Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Таҷовуз мекунанд, бо хишт мезананд, аз обу ғизо маҳрум мекунанд" ВИДЕО


Акс аз як гузориши видеоии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи шиканҷаи занон
Акс аз як гузориши видеоии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи шиканҷаи занон

"Таҷовуз мекунанд, бо хишт мезананд, аз обу ғизо маҳрум мекунанд ва ё ҳатто бо дарзмол ба рӯи онҳо мезананд.” Намунаҳое аз зӯроварӣ ба занони тоҷикро Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) дар гузориши калоне овардааст, ки рӯзи 19-уми сентябр нашр шуд.

Дар гузориши беш аз 30-саҳифаӣ, ки "Хушунат дар ҳар сари қадам" унвон дорад, муаллифонаш мегӯянд, зӯроварӣ ба зан дар хонавода мушкили ҷиддӣ мемонад, "вале ҳукумати Тоҷикистон барои рафъи он ба қадри кофӣ талош намекунад".

Як намояндаи ҳайати расмии Тоҷикистон, ки дар машварати солонаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Варшава ширкат дорад, рӯзи 19-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, бо бисёре аз бандҳои гузориш розӣ нест ва "мубориза бо зӯроварӣ бо зан, аз солҳои аввали истиқлол як масъалаи афзалиятнок барои ҳукумат будааст". Ӯ нахост, номаш бурда шавад.

"Хушунат ҳамчунон масъалаи ҷиддӣ мемонад"

Стив Свердлов
Стив Свердлов

Стив Свердлов, яке аз муаллифони гузориш, ки чанд дафъа барои таҳияи он ба Тоҷикистон ҳам рафтааст, рӯзи 19-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, таҳияи гузориш талоше буд барои маълум кардани миқёси воқеии мушкилот дар Тоҷикистон баъд аз қабули Қонун дар бораи пешгирӣ аз зӯроварӣ дар оила. Ӯ афзуд, Дидбони Ҳуқуқи Башар дар воқеъ эътироф мекунад, ки Тоҷикистон бо қабули ин қонун дар заминаи мубориза бо хушунат дар хонавода пешрафтҳо кардааст. Аз ҷумла, барномаҳои таълимии зиёде қабул шудаанд, бо ёрии созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо марказҳои махсус барои кумак ба занон дар манотиқи гуногун аз Хоруғ то ба Ғарм таъсис додаанд.

Свердлов афзуд: "Мебинем, ки ҳукумат барои ҳалли мушкилӣ кор мекунад, вале ончӣ ки гузориш маълум кард, ин аст, ки хушунат ҳамчунон масъалаи ҷиддӣ мемонад. Ба гуфтаи мутахассисон, аз ҳар 5 зан яке аз онҳо шоҳиди хушунати хонаводагӣ шудааст. Ҳарчанд ҳукумат мекӯшад, ки ҷомеа аз мушкилот огаҳ бошад, вале барои зӯроварӣ ба зан бисёр кам ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Онҳое, ки ба занон ба такрор зӯроварӣ мекунанд, беҷазо мемонанд ва ба зиндон намераванд. Хушунат набояд беҷазо монад."

Стив Свердлов ҳодисаи пурсарусадои латту кӯби Малика Соҳибназарова, духтари 23-солаеро ёдовар шуд, ки ӯро рӯзи якуми март дӯстписараш Хуршед Азизов бераҳмона ва дар назди дӯстонаш зад. "Барои ин ҷиноят ҷавонро ба 8 моҳи зиндон маҳкум карданд, вале бисёре аз мардон барои чунин кор ба зиндон маҳкум намешаванд," – гуфт ӯ.

Нақли занҳои хушунатдида дар ин ҷост:

Хушунат ва шиканҷаи занони тоҷик дар хона
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:21 0:00

Хушунати хонаводагӣ ҷиноят нест?

