Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гапи Озод: Чаро тоҷикон ҳангоми баҳс дар интернет дашном медиҳанд? ВИДЕО


Дар акс: Абдуқодир Талбаков, Мирзонабии Холиқзод ва Амруллоҳи Низом
Дар акс: Абдуқодир Талбаков, Мирзонабии Холиқзод ва Амруллоҳи Низом

Тоҷикон то куҷо таҳаммулпазир ҳастанд ва ҳангоми баҳс дар кӯча ё шабакаҳои иҷтимоӣ ҷанҷолу ғавғо намебардоранд ва ҳамдигарро дашном намедиҳанд? Дар "Гапи озод" дар ҳамин бора суҳбат мекунем.

Ҳамсуҳбатони мо Абдуқодир Талбаков, мудири Китобхонаи ба номи Лоҳутӣ дар Душанбе ва Амруллоҳи Низом, яке аз фаъолони мухолифини тоҷик дар Аврупо ҳастанд.

Абдуқодир Талбаков: "Рақиби ман дар ин суҳбат, Амруллоҳ, сурат дорад, суроға дорад, таҳаммулпазир аст ва ҳақорат намекунад. Ман эҳтиром дорам. Кабирӣ ҳам ҳақорат намекунад, Муҳаммадиқбол ҳам. Вале боз садҳо ё ҳатто беш аз ҳазор ҷонибдори онҳо чеҳраи "фейкӣ" ҳастанд. Ман ҳеч гоҳ ҳақоратчӣ набудам, дар Фейсбук ҳақоратчӣ шудам. Дар ҳар куҷое, ки нуқтаи назаре баён кунам, "палид" ва "маҷусӣ" мегӯянд. Гоҳе маҷбур мешавам, ки ҳарфи бадро ба забон орам."

Амруллоҳи Низом: "Ин чизе, ки мегӯянд, шояд фақат аз аҳволи худашон хабар дошта бошанд. Ҳамин шабу рӯз кормандони мақомот ба хонаи яке аз наздикони мо рафта, гуфтаанд, агар ин корҳоро накунед, фалон кор мекунем. Мо ин фактҳоро дорем. Мо амалан хушунатҳои физикӣ ва забониро мебинем. Ҳар вақте ки ҳукуматдорон ё роҳбарони мо ислоҳ шуданд, ҷомеа ислоҳ мешавад. То замоне ки роҳбарони мо ислоҳ нашаванд ва аз таҳқиру хушунат алайҳи мардум кор бигиранд, ин раванд ислоҳ намешавад."

Барномаро дар инҷо бинед:

Гапи Озод: Баҳсҳои олуда ба дашном дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз куҷост?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:28:52 0:00
  • Дар баъзе аз баҳсҳои ҷонибдорони ҳукумат ва мухолифон шояд сабуктарин дашном ба якдигар "палид" бошад? Чаро бе дашному таҳқир баҳс карда намешавад?
  • Баъзан ҳангоми баҳс рафтори корбаронро на хираду ақли солим, балки эҳсос, хашм идора мекунад. Чаро эҳсос зуд боло мегирад?
  • Ин ҳама таҳаммулнопазирӣ аз куҷо сарчашма мегирад?
  • Ақидае ҳаст, ки қабул надоштани ақидаи мухолиф яке аз сабабҳои ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон шуд. Назари Шумо чист?
  • Чӣ чизе ё омилҳое метавонанд, сабаби боло бурдани таҳаммулпазирӣ шаванд?

Посух ба ин суолҳоро дар Ютуб бинед:

XS
SM
MD
LG