Гапи Озод: Чаро суръати Интернет дар Тоҷикистон пасту нархи он баланд аст? ВИДЕО

Дар акс: Шоҳини Равшан, Мирзонабии Холиқзод ва Асомуддин Атоев

Интернет дар Тоҷикистон. Суръат пасту нарх баланд. Чаро? Бо ин мазмун ҳар рӯз чандин нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят мекунанд. Масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯянд, масъала пеш аз ҳама аз мавқеи ҷуғрофии кишвар вобаста аст, чун "кӯҳистонӣ ва дур аз зербунёдҳои аслии иртиботи интернетӣ мебошад".

Баъзе аз коршиносон мегӯянд, мавқеи ҷуғрофӣ баҳона, дар асл, мушкил дар мудирияту дастдарозии мақомот аст, ки намегузоранд ширкатҳо бо хости худ ба муштариён хадамоти муносиб пешкаш кунанд.

Ба иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон беш аз 4 миллион кас ба Интернет дастрасӣ доранд, аммо аз назари суръат кишвар дар яке аз мақомҳои поинтарин дар ҷаҳон аст.

Барои суҳбат дар барномаи "Гапи Озод" намояндагони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ва ширкатҳои мобилиро даъват кардем, аммо ҳозир нашуданд, дар ин баҳс ширкат кунанд ва ба суолҳо посух гӯянд.

Меҳмонони ин шумори барнома мутахассиси фанновариҳои иттилоотӣ Асомуддин Атоев ва рӯзноманигор Шоҳини Равшан ҳастанд.

Асомиддин Атоев: "Якум, мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон. Дувум, дар ҳошия ё "соҳил"-и Интернет қарор доштани кишвар ва ҷолиб набудани бозори ватании технологияи информатсионӣ ба сармоягузорони дохиливу хориҷӣ. Севум, заиф будани рақобатпазирии бозор. Чаҳорум, набудани шабакаи ягонаи мубодилаи додаҳо байни операторони алоқаи мобилӣ. Панҷум, гарон будани андозҳои мустақим ва ғайримустақими соҳаи телекоммуникатсия. Шашум, нигоҳ доштани мавқеи дастнигарӣ ё истифодабарандаи ашаддӣ. Ҳафтум, суст будани таҷрибаи истифодаи чандкаратаи як инфрасохтор барои ҳалли масъалаҳои якчанд соҳа."

Шоҳини Равшан: "Ман ба иддаои Хадамоти алоқа комилан розӣ нестам. Оё кӯҳҳо сабаби бемавҷӣ шуда метавонанд? Интернет мавҷи кӯтоҳ асту ба провайдеру мавҷдиҳандаву қабулкунандааш вобаста аст, на ба шароити кӯҳсору ҷойгиршавии ҷуғрофӣ. Бубинед, дар Қирғизистони ҳамсоя нархи Интернет арзон аст ва суръаташ ҳам болост."

Баҳси бештарро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Интернет дар Тоҷикистон: Суръат пасту нарх баланд. Чаро?

Наворро дар Ютуб тамошо кунед:

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Гапи озод: Дар Тоҷикистон маҳалгароӣ ҳаст ё нест? ВИДЕОГапи озод: Даъвати мухолифон ба бозгашт ба Тоҷикистон. Самимист ё не? ВИДЕОГапи Озод: Дар Тоҷикистон адолати судӣ ҳаст ё не? ВИДЕОГапи озод: Ҷавонон, муҳоҷират ва ифротгароӣ чӣ пайванд доранд? ВИДЕОГапи Озод: Чаро дар Тоҷикистон барқ нест? ВИДЕОГапи Озод: Фурӯпошии Шӯравӣ ба тоҷикон чӣ дод ва чиро гирифт? ВИДЕОГапи Озод: Чаро тоҷикон ҳангоми баҳс дар интернет дашном медиҳанд? ВИДЕОГапи Озод: Дар Тоҷикистон кӣ вазир мешавад, кӣ не? ВИДЕО