Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боғбони "Сарви Кишмар", ки романҳои "Муҳаммад" ва "Куруши Кабир"-ро нотамом гузошт. ВИДЕО


Муҳаммадзамони Солеҳ соли 2009 даргузашт
Муҳаммадзамони Солеҳ соли 2009 даргузашт

Агар умр вафо мекард, адиби шинохтаи тоҷик Муҳаммадзамони Солеҳ рӯзи 5-уми январ ба синни 70 мерасид. Ӯ ёздаҳ сол пеш, дар 58-cолагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт, аммо аз худ осори мондагоре гузошт.

Муҳаммадзамони Солеҳ аз ҷумлаи адибоне дониста мешавад, ки бо навоварӣ дар сабку услуб вориди адабиёти тоҷик шуда, омезиши мавзуъҳои таърихӣ дар пероҳани муосирро меҳвари навиштаҳояш кард.

"Ба низоми Шӯравӣ илтифот надошт"

Ба гуфтаи адабиётшиносон, вай дар навиштаҳои худ мувофиқ ба низоми вақт, яъне даврони Шӯравӣ, илтифот надошт ва ҳамеша дар фикри арзишҳои миллӣ буд ва бо нигоштан асарҳо аз даричаву пардаи таърих ба хонандааш паём медод.

Ба китоби нахустинаш "Сарви Кишмар" ном гузошта буд ва бурида шудани ин сарви баланд, ки "аз дурии чиҳил иқлим ба чашм мерасиду лонаи Симурғ буд" ҳамчун рамзи решабур шудани фарҳанги қадимии тоҷикон маънидод мешуд ва аз ҷониби устоди насри тоҷик Сотим Улуғзода баҳои баланд гирифта буд.

Юнус Юсуфӣ
Юнус Юсуфӣ

Юнус Юсуфӣ, муовини раиси Иттиҳоди адибони Тоҷикистон, гуфт, дар ибтидои солҳои 80-ум як гуруҳ ҷавонон ба адабиёти тоҷик ворид шуданд, ки бо унвони нависандагони тозаназар муаррифӣ мешуданд ва Муҳаммадзамони Солеҳ яке аз онҳо буд.

"Махсусан, дар жанри қисса, повест ва ҳикоя аз нигоҳи ман ҳаминҳо адабиёти моро ба як зинаи баландтар бароварданд. Яке аз ҳаминҳо Муҳаммадзамони Солеҳ буд. Аз ин радда боз Муҳаммадзамони Солеҳ бо роҳи вижаи худаш рафт. Ӯ рухдоду гузаштаи таърихи моро, ҳодисаҳои вобаста ба таъриху фарҳанги миллати моро бо як нигоҳи хоси худаш ба риштаи тасвир кашид. Ба он омилҳои устуравӣ дохил кард", -- шарҳ дод Юсуфӣ.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Муҳаммадзамони Солеҳ. "Муҳаммад" ва "Куруши Кабир" нотамом монд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:52 0:00

"Девори Хуросон", асари "марҳилавӣ"

Огаҳии амиқ ба беҳтарин намунаҳои адабиёти ҷаҳон ва таҳқиқиаш дар мероси адабию таърихии тоҷику форс, даст бардоштан аз пойбандиҳои иедологии адабиёти шӯравӣ дар ташаккули Муҳаммадзамони Солеҳ ҳамчун нависандаи навҷӯ, донишвар ва комёб нақши асосӣ доштанд.

Рустами Ваҳҳоб
Рустами Ваҳҳоб

Ба бовари Рустами Ваҳҳоб, сардабири маҷаллаи "Садои Шарқ", "хусусан мутолеот дар бораи таърихи миллии мо ва маҳсули ҳамаи корҳои пешинааш дар романи бисёр муфассали "Девори Хуросон" хулоса мешуд. Он яке аз асарҳои арзишманди адабиёти мо, насри навини мо дар худшиносии миллӣ ва романи таърихӣ ба шумор меравад."

Зимнан, романи таърихии ин адиби тоҷик "Девори Хуросон" ба ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ пешниҳод шуда, мунаққидон ва хонандагон онро бо баҳои баланд арзёбӣ кардаанд.

Абдухолиқ Набавӣ, мунаққиди тоҷик мегӯяд, ин роман як асари "марҳилавӣ"-и адабиёти муосири тоҷик аст: "Шакли ин роман як андоза тоза аст. Ба он маъно, ки он дар шакли асари намоишӣ навишта шудааст. Ба мисли киносенария. Ин филмномаро Муҳаммадзамони Солеҳ сипас дар шакли роман вусъат дода, такмил кардааст. Ин услуб барои фишурда гуфтани мақсадҳо, барои мутаваҷҷеҳ шудан ба худи инсон ва қаҳрамони асосӣ сабаб шудааст."

Абдухолиқ Набавӣ
Абдухолиқ Набавӣ

Толиб Раҳматуллоев, муовини раиси ширкати "Тоҷикфилм" дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, роман ба унвони филмнома ба синамогарон пешниҳод нашудааст ва ба ин далел то ҳол мавзӯи филмбардорӣ аз рӯи ин асар матраҳ нест. Вале дӯстони нависанда мегӯянд, он бо дархости ҳукумат навишта шуда, филмро мебоист коргардони машҳур Фаррухи Қосим ба навор мебардошт. Машаққат ва маҳрумиятҳое, ки нависанда барои эҷоди ин асар кашид, он ҳам дар солҳои душвори ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, қадр карда нашуд.

