Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбари таҷовуз ба номуси духтари 12-соларо дар Ҳисор афв кардаанд. САДО, ВИДЕО


Модари 13-сола аз ҷараёни тафтишот норозист

Додгоҳи Ҳисор як сокини 42-солаи ин шаҳрро, ки ба таҷовуз ба номуси духтаре ноболиғ гумонбар буд, аввал ба панҷ соли зиндон маҳкум карда, сипас, бар асоси қонуни афв озод намудааст.

Бори охир қонуни афв моҳи октябри соли 2019 қабул шуда буд. Намояндагони додгоҳ дар шарҳи тасмими худ гуфтаанд, азбаски ҳодиса моҳи августи соли гузашта иттифоқ уфтода, санади афв моҳи октябр қабул шуд, қонун метавонад нисбат ба гумонбар татбиқ шавад.

Ҳукм рӯзи 9-уми декабр содир шудааст.

Гулчеҳра Раҳмонова, мудири Бунёди "Ташаббуси ҳуқуқӣ", ки созмонаш аз хонаводаи духтар ҳимоят мекунад, рӯзи 18-уми декабр гуфт, бо ҳукм розӣ нестанд ва барои бозбинии он ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят карданд. "Ҷараёни тафтишу мурофиа хеле камбуд дошт ва мо мунтазири он ҳастем, ки зинаи болоии додгоҳ чӣ ҷавоб медиҳад", -- афзуд ӯ.

Ба қавли вакили мудофеъ, додрас парвандаро дар як рӯз баррасӣ кардаву хулосаашро эълон намудааст. Масъулони Додгоҳи шаҳри Ҳисор дар бораи эълони ҳукм расман хабар надоданд.

Ҳукми гумонбари таҷовуз ба номус эълон шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:19 0:00
Линки мустақим

Ҳукм дар ҳоле содир шудааст, ки қаблан хонаводаи духтар аз ҷараёни тафтишот норозӣ буданд. Онҳо дар охири моҳи ноябри имсол ба Радиои Озодӣ гуфтанд, парвандаи марди гумонбар аз "таҷовуз ба номуси ноболиғ" ба "робитаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳанӯз ба 16 нарасидааст" иваз шудааст ва он ҷазои сабуктар дорад. Ҷониби гумонбар нахостанд, дар ин бора суҳбат кунанд.

Духтар мегӯяд, тобистони соли 2019 яке аз хешовандон ба номусаш дастдарозӣ кард ва ӯро дар айёми наврасӣ ба мушкил гирифтор кард. Хонаводааш мегӯянд, замоне аз ҳодиса хабар ёфтанд, ки алакай тифли батни ӯ ҳаштмоҳа шуда буд.

Модари духтар мегӯяд, марде, ки ба фарзандаш чунин рафтор кард, писари хоҳараш Ҳ.А.-и 42-сола аст ва ӯ зану ду фарзанд дорад.

Ноболиғи таҷовузшуда адолат мехоҳад
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00

Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) соли гузашта дар гузориши "Хушунат дар ҳар сари қадам" гуфт, зӯроварӣ ба зан дар хонавода мушкили ҷиддӣ мемонад, "аммо ҳукумати Тоҷикистон барои рафъи он ба қадри кофӣ талош намекунад". Аммо Сабоҳат Маҳмадалиева, як масъули робита бо ҷомеаи Кумитаи кор бо занон, гуфт, "таҳлилҳои мо нишон медиҳад, хушунату зӯроварӣ дар оилаҳо нисбат ба солҳои гузашта кам шудааст."

Ба иттилои созмонҳои мудофеи ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон, ҳар рӯз ҳадди ақал ду шикоят аз хушунати хонаводагӣ ба дасти онҳо мерасад. Аммо на ҳамеша заноне, ки мавриди хушунату бадрафторӣ қарор мегиранд, ба ниҳодҳои давлатӣ ва ё созмонҳои иҷтимоӣ муроҷиат мекунанд.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, дар шаш моҳи аввали имсол 16 ҷинояти таҷовуз ба номусро сабт кардаанд. Маълум нест, чӣ қадар аз хонаводаҳо барои ҳифзи эътибор аз ифшои чунин ҳолатҳо худдорӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG