Ваколатдор ё Омбудсмени ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон гуфт, муроҷиати ҷомеаи шаҳрвандиро барои сахттар кардани ҷазо нисбат ба гунаҳкорони озори ҷинсии ноболиғон гирифтааст, аммо мавқеашро дертар эълон хоҳад кард. Айни замон баъзе аз вакилони порлумон бадрафторӣ бо ноболиғонро "дарди ҷомеа" номиданд.
Як гурӯҳ аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон рӯзи 8-уми январ аз раисҷумҳур ва раҳбарони ду палатаи порлумон талаб карданд, ки ҷазоро барои бадахлоқӣ нисбат ба ноболиғон сахттар кунанд. Дар зери муроҷиатнома 54 созмону шахсони алоҳида имзо гузоштаанд.
Муаллифони нома гуфтаанд, қонунҳои Тоҷикистон барои ба ҷавобгарӣ кашидан ва муҷозоти гунаҳкорон комил нест ва бояд таҳриру ислоҳ шавад. Онҳо ҳадаф аз ин иқдомро "эмин доштани ноболиғон аз зӯроварӣ" дониста, ҳамзамон аз "сукут"-и ҷомеа нигаронӣ кардаанд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бубинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Наргис Қосимова, раиси Анҷумани бонувони журналисти Тоҷикистон ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар зери муроҷиатнома имзо гузоштааст. Ӯ рӯзи 11-уми январ гуфт, ҳадаф аз пешниҳод бетараф набудани аъзои оила ва ҷомеа ба мушкил аст.
"Бовар дорам, муроҷиати ҷомеаи шаҳрвандӣ шунида мешавад. Ба назарам, бояд тасмиме гирифта шавад ва фарзандони мо донанд, ки аз зӯроварӣ дар амон ҳастанд", -- афзуд ӯ.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ҷомеаи шаҳрвандӣ барои гунаҳкорони таҷовуз ба номуси ноболиғон дар Тоҷикистон ҷазои сахттар талаб кардТалаби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ баъд аз он садо дод, ки моҳи декабри соли 2020 Додгоҳи шаҳри Ҳисор як ҷавони гумонбар ба таҷовузи духтари дувоздаҳсоларо бар асоси қонуни афв аз толори суд озод кард. Дар ҳоле ки наздикони ҷавон ҳукмро дуруст номиданд, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ рафтори додрасро маҳкум карданд. Масъулони додгоҳ бо далели “махфӣ" будани қазия тафсилот надоданд.
Хонаводаи духтар, ки ҳашт моҳ пеш тифл ба дунё овард, бо ёрии вакилони мудофеъ барои бозбинии ҳукм ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят кардаанд.
Дар номаи фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба президенту раҳбарони ду палатаи порлумон аз таҷовуз ба номуси як духтари сесола низ ёдоварӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Шӯрои Маҷлиси Намояндагон рӯзи 11-уми январ тарҳи тағйирот ба қонуни оиларо баррасӣ кард, ки дар он ба гунаҳкорони бадрафторӣ бо шахсони то 16-сола ҷазои сахттар пешбинӣ шудааст. Бино бар ин тарҳ, гунаҳкорони чунин қазия дар баробари маҳкум шудан ба зиндон аз ҳаққи падариву модарӣ низ маҳрум хоҳанд гашт. Ин тарҳ ҳанӯз қабул нашудааст.
Вакили порлумон Саидҷаъфар Усмонзода гуфт, "фикр мекунам, ин дарди ҷомеа аст. Ин масъала дар порлумон чанд дафъа баррасӣ шуд. Соли 2015, 2017, 2019 ва имсол ҳам ин мавзуъ дар ҷаласаҳои порлумонӣ ва шӯроҳои пӯшида баррасӣ гардид."
Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳоле талаби таҳриру ислоҳи қонунҳои Тоҷикистонро доранд, ки ҳуқуқшиносон сахттар кардани ҷазо ва тағйирот дар қонунро зарур намешуморанд.
Шокирҷон Ҳакимов, доктори илми ҳуқуқ, мегӯяд, қонунҳои Тоҷикистон мутобиқ ба замони муосир навишта шудаанд, аммо муҳим ин аст, ки иҷрои онҳо аз рӯйи виҷдон ва бо риояи одоби касбӣ сурат гирад. “Агар мақомоти гуногуни давлат, ки ваколат ва салоҳият доранд, ба чунин эътирозу муроҷиати ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои алоҳида таваҷҷуҳ кунанд, онҳоро ба ҳамкорӣ даъват намоянд, воқеан давлатдорӣ мукаммал ва падидаву зуҳуроти номатлубро ислоҳ кардан мумкин аст”, -- илова кард ӯ.
Моҳҳои охир чанд ҳодисаи таҷовуз ба номус ва бадахлоқӣ нисбат ба хурдсолон дар Тоҷикистон расонаӣ шуд. Баъзе аз ҷомеашиносон ва ҳуқуқшиносон гуфтанд, ҳанӯз ҳеч таҳқиқоти ҷиддӣ сурат нагирифтааст, ки заминаҳои афзоиши ин мавридҳоро дақиқ кунад.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон тобистони соли гузашта гуфт, дар шаш моҳи аввали соли 2020-ум 16 ҷинояти таҷовуз ба номусро сабт кардаанд. Масъулони Бунёди "Ташаббуси ҳуқуқӣ" дар Тоҷикистон мегӯянд, дар соли 2020 танҳо ба созмони онҳо 12 парвандаи ҷиноятии марбут ба таҷовуз ва дигар ҳаракатҳои бадахлоқона нисбат ба ноболиғон дастрас шудааст. Маълум нест, чӣ қадари дигар аз хонаводаҳо барои ҳифзи эътибор аз ифшои чунин ҳолатҳо худдорӣ кардаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Ҷомеаи шаҳрвандӣ барои гунаҳкорони таҷовуз ба номуси ноболиғон дар Тоҷикистон ҷазои сахттар талаб кард"Муҳри махфӣ". Дар Додгоҳи Ҳисор ҳукм ва афви ҷавони муттаҳам ба таҷовузро шарҳ надоданд. ВИДЕОМодари тоҷик озори ҷинсии писарашро ошкор кард. Шавҳар ӯро талоқ дод. ВИДЕОГумонбари таҷовуз ба номуси духтари 12-соларо дар Ҳисор афв кардаанд. САДО, ВИДЕОЯк мардро барои бадрафторӣ дар Душанбе 17 сол зиндонӣ кардаандДодгоҳи Душанбе як мардро бо гуноҳи дастдарозӣ ба номуси ду ноболиғ ба ҳабси абад маҳкум кардДар робита ба таҷовузи духтари чаҳорсола дар Турсунзода ду нафар дастгир шуд. ВИДЕОДодгоҳе дар Душанбе шахси муттаҳам ба таҷовузи ноболиғро 3 сол зиндонӣ кардДодситонӣ иддаои таҷовуз шудани духтари чаҳорсоларо таҳқиқ мекунад. ВИДЕО