Баҳои Амрико ба вазъи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон тағйир накардааст ва Вашингтон бори дигар Душанберо барои риоя накардани ҳуқуқи мазҳабии шаҳрвандон танқид кард. Тоҷикистон аз соли 2016 дар рӯйхати “кишварҳои мояи нигаронии хос”-и Вазорати умури хориҷии Амрико қарор дорад. Мақомоти Тоҷикистон бо чунин арзёбӣ розӣ нестанд ва мегӯянд, "баҳогузории Амрико воқеиятро инъикос намекунад".
Гузориши нави Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар бораи вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар ҷаҳон рӯзи 10-уми июн нашр шуд. Гузориш дар бораи вазъи озодиҳои динӣ дар ҷаҳонро дар инҷо хонед
"Занони ҳиҷобпӯш дар Тоҷикистон озор мебинанд"
Дар гузориши Департаменти давлатии Амрико омадааст, дар Тоҷикистон шаҳрвандон барои пӯшидани ҳиҷоб ё мондани риш азият мешаванд ва давлат иштироки занону ноболиғонро дар маросими динӣ маҳдуд кардааст.
Аз ҷумла, дар гузориш омадааст, маъмурони ҳукуматӣ занонро аз пӯшидани ҳиҷоб ва ё либоси бегона ба фарҳанги миллӣ манъ мекунанд: "Бар асоси қоидаҳои пазируфташуда (ғайрирасмӣ), ҳиҷоб ба рӯйхати либосҳои миллӣ дохил намешавад, ҳарчанд анъанаҳои либоспӯшии занон аз ҷумла пӯшидани сарро дар худ ҷой додааст."
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ба интиқодҳои Департаменти давлатии Амрико розӣ шуда наметавонанд. Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, рӯзи 11-уми июн гуфт, муаллифони гузориш имсол низ ба маълумоти расонаҳо такя кардаанд, ки "на ҳамаашон асоси воқеӣ доранд".
Ба таъкиди ӯ, "интиқоди Амрико аз фишор ба либоспӯшии мазҳабӣ дуруст нест. Чун дар кишвар ягон қонун барои шаҳрвандони пӯшидани либоси хосеро муқаррар накардааст. Ин ҳаққи конситутсионии ҳар шаҳрванд аст. Ҳаргуна тарғиб барои пӯшидани либоси миллӣ танҳо ба хотири ҳифзи асолати фарҳанги миллӣ аст ва агар касе ягон нафарро маҷбур кардааст, ки фалон либосро пӯш, риш гузор ё нагузор, пас, кори ғайриқонунӣ кардааст."
"Интиқод аз озору таъқиби намояндагони ақаллиятҳои динӣ"
Дар гузориши Департаменти давлатии Амрико гуфта мешавад, ки беш аз 90 дарсади мардуми Тоҷикистон мусалмон ҳастанд ва дар кишвар масеҳиёну яҳудиён низ ба сар мебаранд.
Муаллифони гузориши Департаменти Амрико аз таъқибу азияти ақаллиятҳои динӣ дар Тоҷикистон бахусус ҳабси пайравони ҷараёни масеҳии "Шоҳидони Яҳво" нигаронӣ кардаанд. Дар гузориш номи Шамил Ҳакимов, пайрави “Шоҳидони Яҳво”-ро зикр кардаанд, ки соли гузашта дар Хуҷанд бо гуноҳи “барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ” ба 7 соли зиндон маҳкум шуд. Инчунин гузориш аз он мегӯяд, ки мақомоти тоҷик чанд пайрави ин ҷараёни мазҳабиро дар соли гузашта бозпурсӣ кардаанд.
Дар гузориш ҳамчунин гуфта шудааст, ки мақомот фаъолияти равияи “Шоҳидони Яҳво”-ро манъ карданд, чун пайравони он аз хидмат дар артиш саркашӣ карданд. Дар гузориш аз қавли пойгоҳи “Форум 18” гуфта мешавад, дар шаҳрҳои Хуҷанду Конибодом ба зидди пайравони равияи “Шоҳидони Яҳво” рейдҳои пулис сурат гирифта, телефону шиносномаҳои он мусодира шудааст.
"Агар чунин ҳисоб кунем..."
Бори аввал нест, ки Департаменти давлатии Амрико мақомоти тоҷикро барои озори намояндагони ақаллиятҳои динӣ танқид мекунад. Мақомоти Тоҷикистон дар посух ба ин интиқодҳо гуфтаанд, равияи “Шоҳидони Яҳво” бо қарори додгоҳ манъ шудааст.
Сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон рӯзи 11-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, зиндонӣ шудани баъзе аз пайравони ин ҷараёни мазҳабӣ на ба хотири ақида, балки ба хотири кирдорҳояшон аст.
"Фаразан, агар дар як сол як пайрави “Шоҳидони Яҳво” ба хотири ҷинояте зиндонӣ мешавад, набояд ба масъала сирф аз нигоҳи эътиқодӣ баҳо дод. Мантиқан агар ба ин шева муносибат мекунем, пас, оё даҳҳо ҳамватани ҳанафимазҳаби мо, ки дар як сол маҳбасӣ мешаванд, бояд бигӯем, ки Тоҷикистон пайравони мазҳаби ҳанафиро таъқиб мекунад? Албатта, чунин баҳодиҳӣ аз ҳадди инсоф берун аст," - афзуд Афшини Муқим.
Завқибек Саидаминӣ, рӯзноманигори тоҷик, ки масъалаҳои диниро пайгирӣ мекунад, мегӯяд, озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон шояд ба ҳадде маҳдуд нест, ки Департаменти давлатии Амрико тасвир кардааст, вале "наметавон маҳдудиятҳо, аз ҷумла рейдҳои сатру ҳиҷобро инкор кард".
Роҳи ҳалли масъала кадом аст?
"Барои аз байн бурдани маҳдудиятҳои ҳозира ва ин ки Тоҷикистон барои поймол кардани ҳуқуқи динӣ танқид нашавад, ягон хароҷоти зиёд кардан лозим нест. Назорат ба хотири пешгирӣ аз гароиши мардум ба гуруҳҳои террористӣ бигзор пурзӯр бошад, аммо мақомот ба масъалаи сатру риш дахолат накунанд ва ақаллан дар ҳар як ноҳия мактабҳои расмии динӣ кушоянд. Вақте масъалаҳои ҷузъӣ бартараф шаванд, далеле барои танқиди Тоҷикистон дар ин бора намемонад," - афзуд рӯзноманигор.
Завқибек Саидаминӣ айни замон гуфт, озодии намояндагони ақаллиятҳои динӣ дар Тоҷикистон зиёд маҳдуд нест ва аз рӯи мушоҳидаи ӯ "намояндагони ин динҳо метавонанд озодона оини худро таблиғ кунанд".
Амрико чаҳор соли ахир Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳое шомил кардааст, ки пайваста ва мудавом “озодиҳои диниро ошкоро маҳдуд кардаанд ва ё поймол кардани ҳуқуқи мазҳабиро нодида гирифтаанд.”
Бар асоси муқаррароти Иёлоти Муттаҳида, ҳукумати кишвар метавонад, ба зидди ин кишварҳо таҳримҳо ҷорӣ кунад, вале расман гуфтааст, ки бо назардошти аҳамияти зиёди Тоҷикистон барои манофеи миллии Иёлоти Муттаҳида аз ин кор худдорӣ меварзад.