Ба қавли Свердлов, як мушкили дигар он аст, ки дар Тоҷикистон хушунати хонаводагиро ҳамчун ҷинояти хос ҳисоб намекунанд ва гунаҳкорон барои зарбу лат, ҳамла ва озори равонӣ ҷазо медиҳанд. Ба қавли ӯ: "Хушунати хонаводагӣ бояд ҷиноят шумурда шавад ва махсус барои ин ҷиноят ҷазо бидиҳанд" ва аз ҷумла барои таҷовузи ҷинсии ҳамсар, ки дар хонаводаҳо вуҷуд дорад.

Дар гузориш достони Зебо ном занеро овардаанд, ки баъди 4 соли ҷабру зулми шавҳар рӯзе ба идораи милиса рафта шикоят мекунад ва ин ҷавобро мегирад, ки “Магар худат гунаҳкор нестӣ?” Зебо дар ниҳоят аз тарси шавҳар ва амон ёфтан аз зулми ӯ бо тифли хурдсолаш дар яке аз марказҳои кумак ба занони осебдида аз хушунати хонаводагӣ дар Душанбе сарпаноҳ меёбад. Стив Свердлов ба Радиои Озодӣ гуфт, дар Тоҷикистони 9-миллионнафарӣ, ки дар ҳар қадам зӯроварӣ ба занро мебинед, фақат чаҳор маркази офиятрасонӣ ба занони ҷабрдида аз хушунати хонаводагӣ вуҷуд дорад, ки бисёр кам аст.

"Агар зане ҷабру зулм бинад ва аз хушунати хонаводагӣ пайваста азият кашад, ҷое барои рафтан надорад. Мо аз ҷомеаи байналмилалӣ ва ҳукумати Тоҷикистон мехоҳем, паноҳгоҳҳои бештар боз кунанд", -- афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Стив Свердлов, дар Тоҷикистон омори дақиқ дар бораи теъдоди заноне, ки аз зӯроварӣ ҷабр мекашанд ва ё кашидаанд, маълум нест, вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, бадрафторӣ бо зан ва задани ӯ як чизи оддӣ аст, вале занон онро таҳаммул мекунанд.

Видеои гуфтугӯ бо Стив Свердлов:

"Хушунат дар ҳар сари қадам" Гуфтугӯ бо Стив Свердлов
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:00 0:00

Посухи намояндаи мақомот

Як намояндаи ҳайати расмии Тоҷикистон дар машварати солонаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Варшава гуфт, "яке аз масъалаҳое, ки дар гузориш ғалат оварда шудааст, ин аст: гӯё дар Тоҷикистон вақте мард ба ҳамсари худ таҷовузи ҷинсӣ мекунад, ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ нашудааст. Бояд қайд намуд, ки тибқи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои таҷовуз ба номус нисбат ба хешовандони наздик ҳолати вазникунанда дониста мешавад. Ва барои содир намудани ин ҷиноят низ ҷавобгарии бевосита пешбинӣ шудааст. Вақте мутахассисони Дидбони Ҳуқуқи Башар инро, ки дар қонунгузории Тоҷикистон аз соли 2008 ҷорӣ аст, нодида мегиранд, боис ба таассуф аст".

Дар ҳамин ҳол, таҳқиқе, ки бо мусоидати Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ се сол пеш анҷом шудааст, нишон додааст, ки 97 дар сади мардон ва 72 дар сади занон ба ин назаранд, ки барои ҳифзи оила занҳо бояд ҳаргуна ҷабр ба ҷонашонро таҳаммул кунанд.

"Зане гуфт, 14 сол аз дасти шавҳар азоб кашидааст"

Стив Свердлов ба Радиои Озодӣ гуфт, достони занеро шунидааст, ки аз фаҳмидани он хун дар раги инсон ях мебандад. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ман бо зане мулоқот кардам, ки шавҳараш ӯро барои чанд соат аз дастонаш овехтааст, ман бо онҳое вохӯрдам, ки таҷовуз шудаанд. Занеро дидам, ки гуфт, ки 14 сол аз дасти шавҳар азоб кашидааст ва боре ҳам ӯро дар гараж андохта, оби ифлосро ба сараш рехтаву сарашро тарошидааст.”

