"Се дафъа ба хориҷа рафт, аммо баргашт." Ягона намояндаи яҳудиён дар Хуҷанд даргузашт. ВИДЕО

Ҷӯра Абаев

Дар маркази вилояти Суғд охирин намояндаи ҷамъияти яҳудиёни Хуҷандро дафн карданд. Тақрибан 150 сол пеш яҳудиён аз Бухорову Самарқанд ба Хуҷанд ва минтақаҳои атрофи он омада буданд, аммо баъзе аз онҳо дар поёни даврони Шӯравӣ ба Исроил ва кишварҳои дигар кӯчиданд.

Ҷӯра Абаев метавонист, дар ҳар кишвари пешрафтае зиндагӣ кунад. Се дафъа ба хориҷа рафт, аммо бе Хуҷанд ва мардуми он зиста натавонист ва ба ин ҷо баргашт. Ин марди зода ва парвардаи Хуҷанд охирин сокини яҳудии ин шаҳр буд ва рӯзи 15-уми январ дар 83-солагӣ даргузашт.

Мегуфт, дар онҷо ҳеч кас нестам, аммо дар инҷо шахсият ҳастам. Вақте ба бозор меравам, ҳама "Ҷӯра-амак" омаданд гуфта, истиқбол мекунанд.
Тилав Расулзода

Абаев солҳои зиёд дар корхонаи абрешимбофии Хуҷанд ҳамчун рангрез кор карда буд. То поёни умр нигаҳбони оромгоҳи ҳамтаборонаш дар Хуҷанд ва ҳам хохоми канисаи яҳудиён буд. Ва ҳам як узви ҷомеаи Тоҷикистон.

Хоҷа Исохаров, хоҳарзодаи Ҷӯра Абаев, ки аз Душанбе барои дафни тағояш омадааст, рӯзи 18-уми январ гуфт, "дӯстони зиёд дошт. Ҳаҷвияҳои зиёд медонист ва шахси хушсуҳбат буд. Дар ҷавонӣ хеле боқувват буд, аммо дар пирӣ вазъи саломаташ бад шуд. Бо ӯ бисёр суҳбат мекардам ва ҳар дафъа хоҳиш мекард, ба хабаргирӣ биоям."

Аз Ҷӯра Абаев панҷ духтар монд, ки дар Исроил ва Амрико зиндагӣ мекунанд. Вай то лаҳзаи охири ҳаёташ дар кӯчаи Шӯрои наздики бозори "Панҷшанбе" ҳамроҳ бо як хонаводаи тоҷик ба сар мебурд.

Бо даъвати фарзандон се дафъа ба Исроил рафт, аммо боз ба Тоҷикистон баргашт. Дӯстонаш мегӯянд, дар Исроил ягон мушкил надошт, аммо мегуфт, самимиятеро, ки дар Тоҷикистон дидааст, дар ҷойи дигар пайдо накард.

Тилав Расулзода, рӯзноманигор ва тарҷумони тоҷик мегӯяд, "мегуфт, ки ман дар онҷо ҳеч кас нестам, аммо дар инҷо шахсият ҳастам. Вақте ба бозор меравам, ҳама "Ҷӯра-амак" омаданд гуфта, истиқбол мекунанд. Ба ҷуз ин, Ҷӯра Абаев коллексионер буданд. Бори охир ба ман як ханҷари ёдгор аз аҳди Амир Олимхонро нишон доданд."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Ягона намояндаи яҳудиён" дар маркази Суғд даргузашт

Ҷӯра амак"-ро дар қабристоне дафн карданд, ки таърихи беш аз садсола дорад ва ҳудуди ҳазор яҳудӣ дар онҷо дафн шудаанд. Аввалин яҳудиёни бухороӣ соли 1868 ба Хуҷанд омада, то фурӯпошии Шӯравӣ шумораи онҳо беш аз 15 ҳазор нафар будааст.

Ба қавли Тилав Расулзода, рӯзноманигор ва тарҷумони тоҷик, тарки Тоҷикистон кардани яҳудиҳо аз охири солҳои ҳаштодуми қарни гузашта шурӯъ шуд. Аммо дар солҳои 90-ум, замоне ки Тоҷикистон ба ҷанг печид ва аҳволи мардум вазнину сангин шуд, аксаран ба Амрико ва Исроил ҳиҷрат карданд.

Дар саросари Тоҷикистон ҳоло каме беш аз 50 узви ҷомеаи яҳудиён мондаанд, ки аксари онҳо дар Душанбе ба сар мебаранд. Теъдоди онҳо соли 2010 ҳудуди 200 нафарро ташкил медод.

Каниса ва ё синагогаи яҳудиён пас аз тахриб шудан дар канори бозори собиқи “Баракат”-и шаҳри Душанбе соли 2009 маконашро дигар кард. Моҳи марти ҳамон сол Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” ва додарарӯси раиси ҷумҳури Тоҷикистон, як хонаи мӯҳташами худро ба ҷамоаи яҳудиёни Душанбе туҳфа кард, то онро ба ибодатгоҳ ва ё каниса табдил диҳанд.

Таърихнигорони тоҷик мегӯянд, яҳудиён дар гузашта соҳиби мактаби худ буда, ба Тоҷикистон дар пешрафт ва ҳифзи фарҳангу таърихи миллӣ хидмат кардаанд. Яҳудиҳое, ки дар Тоҷикистон бузург шудаанд, гоҳе ба дидани зодгоҳ ва ё зиёрати қабри гузаштагони худ меоянд. Онҳо дар хориҷа низ аз фарҳангу ҳунари тоҷикон намояндагӣ мекунанд ва бо ҳамдиёрони худ робитаҳои тиҷоратӣ доранд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Озодиҳои динӣ. Амрико танқид кард, Тоҷикистон розӣ нест. Роҳи ҳал кадом аст?Яҳудиёни Тоҷикистон: дар талоши ҳифзи фарҳанг. ВИДЕОТенгрӣ – роҳи дигари расидан ба сӯи Худо?Яҳудиҳои Тоҷикистон ҷашни озодиро таҷлил намекунандШумораи яҳудиёни ҷаҳон коҳиш ёфтаастИди яҳудиёни Тоҷикистон бе хохом ва канисаи расмӣ (ВИДЕО)Боздиди ҳайати яҳудиён аз Тоҷикистон оғоз ёфтПесах, ҷашни озодии яҳудиёнКанисаи нави яҳудиҳои Душанбе расман боз шуд