Ҷанги дохилӣ ва гӯшанишинии орифона

Таваҷҷӯҳ ба мавзуъҳои қадимаву гузаштаи мардуми тоҷик, ба қавли дӯстону пайвандони ин адиби тоҷик, дар зиндагии худи Муҳаммадзамони Солеҳ низ асар гузоштааст. Ҷанги дохилии кишвар ба ҷараёни зиндагии адиби ориф ва файласуф таъсири манфӣ расонд, ки баъдан дар байни мардум кам зоҳир мешуд ва гӯшанишинии орифонаро ихтиёр карда буд.

Ин фурсате буд, ки ба омӯзиши зиндагиномаи паёмбари ислом рӯ оварда буд ва мехост, романе дар бораи солҳои охири умри паёмбар Муҳаммад нависад. Аскар Ҳаким, дар гузашта сардабири ҳафтавори "Адабиёт ва санъат" ва раиси собиқи Иттиҳоди адибони Тоҷикистон, мегӯяд, дар зиндагӣ Муҳаммадзамони Солеҳ худ пайрави ақидаҳои ахлоқии адибони классикии тоҷик ва суннатҳои қадимии мардуми тоҷик буд.

Аскар Ҳаким
Аскар Ҳаким

"Муҳаммадзамон бештар ба адабиёти классикиамон, адабиёти бостонии мо машғул буд ва гумон мекунам, ки аз назари ахлоқу одоб ҳам бештарин чизҳое, ки дар адабиёти классикии мо гуфта шудааст, дар худаш тарбият карда буд ва аз рӯи ҳамон зиндагӣ мекард", -- афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Аскар Ҳаким, Муҳаммадзамони Солеҳ дар солҳои ахир аз фишорбаландӣ ранҷ мекашид. Аммо, ба эътиқоди ин шоири тоҷик, ба фавти Муҳаммадзамони Солеҳ асосан андешаҳои вай пиромуни омилҳои ҷанги дохилии тоҷикон сабаб шудааст. Зеро, Муҳаммадзамони Солеҳ ба унвони адиб ин фоҷиаи миллиро бо дард қабул дошт ва дар он солҳо теъдоде аз адибони фарҳангиён ба далели ин "дарди замона" дунёро тарк кардаанд.

"Сактаи дил намегардид, агар..."

Адаш Истад
Адаш Истад

Адаш Истад, адиби тоҷик, ки тӯли солҳо бо Муҳаммадзамони Солеҳ дар ҳафтавори "Адабиёт ва санъат" кор кардааст, дар веблоги худ дар бораи дӯсташ навиштааст: "Эҳтимол дар атрофаш ҳамфикре намонда буд, ки дилашро холӣ кунад. Агар имкони дарди дилашро мисли мо дар Интернет кафондан медошт, сактаи дил намегардид... Бовар дорам, навиштаҳои Муҳаммадзамон бо мурури замон қурби худро зиёдтар хоҳанд кард, зеро ҳар чизе, ки менавишт аз замири дилаш бармехест, рангу оҳанги хосе дошт."

Муҳаммадзамони Солеҳ дар поёни умраш таълифи асари бузурги дигараш бо номи "Куруши Кабир"-ро шуруъ карда буд. Баъзе аз пораҳои "Куруши Кабир"-ро навишт ва мехост онро ба охир расонад. Дар ҳамин миён бемор шуд ва дар зимистони соли 2009 аз олам даргузашт. То ҳол романҳои нотамоми ӯ "Муҳаммад" ва "Куруши Кабир" ва ҳам асари охиринаш "Малгушон" мунташир нашудаанд.

Муҳаммадзамони Солеҳ аввал ба ҳикоянависӣ оғоз карда, ҳикояи нахустинаш "Рӯзи ғалаба" соли 1982 дар "Газетаи муаллимон" нашр шудааст. Аввалин маҷмӯаи ҳикояҳояш "Сарви Кишмар" (1984) ба дасти хонандагон расид.

Дар солҳои баъд қисса ва романҳои нави ӯ "Ардавирафнома", "Оҳанги шаҳри ишқ", "Ишқи актёри пир", "Девори Хуросон", "Ганҷи сӯхта", "Кобуси Кобус ё бозори пашшаҳо" симои Муҳаммадзамони Солеҳро ҳамчун як нависандаи борикбаён ва амиқандеш барафроштанд.

Маҷмӯаи навиштаҳои ӯ "Ишқи актёри пир" (1987), "Оҳанги шаҳри ишқ" (1989), романи "Девори Хуросон" (1999) дар Тоҷикистону Эрон ва китоби "Ардавирофнома ё сояҳои шикаста"-аш (1993) дар интишороти "Балх" (Эрон) чоп шудаанд. Соли 2013 бо талошҳои адабиётшинос Абдуҷалили Амонӣ бо номи "Тулӯе баъд аз ғуруб" ёдномаи Муҳаммадзамони Солеҳ ба нашр расид.

XS
SM
MD
LG