Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ иддаои таҷовуз шудани духтари чаҳорсоларо таҳқиқ мекунад. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як сокини шаҳри Турсунзода даъво дорад, ки яке аз наздикони шавҳари собиқаш ба номуси духтари чаҳорсолаи ӯ таҷовуз кардааст ва аз додситонӣ мехоҳад, қазияро ҷиддӣ таҳқиқ намояд.

Намояндагони додситонӣ гуфтанд, дар ин замина парванда кушодаанд, вале тарафи дигари баҳс ин иддаоро рад мекунад ва онро "талоши интиқомгирии арӯси пешини хонавода" медонад.

Ба ҳисоби созмони "Ташаббуси ҳуқуқӣ" дар як моҳи ахир ин қазияи панҷум аст, ки кӯдакон қурбонии амалҳои шаҳвонӣ ё таҷовузи ҷинсӣ шудаанд.

Номи модару духтар ва ҷонибҳои дигари қазия барои Радиои Озодӣ маълум аст, аммо ба далели ахлоқӣ ошкор намешавад.

М.М.-и 25-сола мегӯяд, ҳодиса бо духтари чаҳорсолааш аввали моҳи август иттифоқ афтодааст ва дар ин кор бародари шавҳари собиқашро гумонбар медонад. Ин даъво то ҳол расман тасдиқ ё такзиб нашудааст ва дар робита ба ҳодиса касеро боздошт накардаанд.

Модари кӯдаки чаҳорсола рӯзи 20-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, се сол пеш бо ду кӯдак аз шавҳар ҷудо шуд, вале "хонаводаи шавҳарам алимент медоданд ва ҳақ доштанд, кӯдаконро бубинанд. Аммаву амакаш рӯзи Иди Қурбон гуфтанд, ба тамошо мебаранд ва ман ҳам розӣ шудам. Як рӯз пас хусури собиқам занг заду гуфт, ки духтарам бемор аст. Рафта дидам, ки бемадор хобидааст ва беист хун меравад. Пизишкон гуфтанд, ба номуси духтарам дастдарозӣ шудааст ва ӯро чаҳор соат чарроҳӣ карданд."

Ба иттилои ин зан, ташхиси тиббиву додгоҳӣ таҷовуз шудани духтари чаҳорсоларо тасдиқ кардааст.

Аммо тарафи дигари баҳс дастдарозии як намояндаи хонаводаро ба номуси бародарзодааш "туҳмат" номиданд. О.Ҳ., аммаи духтари чаҳорсола, ки ҳоло барои мусоидат ба бадрафторӣ гумонбар аст, дар суҳбати телефонӣ гуфт, "зери шиканҷа" гуноҳро ба гардан гирифт, аммо чӣ гуна ва дар куҷо шиканҷа шуданашро нагуфт.

Вай даъво дорад, ки "хонаводаи келини собиқ хусумат дорад" ва дар ҳаққи онҳо бадгӯӣ мекунанд. Дар посух ба суоли он ки чӣ гуна кӯдак дар хонаи онҳо "хунрав" шудааст, гуфт: "Вай аз аввал ҳамин хел касал дошт, гурдаҳояш бемор буд ва баъзе вақтҳо чунин мешуд."

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Модари кӯдаки чаҳорсола мегӯяд, ҳодиса бояд одилона баррасӣ шавад ва шахси гунаҳкор ҷазо гирад. Ӯ ба ин далел ба Додситонии шаҳри Турсунзода муроҷиат кардааст.

Дар Додситонии шаҳри Турсунзода ба Радиои Озодӣ шикояти модарро тасдиқ карда, гуфтанд, "алакай парванда оғоз шуд ва барои баррасӣ ба Шуъбаи корҳои дохилӣ фиристода шуд."

Барои расондани ёрии ҳуқуқӣ ба модар ва духтари чаҳорсолаи ӯ ду созмони ҷамъиятӣ изҳори омодагӣ кардаанд. Масъулони созмони "Ташаббуси ҳуқуқӣ" ва "Корвони умед" гуфтанд, модарро бо вакили мудофеъ таъмин карданд ва ба зудӣ ёриҳои дигари ҳуқуқиву равонӣ ва иҷтимоӣ мерасонанд. Қарор аст, вакили дифои зан рӯзи шанбе, рӯзи қабули мансабдорон, шикояти худро ба Додситонии кулли Тоҷикистон асонад.

Дар Тоҷикистон таҷовуз ба номус, бахусус бо ноболиғон ҷинояти сангин ба шумор меравад ва барои ин кор аз 2 то 20 соли зиндон ва ё ҳукми абад пешбинӣ шудааст.

Мавридҳои таҷовуз ба номуси духтарони ноболиғ дар Тоҷикистон кам ошкор мешавад, зеро ба гуфтаи ҷомеашиносон, қурбониёну наздикони онҳо метарсанд, ки дар ниҳоят на марди озордиҳанда, балки худи қурбонии ҷинояти сангини ахлоқӣ мавриди сарзаниши ҷомеа қарор мегиранд.

Моҳҳои ахир чанд ҳодисаи таҷовуз ба номуси хурдсолон дар Тоҷикистон расонаӣ шуд. Дар оғози моҳи август Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки Юсуф Зиёев, сокини Душанберо бо гуноҳи таҷовуз ба номуси як тифли сесола ба ҳабси абад маҳкум кардаанд. Вазири умури дохилии Тоҷикистон дар охири моҳи июл гуфт, дар шаш моҳи аввали имсол 16 ҷинояти таҷовуз ба номусро сабт кардаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG