз нав сохтам",--гуфт ӯ.

ШАРИАТ Ё УРФУ ОДАТ?

Нигина ҳоло соҳиби зиндагии орому осуда аст, аммо аз он рӯзгори сахту талошҳои худ барои пайдо кардани роҳ дар зиндагӣ, ба дигар занон қисса кардааст. Ӯ дар баробари хушунату мушкилоти дигари занон дар романҳои худ аз урфу одатҳое ёд мекунад, ки бо гузашти солҳо ҳанӯз ҳам занон пойбанди он мондаанд.

Нигина аз он нигаронӣ дорад, ки гоҳҳо дар ин ҳолатҳо аз дину мазҳаб сӯистифода мешавад.

Ӯ гуфт, "ҳоло мардум як баҳонаи хуб пайдо кардаанд. Вақте ки коре ба онҳо писанд аст, мегӯянд, инро шариат мегуяд, аммо вақте ки ба шариат рост намеояд, мегӯянд, ин урфу одати мо аст. Биёед, ба як хулоса омада бигӯем, ки мо бо шариат кор мекунем, ё бо урфу одат. Дар кадом шариат гуфта шудааст, ки зан бояд латукуб шавад, ё аз духтари худ барои бароварда кардани ҳоҷати иқтисодӣ сӯиистифода кунед?..."

Нигина солҳо ба ҳайси равоншинос фаъолият кардааст. Ӯ ҳамчунин 13 сол дар Созмони ҷаҳонии муҳоҷират (МОМ) дар барномаи "Пешгирии хариду фурӯши одамон дар Тоҷикистон, Афғонистон ва Украина" кор кардааст. Тавре худаш мегӯяд, бештар аз ҳаштод дарсади сарнавишти қаҳрамонҳои китобаш воқеӣ аст.

МОДАРЕ, КИ ДУХТАРАШРО БО 40 ҲАЗОР ДОЛЛАР ФУРӮХТА БУД

Ӯ аз рӯзгори заноне навиштааст, ки дар мулоқотҳои ҳузурӣ бо ӯ дар ин бора нақл кардаанд. Аммо таъкид мекунад, ки ин қиссаҳоро бо бадеият ба риштаи тасвир кашидааст.

"Ман солҳои 2000-ум, вақте ба Дубай сафар кардам, дар зиндоне, ки ҳудуди 300 зани тоҷик нигаҳдорӣ мешуду баъдан бо кӯмаки ҳукумати Тоҷикистон оварда шуданд, ба ҳайси равоншинос бо ҳар яки онҳо суҳбатҳои инфиродӣ доштам. Ҳар нафари онҳо сарнавиштҳои гуногун доштанд. Бо духтари ҷавоне суҳбат кардам, ки шавҳараш ӯро баъд аз издивоҷ бидуни ҳамбистар шудан бо ӯ бо баҳонаи истироҳат ба Дубай бурда, онҷо фурӯхтааст. Ингуна қиссаҳо зиёд буданд. Модаре, ки духтари ҷавонашро барои маблағ ба шайхе бо 40 ҳазор доллар фурухта буд",--аз тариҷбаи кораш ёд меорад Нигина.

Ин равоншиноси тоҷик ба таври доимӣ дар Амрико зиндагӣ мекунад, аммо ҳар сол ба Тоҷикистон меояд, то бо ҳаводоронаш суҳбатҳои рубарӯ дошта бошад ва асарҳои навашро нашр кунад.

Нигина Мамадҷонова муаллифи чаҳор китоб, "Нидо", "Гаравгонҳои хурофот", "Фабрика грёз", "Куда приводят мечты" ва мақолаҳои зиёди марбут ба пешгирии хушунати хонаводагӣ ва хариду фурӯши одамон аст. Тавре худаш мегӯяд, мавшаратҳои равонии ӯ ба муштариёнаш, қиссаҳои алоҳидае барои нашри китобҳои минбаъдааш аст, ки аз он истифода мешавад. Нигина ба ҳайси равоншинос мегӯяд, набояд занон хушунату зуровариро сабру таҳаммул кунанду то ба худкушӣ расанд, балки бояд талош кунанд, зиндагии беҳтаре бисозанд.

XS
SM
MD
LG