Як гурӯҳ аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбарони ду палатаи порлумон талаб кардаанд, ки ҷазоро барои бадахлоқӣ нисбат ба ноболиғон сахттар кунанд. Вокуниши ҳукумат ва ду палатаи порлумон маълум нест. Дар гузашта кам иттифоқ уфтодааст, ки мақомот ба номаҳои дастҷамъии ҷомеаи шаҳрвандӣ посухи рӯшан дода ва ё онҳоро расман баррасӣ кунанд.
Матни муроҷиати ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон рӯзи 6-уми январ ба дасти Радиои Озодӣ расид. Дар зери он 54 созмону шахсони алоҳида имзо гузоштаанд.
Талаби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ баъди он садо медиҳад, ки моҳи декабри соли гузашта Додгоҳи шаҳри Ҳисор ҷавони гумонбар ба таҷовузи духтари дувоздаҳсоларо бар асоси қонуни афв аз толори суд озод кард. Чунин рафтори додрас вокунишҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард, аммо намояндагони додгоҳ қазияро ба сабаби "муҳри махфӣ" доштанаш ба расонаҳо шарҳ надоданд.
Муаллифони нома гуфтаанд, қонунҳои Тоҷикистон барои ба ҷавобгарӣ кашидан ва муҷозоти гунаҳкорон пурра нест ва бояд таҳриру ислоҳ шавад:
"Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мекунем, барои мукаммал гардонидани қонунгузорӣ ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар ҷодаи пешбинӣ намудани ҷазои сахттар барои ҷинояти хусусияти шаҳвонидошта нисбат ба кӯдакон, хусусан духтарон ва инчунин оид ба ҳифз ва пешгирии зӯроварии шаҳвонӣ нисбати кӯдакон, бахусус духтарон чораҳои зарурӣ андешида шавад."
Онҳо афзудаанд, ҳадаф аз ин иқдом "аз зӯроварӣ эмин доштани ноболиғон аст" ва айни замон аз "сукут"-и ҷомеа низ нигаронӣ кардаанд. Бино ба навиштаашон, "чунин ҳолатҳо бо мақсади роҳ надодан ба "шарманда" шудан ё аз ҷамъият берун мондани қурбониёни зӯроварӣ ё суистифодаи шаҳвонӣ сурат мегирад, вале яке аз проблемаҳои ҷиддӣ дар ҷодаи ҳифзи ҳуқуқи ноболиғони ба зӯроварии шаҳвонӣ гирифторшуда мебошад."
Дар нома гуфта шудааст, омори дақиқи зӯроварии шаҳвонӣ нисбат ба кӯдакон дар Тоҷикистон маълум нест. Вале дар нома ба президенту раҳбарони ду палатаи порлумон аз таҷовуз ба номуси як духтари сесола ёдоварӣ кардаанд, ки ба гуфтаи онҳо пас аз ҷарроҳӣ тақрибан як моҳ дар шуъбаи эҳё хобида буд.
“Дар ҳолати дигар духтари 12-сола чанд дафъа ба зӯроварии шаҳвонӣ аз ҷониби хеши худ дучор гардида, оқибат фарзанд таваллуд кард. Ҷазои нисбат ба шахси зӯровар дар доираи парвандаи мазкур таъингардида беғаразии мақомоти судиро... зери шубҳа мегузорад", -- таъкид кардаанд онҳо.
Ишораи охир ба ҳукми Додгоҳи шаҳри Ҳисор аст, ки рӯзи 9-уми декабри соли 2020 як ҷавони гумонбар ба таҷовуз ба номуси духтари ноболиғро аввал ба панҷ соли зиндон маҳкум карда, сипас бар асоси қонуни афв озод кард.
Баъзе аз шаҳрнависон дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунин рафтори додрасро танқид карда, "беаҳамиятӣ нисбат ба озору азияти ноболиғон" номиданд. Пайвандони ҷавони афвшуда дар суҳбати бидуни микрофон бо Радиои Озодӣ ҳукми додгоҳро одилона ва иттиҳоми таҷовуз ба номусро туҳмат номиданд.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ барои фаҳмидани далели додрас ва огоҳӣ аз ҷузъиёти парванда рӯзи 22-юми декабр ба Додгоҳи шаҳри Ҳисор низ рафтанд, вале дар онҷо гуфтанд, парванда "муҳри махфӣ" дорад ва, бино бар ин, наметавонанд ҷузъиётро ошкор кунанд.
Хонаводаи духтар, ки ҳашт моҳ пеш тифл ба дунё овард, аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва бо ёрии вакилони мудофеъ ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят кардаанд.
Моҳҳои ахир чанд ҳодисаи таҷовуз ба номус ва бадахлоқӣ нисбат ба хурдсолон дар Тоҷикистон расонаӣ шуд. Баъзе аз ҷомеашиносон ва ҳуқуқшиносон гуфтанд, ҳанӯз ҳеч таҳқиқоти ҷиддӣ сурат нагирифтааст, ки заминаҳои афзоиши ин мавридҳоро дақиқ кунад.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон тобистони соли гузашта гуфт, дар шаш моҳи аввали соли 2020-ум 16 ҷинояти таҷовуз ба номусро сабт кардаанд. Масъулони Бунёди "Ташаббуси ҳуқуқӣ" дар Тоҷикистон мегӯянд, дар соли 2020 танҳо ба созмони онҳо 12 парвандаи ҷиноятии марбут ба таҷовуз ва дигар ҳаракатҳои бадахлоқона нисбат ба ноболиғон дастрас шудааст. Маълум нест, чӣ қадари дигар аз хонаводаҳо барои ҳифзи эътибор аз ифшои чунин ҳолатҳо худдорӣ кардаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Муҳри махфӣ". Дар Додгоҳи Ҳисор ҳукм ва афви ҷавони муттаҳам ба таҷовузро шарҳ надоданд. ВИДЕОМодари тоҷик озори ҷинсии писарашро ошкор кард. Шавҳар ӯро талоқ дод. ВИДЕОГумонбари таҷовуз ба номуси духтари 12-соларо дар Ҳисор афв кардаанд. САДО, ВИДЕОДодситонӣ иддаои таҷовуз шудани духтари чаҳорсоларо таҳқиқ мекунад. ВИДЕОБаҳси таҷовуз ба номус. Падар боздошт шуд, духтар қасди худкушӣ кардОзори ҷинсӣ. Ҷинояти сангин, авбошӣ ё масъалаи ахлоқ? ВИДЕО"Таҷовуз мекунанд, бо хишт мезананд, аз обу ғизо маҳрум мекунанд" ВИДЕО