Бар пояи навтарин гузориш, ки Идораи омори расмии Исроил рӯзи 10-уми ноябр нашр кард, шумораи яҳудиёни чаҳон 14 миллиону 310 ҳазор нафар аст, дар ҳоле, ки қабл аз ҳодисаи Ҳолокост 16 миллиону 600 ҳазор яҳудӣ дар ҷаҳон зиндагӣ мекард.
Яҳудиён мегӯянд, ки дар замони ҳукумати миллатгароҳо дар Олмон, беш аз шаш миллион нафар аз яҳудиён кушта шудаанд. Аммо ҳафтод сол баъд аз Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ, шумораи яҳудиёни ҷаҳон танҳо 4 миллиону 300 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.
Дар соли 1914, ки Ҷанги Якуми Ҷаҳон оғоз ёфт, шумораи яҳудиёни ҷаҳон 13 миллион ва 500 ҳазор нафар буд. Омори нав нишон медиҳад, ки шумораи яҳудиёни кунунии дунё тақрибан баробар ба теъдоди яҳудиён дар оғози Ҷанги Якуми Ҷаҳон аст.
Гузориши нави Идораи омори Исроил мегӯяд, дар соли 1882, ки аввалин бор теъдоди сокинон дар ин сарзамин сабт шуд, 24 ҳазор яҳудӣ сокини ин сарзамин буданд. Дар соли 1882 шумораи яҳудиёни ҷаҳон 7 миллиону 800 ҳазор нафар буд. Яъне камтар аз як дарсади яҳудиёни ҷаҳон дар он вақт дар сарзамини мавриди муноқишаи яҳудиён ва фаластиниҳо зиндагӣ мекарданд.
Соли 1914 дар оғози Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ сокинони яҳудӣ дар ин сарзамин ба 50 ҳазор нафар афзоиш ёфта буд. Дар соли 1939 дар оғози Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ, 449 ҳазор яҳудӣ, ки се дарсади яҳудиёни дунё буданд, дар сарзамини мавриди низоъ зиндагӣ мекарданд.
Дар моҳи майи соли 1948, ки Исроил таъсис ёфт, шумораи яҳудиёни ин сарзамин ба 650 ҳазор нафар расид, ки 6 дарсад аз 11 миллион нафар яҳудиёни боқимонда дар дунё буданд. Аммо бар асоси омори соли 2015, шаш миллиону 219 ҳазор яҳудӣ дар Исроил зиндагӣ мекунад, ки 43 дарсад аз яҳудиёни ҷаҳонро ташкил медиҳанд.
Тибқи ин гузориш, танҳо шумораи яҳудиёни сокин дар Исроил афзоиш ёфтааст, дар ҳоле, ки таваллуд дар миёни яҳудиёни ҷаҳон дар ҳолати камшавӣ будааст. Баъд аз Исроил, Амрико бештарин шумораи яҳудиёнро дорад. Шумораи яҳудиён дар ин кишвар 5 миллиону 700 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки се миллион нафари онҳо дар Ню-Йорк зиндагонӣ мекунанд.
Гузориши нав мегӯяд, дар ҳоле, ки солҳои ҳафтоди мелодӣ ва даврони "интифоза" дар нимаи нахусти солҳои 2000 шумораи ками яҳудиён ба Исроил ҳиҷрат карданд, дар соли 2014 муҳоҷирати яҳудиён ба Исроил, ба вижа ба сабаби густариши яҳудиситезӣ дар кишварҳои аврупоӣ, Амрикои Лотин ва Русия, панҷоҳ дарсад афзоиш ёфтааст. Аз ҳама бештар муҳоҷират ба Исроил аз хориҷ дар соли 1949 будааст, ки наздик ба 240 ҳазор яҳудӣ ба Исроил рафтанд.
Дар панҷ соли ахир, бо афзоиши яҳудиситезӣ дар кишварҳое чун Фаронса, яҳудиёни ин кишвар бештар аз нуқтаҳои дигар ба Исроил муҳоҷират кардаанд. Аммо бӯҳронҳои шадиди амниятӣ байни Исроил ва фаластинҳо, монанди буҳрони ҳафтаи ахир, на танҳо яҳудиёнро аз муҳоҷират ба Исроил метарсонад, балки бархе аз сокинони Исроилро низ ба муҳоҷират аз ин сарзамин вомедорад.
Аз онҷо, ки яҳудиёни Фаронса бо вуҷуди муҳоҷират ба Амрико, Конодо ва Исроил тобеияти фаронсавии худро низ ҳифз мекунанд, дар омори расмӣ омадааст, ки 468 ҳазор нафар аз сокинони Фаронса дар соли 2015 яҳудӣ ҳастанд, ки дар муқоиса ба ҳудуди ҳашт миллион мусалмони сокини Фаронса, шумораи кам ба ҳисоб меоянд.
Дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, аз Ҷопон гирифта то кишварҳои африқоӣ, ҳеҷ яҳудӣ вуҷуд надорад. Афғонистон танҳо як яҳудӣ дорад. Дар Тоҷикистон ва Эрон низ шумораи яҳудиён назар ба даҳаҳои қабл коҳиш ёфтааст.