Ҳукумати Тоҷикистон эътироф кардааст, ки бо вуҷуди расидагӣ ба ин мушкилот ва чораҳои андешидашуда, зӯроварӣ дар оила ҳамчунон вуҷуд дорад. Дар Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 омадааст, “ҳанӯз ҳам дар ҳаёти ҳаррӯзаи оилаҳо мушкилиҳое ҷой доранд, ки онҳо ҳалли худро тақозо менамоянд. Яке аз онҳо ин то ҳанӯз ҷой доштани хурофот оид ба ҳуқуқи занон дар ҷомеа, инчунин зӯроварӣ нисбат ба занон, фарзандони онҳо ва пиронсолон дар оила мебошад, ки ҳаёти аъзои оиларо душвор намуда, ба пошхӯрии он ва содиршавии кирдорҳои номатлуби дигар оварда мерасонад.”

Айни замон, ба гуфтаи мақомот, тадбирҳо дар ин самт зиёд андешида шудаанд ва мешаванд.

То кунун даҳҳо мард барои латту кӯб ва озори зан ҷазо гирифта, ба зиндон андохта шудаанд ва даҳҳо нафари дигар ҳам барои онки бо рафтори худ ва азоби равонӣ сабаби худкушии духтарону занон шудаанд, паси панҷара рафтаанд. Мақомоти расмӣ ҳамчунин Нақшаи миллии тадбирҳо барои иҷрои тавсияҳои Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2019-2022-ро мисол меоранд, ки аввали имсол тасдиқ шудааст.

Кумитаи махсуси ин созмон борҳо аз давлати Тоҷикистон ҳам хостааст, ки зӯроварӣ ба занонро аз байн барад ва нақши онҳоро дар ҷомеа баланд бардорад.

Муқоваи гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар дар бораи шиканҷаи занони тоҷик дар хона
Муқоваи гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар дар бораи шиканҷаи занони тоҷик дар хона

Як намояндаи ҳайати расмии Тоҷикистон дар нишасти ҳуқуқи башари Варшава гуфт, "хушунат, ё зӯроварӣ чандин навъи зоҳиршавӣ дорад, дар шакли ҷисмонӣ, маънавӣ ва иқтисодӣ. Дуруст аст, ки дар қонунгузории Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ на ба ҳама шаклҳои зӯроварӣ пешбинӣ шудааст. Новобаста аз ин, соли 2016, вақте Тоҷикистон гузориши навбатии худро дар Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милали Муттаҳид дифоъ мекард, дар онҷо аз ҷониби як қатор кишварҳои ҷаҳон тавсия шуд, ки дар Кодекси ҷиноӣ як моддаи алоҳида вобаста ба зӯроварӣ дар оила пешбинӣ карда шавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ ин тавсияро қобили қабул шуморид. Айни замон гурӯҳи кории махсусе ҷой дорад, ки ин масъаларо омӯхта истодааст."

Стив Свердлов ҳам ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи Дидбони Ҳуқуқи Башар аз таҳияи гузориш кумак ба ҳукумати Тоҷикистон дар решакан кардани ин зуҳурот аст ва онҳо ният доранд, гузоришро дар моҳи оянда муаррифӣ кунанд ва мунтазири посухи мақомоти Тоҷикистон дар ин замина ҳастанд.

“Мо бисёр умед дорем, ки ба ман ва баъзе аз ҳамкоронам иҷоза медиҳад, ба зудӣ моҳи октябр ба Душанбе биравем ва гузоришу тавсияҳои онро муаррифӣ кунем. Чун дар тамоми гузоришҳои дигар тавсияҳои мо бар асоси таҷрибаи байналмилалӣ ва Конститутсияи Тоҷикистон аст, ки ба ниҳодҳои зиддахл пешниҳод мешавад”, -- гуфт ӯ.

XS
SM
MD
LG